дар Донишгоҳи давлатии Бухоро гурӯҳи филологияи тоҷик барқарор мегардад
Имрӯзҳо дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ қабули ҳуҷҷатҳои абитуриентон барои таҳсил дар соли хониши нав идома дорад. Сӯҳбати мо бо ҷонишини котиби масъули комиссияи қабул дар Донишгоҳи давлатии Бухоро Эркин МУХТОРОВ мухтасар дар ин бора сурат гирифт.
– Эркин Мустафоевич, рӯзномахононро мухтасар бо навгониҳои қабул шинос мекардед.
– Навгониҳо назаррасанд, онҳо ба манфиати довталабони таҳсил дар мактаби олӣ хидмат мекунанд.
Аввало ҳуҷҷатсупорӣ осон шуд. Акнун «бухча»-и ҳуҷҷатҳо лозим не, фақат шиноснома ва шаҳодатнома ё ки диплом бошад кифоя.
Дуюм, довталаб метавонад дар як вақт се равияи ба ҳам наздикро интихоб карда ҳуҷҷат супорад. Фарқ дар он, ки ӯ метавонад фақат дар равияи якум бо грант дохил шавад. Дар равияҳои дуюм ва сеюм дохилшавӣ бо қарордод (пулакӣ) сурат мегирад.
Сеюм, ҳар як довталаб метавонад аз мактаби олии ҳудуди худ истифода бурда, барои таълимгоҳи олии ҳудуди дилхоҳаш ҳуҷҷат ва имтиҳон супорад.
Масалан, дар ДДБ истода барои таълимгоҳи олии Андиҷон ё вилояти дигар имтиҳон супоридан мумкин аст, яъне ба оворагардию мусофирӣ ҳоҷат намонд.
Аз имконият истифода бурда илова кардан мехостам, барои онҳое, ки аз хизмати ҳарбӣ бо тавсиянома омадаанд, 5 фоиз (136 нафар) квота ҷудо карда шудааст ва холҳои онҳо садди роҳи дигарон намегардад.
Фарзандони хизматчиёни ҳарбии ногирон бо имтиёз қабул карда мешаванд.
Соли хониши гузашта қабули донишҷӯён дар 37 равия сурат гирифта буд, имсол миқдори онҳо 9-то зиёд шуда ба 46-то расид. Соли ҷорӣ 2720 нафар донишҷӯён қабул карда мешаванд: аз ҷумла 615 нафар бо гранти давлатӣ, 2105 нафар бо қарордод пулакӣ мехонанд.
– Байни 9-то равияи нав гурӯҳи забон ва адабиёти тоҷик низ ҳаст, дуруст?
– Бале. Ба гурӯҳи тоҷикӣ қабул гардидани 25 нафар (5-то бо грант ва 20-то пулакӣ) донишҷӯён ба нақша гирифта шудааст. Бисёриҳо медонанд, ки тақрибан 15-20 сол муқаддам дар ДДБ шуъбаи тоҷикии забон ва адабиёти тоҷик, 2-3 сол муқаддам шуъбаҳои тоҷикии методикаи таълими ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ фаъолият дошт.
– Масъалан ҳуҷҷатсупорӣ дар гурӯҳи навташкили тоҷикӣ чӣ гуна аст?
– То 11 июл 28 нафар ҳуҷҷат супоридаанд ва ин ҷараён то 15 июл давом мекунад.
– Талабгорони гурӯҳи тоҷикӣ аз кадом фанҳо имтиҳон месупоранд?
– Аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва забони хориҷӣ имтиҳон (тести дохилӣ) месупоранд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.