«ПАЁМЕ АЗ БУХОРО»-И ГУЛЗОДА ЧОП ШУД

Ба қарибӣ мо дар бораи аз чоп баромадани «Куллиёти осор» (ҷилди чорум)-и А. Гулзода хабар дода будем.

Хушхабари наве дастрасамон гардид. Бо ибтикори Иброҳими Наққош, Афсар Сармад, Одили Нозир ва Исмоил  Зарифӣ нашриёти «Эр-граф»-и шаҳри Душанбе китоби нави шоир Асад Гулзодаи Бухороӣ «Паёме аз Бухоро»-ро  аз чоп баровард, ки аз 504 саҳифа иборат аст. Ин китоби баландсифат ғазалиёт, мухаммасот, шеърҳо ва 200 шеъри барои бачагон эҷодкардаи Асад Гулзодаи Бухороиро дарбар гирифтааст. Мо ба шоир, ки аллакай аз ин комёбӣ огоҳ ва шод гаштааст, муваффақиятҳои нави эҷодӣ таманно дорем.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: