Ба қарибӣ дар шаҳри Самарқанд вохӯрии як гурӯҳ хатмкардагони шӯъбаи тоҷикии факултети филологияи ӯзбеку тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ки 30 сол қабл ин таълимгоҳи олиро хатм намудаанд, ба амал омад.
Субҳ ҳамкурсон назди Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд, ки солҳои 80-уми асри гузашта факултеташон дар ин бино қарор дошт, ҷамъ омаданд. Якдигарро ба оғӯш кашида, аз чашмонашон ашки шодӣ ҷорӣ гашт. Онҳо дар яке аз дарсхонаҳо нишаста айёми донишҷӯйиро ба ёд оварданд. Собиқ устодонашон Ботурхон Валихоҷаев, Солеҳҷон Ҳалимов, Раҳмонбердӣ Эгамбердиев, Шавкат Шукуров (ҷояшон аз ҷаннат бод) ва даҳҳо нафар устодони дигарро, ки сабақ гирифтаанд, ёдоварӣ намуданд.
Ҷойҳои таърихии шаҳри Самарқанд, мисли Регистон, мақбараи Гӯри Мирро тамошо карданд. Аз созандагиву бунёдкориҳои шаҳри Самарқанд дидан карданд.
Сипас, сӯҳбатро дар сари як пиёла чой идома доданд.
– Солҳои 1984 – 1989 ба ин гурӯҳ роҳбарӣ карда будам. Дар донишҷӯён аз 7 вилояти Ӯзбекистону Тоҷикистон таълим мегирифтанд. Имрӯзҳо дар байни онҳо проректор, мудири кафедраи таълимгоҳи олӣ, директори коллеҷ, рӯзноманигор, муаллимони сол ҳастанд, ки баҳри ривоҷи мамлакати озоду обод хизмат мекунанд, – изҳори ақида намуд профессор Ҷ. Ҳамроев.
– Имрӯз хурсандиам ҳадду канор надорад. Баъди 30 сол ҳамкурсону устодонро дида, курта-курта гӯшт гирифтам. Самарқандро аранг шинохтам. Хеле зебо шудааст. Гузаргоҳҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуд ва имрӯз бе ягон мушкилӣ метавонем аз сарҳад гузашт, – мегӯяд хатмкардаи гурӯҳ аз шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Ҳусен Ёрмуҳаммадов.
Ҷамшеди АСРОР.
САМАРҚАНД.