ПАҲЛАВОНИ БОЙСУНӢ – ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвар нуфузи Ӯзбекистон дар соҳаи варзиш рӯз то рӯз, зина ба зина боло меравад.

Инак, боз сафи чемпионҳои ҷаҳон ба як нафар афзуд. 6-13 октябр, дар 35-умин чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо, ки дар Ӯзбекистон баргузор шуд, паҳлавони ҷасури бойсунӣ Музаффарбек Тӯрабоев аз рӯи вазни то 100 кг чемпиони ҷаҳон ва соҳиби медали тилло гардид. 
Ӯ 22 сола буда, ҷавонтарин дзюдочӣ дар Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Ин ғалабаи бузурги ҷавонпаҳлавон ба ҳама халқи Ӯзбекистон суруру шодӣ овард. Ӯ то ин вақт дар соҳаи варзиши намуди дзюдо ҷои 27-ро дар миқёси ҷаҳон ишғол мекард ва бо ин ғалабааш аз сафи даҳгонагон ҷой гирифт. Инчунин, бо ин ғалаба ӯ дар рейтинги ҷаҳонӣ 2000 хол ва барои иштирок дар бозиҳои Олимпӣ, ки соли 2024 дар шаҳри Париж баргузор мегардад, 1000 хол ба даст овард. Тазаккур бояд дод, ки қабл аз ин чемпионат Музаффарбек дар Бозиҳои ягонагии ислом, ки чанде пештар дар шаҳри Кунияи Туркия баргузор шуда буд, низ ширкат варзида ғалабаро ба даст оварда буд. Ин натиҷаҳои назаррас албатта, ӯро рӯҳбаланд месозанд.
– Ман ин муҳорибаро бой дода наметавонистам, зеро вақте ки дар рӯ ба рӯям президенти дзюдои Ӯзбекистон Давлат Бобонов бо умед ва боварӣ нигоҳ мекард, – гуфт ӯ дар мусоҳиба.
Ба шарафи ин ғалабаи бузурги Музаффарбек табрикот ва тантанаҳои бошукӯҳ дар ватанаш – Бойсун низ идома ёфт. 4 ноябр дар ноҳияи Бойсун тадбири идона баргузор шуд. Суруру хурсандии аҳли хонадон, аҳли Бойсунро ҳадду канор набуд. Дар он ҳокими вилоят Тӯра Боболов ширкат варзида ӯ ва падару модарашро табрик гуфт ва дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба чемпион омадҳо хоста, ба ӯ аспи хушзоти қорабойир армуғон кард. 
Падару бобоёни Музаффарбек низ паҳлавонҳои номӣ гузаштаанд. Падараш Тоштемир Муҳаммадиев аввалин чемпиони Ӯзбекистон ва ҷаҳон оид ба гӯштии миллӣ мебошад. Музаффарбек вориси ҳақиқии падару бобоёни худ буданашро дар арсаи ҷаҳон намоён сохт.

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: