ПАҲЛАВОНИ ТИРГАРОНӢ

Сариосиё бо паҳлавонони номии худ вирди забонҳо гардида аст, ки онҳо ному шуҳрат ва парчами Ӯзбекистонро дар арсаи ҷаҳон баланд мебардоранд.

Қабл аз истиқлоли кишвар куштии миллӣ  ҳарчанд мақоми ҷаҳонӣ пайдо накарда буд, дар ин сарзамин паҳлавонони ҳузарбу неруманд ҳунарнамоӣ кардаанд. Асрориддин Саломов аз зумраи паҳлавононест, ки дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмиллӣ ширкат варзида ғолиб нагардида бошад ҳам,  дар байни мардум чун паҳлавони номӣ шуҳратёр гардидааст. 
Асрориддин соли 1962 дар деҳаи  Тиргарони собиқ хоҷагии ҷамоавии ба номи Охунбобоев дар оилаи саркори хоҷагӣ Икром Саломов таваллуд шудааст. Дар мактаби рақами 7-уми ба номи Айнӣ таҳсил карда, маълумоти олиро дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон фаро гирифтааст. Баъдан хидмати Ватанро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адо намудааст. Ӯ дар давоми фаъолияти педагогиаш дар мактабҳои рақами 38,7,51 аз сидқи дил барои ҷисмонан солиму бақувват ба камол расидани фарзандони халқ хидмат намудааст. Инчунин, дар мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон фаъолияти пурсамар бурдааст. А. Саломов ғайр аз фаъолияти педагогӣ бинои клуби киногузории қишлоқро ба толори куштигирӣ баргардонида машғулиятҳоро ба роҳ монд, ки наврасону ҷавонони Тиргарон ва деҳаҳои атроф то имрӯз дар ин ҷо бо ин намуди варзиш шуғл варзиданд. Солҳои 1990-1991 дар мавзеи Қади Дарё бо роҳи ҳашар аз ҷониби ҷавонони деҳа майдони футбол сохта шуд. Дар ободнамоии ин майдон низ Саломов бо шогирдонаш кӯмаки амалӣ расонид. Баъди гузашти солҳо дар ҷои он толори наву ҷавобгӯи давр бунёд гардид. Дар пурра обод намудани ин толори варзиш дӯстон, шогирдони устод, шахсиятҳои алоҳида аз рӯи эҳтиром ба Асрориддин-паҳлавон холисона кӯмак намуда буданд, ки қаҳрамони мо дар суҳбатҳо миннатдорӣ изҳор карда буд. Имрӯз низ толор фаъолияти худро идома дода истодааст. 
Тобистони соли 2021 Асрориддин бемор шуд. Ин беморӣ соли 2022 риштаи умри ӯро канд. Шайх Саъдӣ барҳақ фармудааст: 
Зиндаву ҷовид монд, ҳар 
кӣ накӯном зист, 
К-аз ақибаш зикри хайр 
зинда кунад номро.
Ба қарибӣ бахшида ба хотираи паҳлавони номӣ Асрориддин Саломов аз ҷониби фарзандон, ҷиянҳо, шогирдон  дар майдони варзишии Тӯпаланг мусобиқаи куштии миллӣ ташкил карда шуд. Дар рафти мусобиқа аз ҷониби меҳмонон, шогирдони собиқи устод, мухлисони куштӣ – чемпиони панҷкаратаи ҷаҳон оид ба куштии миллӣ Муҳсин Ҳисомиддинов, Облоқул Акбаров, Алиҷон Рӯзиев, Ҷӯрақул Нарзуллоев, Меҳроҷ Акбаров, Акмал Муродуллоев инчунин, аз ҷониби мактаби варзишии кӯдакон ва наврасон  ба паҳлавонони ғолиб мукофотҳо дода шуд.
Дар мусобиқаи хотиравӣ аз тамоми ноҳияҳои вилоятамон ва дигар вилоятҳо, инчунин аз Ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон паҳлавонҳои номӣ ширкат намуданд.
Фарзандон, пайвандон, шогирдону ҳамдеҳагони Асрориддин-паҳлавон аз хубу хотирмон гузаштани мусобиқаи ёдбуд хурсанд гардида, ба ҳама иштирокчиёну паҳлавонон ва мухлисон миннатдорӣ изҳор намуданд. 

Маҳкам ҶАЪФАРОВ, 
деҳаи Тиргарони ноҳияи Сариосиё.

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: