Ман ба чунин манзара ду маротиба рӯ ба рӯ шудам, яке дар ноҳияи Попи вилояти Намангону дигараш дар наздикии яке аз мавзеъҳои ноҳияи Қизилтепаи вилояти Навоӣ. Дар ду ҳолат низ ба назари ман «зоғҳои ало» бо ҳаракати ғайритабиии худ дар осмону фалак гӯё «мерақсиданд».
Бо диққат нигоҳ кардам – он зоғу аккаҳое набуд, ки вақти бачагии мо «қағ-қағ»-ашро шунида модаркалонамон чиҳое мегуфтанду ҳай мекарданд. Он селофанпакетҳои ҳаррангае буд, ки ҳоло мо ба ҷойи зарфи партов истифода мебарем.
Имрӯз мо — пиру ҷавон оиди ифлосшавии гирду атроф, бадшавии ҳолати экологӣ ҳарф мезанем, яъне каме бошад ҳам тасаввур дорем, ки он селофанпакету зарфҳои пластикиву алюминӣ, ки мо ба ҳар ҷойи ростомада мепартоем, замину оби нӯшокиро ба чӣ ҳолат оварда мерасонад. Пӯшида нест, ки ба гармии аномалии ҳаво, ки дар натиҷаи он яхкӯҳҳо об мешаванду дар ин ё он нуқтаи замин обхезиҳо рӯй медиҳанд ё ки бадшавии ҳолати хок, ки олами набототу ҳайвонотро азият медиҳанд, дар навбати аввал худи мо – одамон низ айбдор ҳастем.
30-40 сол пеш аз ин барои қадоқкунии маҳсулот коғазу картон истифода мешуд, ки барои пӯсидани он аз як моҳ то 5 сол кифоя буд. Ҳоло азбаски гардиши мол дар бозори ҷаҳон бо суръати баланд меафзояд, азнав барқарор кардани он намуди қадоқкуниҳо имконнопазир аст.
Бо ин муносибат мо ба узви Кумитаи масъалаҳои ҳифзи гирду атроф ва экология, депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Ислом Хушвақтов бо саволи вазъи имрӯзаи экологӣ ва дар мамлакатамон ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти экологӣ, ба хусус, азнавкоркарди партови маишии сахт чӣ гуна чорабиниҳо андешида мешаванд, муроҷиат намудем.
— Аз даме, ки одамон хостанд ба тарзи зиндагонии худ навовариҳо ҷорӣ намоянд, ба табиату гирди атроф зарар мерасонанд, ки аз байни онҳо зарари партовҳои маишии сахт бештар аст. Ба таъкиди мутахассисон мушкилоти партов хеле ҷиддӣ аст, масалан, аккумулятори партофташуда 20 метри мураббаъ хок ва 400 литр обро ифлос мекунад. Олимон натиҷа гирифтаанд, ки ҳоло наздик ба ҳазор намуди партов мавҷуд буда, дар натиҷаи рушди иқтисоду навъи истеҳсолот ва ё ҷараёни урбанизатсия мумкин аст, ин нишондод боз ҳам зиёдтар гардад. Аз ин сабаб масъалаи партов ба яке аз мушкилоти долузарби экологӣ табдил меёбад. Масалан, барои ба хок табдил ёфтани зарфҳои шишагин ҳазор сол, пластикӣ 400-450 сол, зарфи консервҳои алюминӣ аз 80 то 200 сол, матои нейлон 30-40 сол лозим будааст, ки ҳамаи ин сабаби бадшавии таркиби хок, пеш аз ҳама саломатии инсон мегардад.
Дар мамлакати мо низ мисли дигар мамлакатҳои ҷаҳон масъалаи ба амал татбиқ намудани корҳое, ки ба партовҳо вобаста аст, долузарб мебошад. Бо суръати баланд афзоиш ёфтани аҳолӣ, урбанизатсия ва омилҳои дигар сабаби асосии зиёдшавии партови маишӣ мебошад ва он бо Сарқонун ва Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи ҳифзи табиат», «Дар бораи партов» ба тартиб дароварда мешавад. Дар консепсияи ҳифзи гирду атрофи Ӯзбекистон дар давраи то соли 2030 ва стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» низ вазифаҳои то ба 100 фоиз расондани хидматрасонии аҳолӣ доир ба ҷамъоварӣ ва баровардани партови маишӣ, таъмин намудани азнавкоркарди 60 фоизи партови маишии сахти ҷамъоваришуда, аз рӯйи талаботи муқарраршуда ба тартиб овардани ҳолати полигонҳо, пурра рекултиватсия кардани замини полигонҳои пӯшидашуда пешбинӣ шудааст.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар таҳрири нав ӯҳдадории ҳукумат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон нисбат ба муносибати эҳтиёткоронаи онҳо ба муҳити табиӣ ва ҳангоми истифодаи молу мулк зарар нарасонидани соҳиби моликият ба гирду атроф вобаста аст, пурзӯр гардонда шудааст.
Дар миқёси ҷумҳурӣ дар шаҳрҳои Андиҷон, Бухоро, Гулистон, Ҷиззах, Навоӣ, Нуқус, Тирмиз, Урганч ва Қаршӣ кластерҳо ташкил дода, он бо воситаҳои технологияи Чин муҷаҳҳаз гардонда шуд, ки бо ҷамъоварӣ, утилизатсия, азнавкоркард ва гӯр кардани партовҳо шуғл меварзад.
Боз як масъалаи дигар, чорабиниҳои зарурии пешгирии партовгоҳҳои ноқонунӣ, ки аксари онҳо аз тарафи субъектҳои соҳибкорӣ ба вуҷуд меоянд, бояд андешида шавад.
– Бобати рушди соҳаи азнавкоркарди партов дар мамлакатамон боз чӣ гуна мушкилот мавҷуд?
– Вуҷуд надоштани шиносномаи баъзе полигонҳо, ки он бояд ҷавобгӯи «Талаботи санитарии безараргардонӣ ва ҳифзи полигонҳои махсуси партовҳои маишии сахт дар шароити Ӯзбекистон» бошад, инчунин ҳифзи санитарӣ, пункти дидбонӣ ва сабт нагардидани ҳисобу китоби онҳо яке аз мушкилоти рӯзмарраи соҳа мебошад. Полигонҳо бо оби ошомиданӣ, энергияи электрӣ таъмин нашудаанд, ҳатто даромадгоҳ надоранду атрофи онҳо иҳота нагардидааст. Аз ин ҷиҳат, пеш аз ҳама, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиву нормативии дар амали соҳа бояд азнав такмил дода шавад.
— Имрӯз ба аҳолии деҳаҳои дурдаст низ хидмати ҷамъоварии партовҳои маишӣ расонда мешавад. Фарогирии ин намуди хидматрасонӣ дар миқёси мамлакатамон то чӣ андоза ба роҳ монда шудааст?
– Корхонаҳои унитарии «Тоза ҳудуд», «Махсустранс», «Мароқанд обод», 50-то давлативу хусусӣ ва 93-то корхонаи хусусӣ ба 8759-то маҳаллаи ҷумҳурӣ бобати ҷамъоварӣ ва бароварда партофтани партови маишӣ хидмат мерасонад, ки фарогирии он 93,1 фоиз мебошад. Дар саросари мамлакатамон барои ҷойгузин ва гӯр кардани партов 221 полигони партов фаъолият дошта, онҳо 1493 гектар заминро дар бар мегирад. Ҳоло дар чунин полигонҳо 2 млрд. тонна партов нигоҳ дошта мешавад. Соли гузашта аз 6,8 млн тонна партови ҷамъоваришуда 2, 6 млн тоннааш дар 331 корхонаи соҳа аз нав коркард шуд, яъне сатҳи азнавкоркарди партовҳо дар ҷумҳурӣ 38,1 фоизро ташкил намуд.
– Дар мамлакатҳои хориҷа рушди соҳаи азнавкоркарди партов то чи дараҷа аст? Оё мо метавонем таҷрибаи ин мамлакатҳоро дар худамон татбиқ намоем?
– Касоне, ки дар Олмон, Шветсия, Швейтсария, Ҷопон ё дигар давлатҳои мутараққӣ шудаанд, албатта аз тозагии гирду атроф, зебоии табиати он диёрҳо ёдовар мешаванд, ки ба танзим оварда шудани механизми азнавкоркарди партов асоси чунин дастовардҳо мебошад. Дар онҳо усули партовро сӯзонда аз он гирифтани энергияи муқобил васеъ истифода мешавад, масалан, дар 130-то заводи махсуси Фаронса партови ба азнавкоркард нолойиқ сӯзонда, хокистари он дар сохтмони роҳ ва ҳарорати гармии он дар таъмини гармкунии биноҳо истифода мешавад. Аксари чунин корхонаҳо дар зери замин ҷойгир буда, дар он технологияҳое, ки бӯй ва дудро паҳн намекунанд, истифода мешавад.
Шветсия дар байни мамлакатҳои ҷаҳон бобати азнавкоркарди партов таҷрибаи кофӣ дорад. Дар ин ҷо барномаи ба энергия табдил додани партов 80 сол муқаддам оғоз ёфта буд. Заводҳое, ки бо партов сарукор доранд, пурра автоматиконида шуда, дар он шумораи ками кормандон ҷалб карда шудаанд. Хокистари партови чунин корхонаҳо дар истеҳсоли металл истифода мешаванд. Дар натиҷа, танҳо як фоизи партов ҳамчун ахлот боқӣ мемонад.
Дар Олмон корҳои ҷобаҷогузории навъи партов солҳои 80-уми асри гузашта оғоз ёфта, аз соли 2015 низоми ягонаи он ҷорӣ шудааст, яъне коғаз, шиша, металл ва пластмасса дар алоҳидагӣ ҷамъ оварда мешаванд. Доруҳое, ки муҳлаташ гузаштааст, дар дорухонаҳо, батареяҳо бошад, дар мавзеъҳои алоҳида қабул карда мешаванд. Ҳоло дар Олмон 66 фоизи партов азнавкоркард мешавад.
Дар асоси қонуни хоси ҳукумати Ҷопон аз дигар намуди партовҳо ҷудо карда гирифтани полимерҳо барои шахсони алоҳида ва корхонаҳои саноатӣ иҷборӣ мебошад. Дар ин ҷо партовҳои саноатии азнавкоркардшуда ба сифати ашёи сохтмон истифода мешавад.
Қадамҳои аввалин бобати ҳаллу фасл намудани мушкилоти партовро мо бояд аз ташаккулёбии маданияти экологии аҳолӣ оғоз намоем. Ба хурдтаракону мактабхонон намунаи ибрат шавем. Мавсими истироҳат, ки дар чаҳор фасли сол дастраси мо аст, ба тозагии атрофу акноф беэътиноӣ нанамоем.
Ғайр аз ин, хурду калон дарк намоянд, ки батарея, симоб, пластмасса, шиша, доруҳои муддаташ гузашта ва дигар намуди партов яке аз сабабҳои авҷ гирифтани бемориҳои бедаво мебошад.
Маводҳои пластикӣ, шиша, металл ва коғаз дар алоҳидагӣ нигаҳдорӣ шавад, ки дар шаҳру ноҳияҳо барои қабули онҳо нуқтаҳои алоҳида мавҷуданд.
***
Ба ҷойи хулоса: он зоғу аккаҳое, ки дар китобҳои бадеӣ тасвир шудаанд, ёки дар манзараҳои ношоистаи филмҳои бадеӣ ба чашм мерасанд, ба кас таассуроти хуб намегузорад. Макони чунин паррандаҳо партовгоҳ ё ки биёбонҳо мебошад. Мо бошуурона бояд дарк намоем: замину обу ҳаво неъмати беҳамтост ва ояндаи ҷамъи махлуқот ба он вобаста аст, инчунин, замину обу ҳаворо эмин нигаҳ дорем, то модар-замини мо макони зоғу аккаҳо нагардад!
Суҳбаторо
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».