Пажӯҳиш САЙРИ РУБОӢ ДАР ТАЙИ АСРҲО

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (асри IX) ба адабиёти классикии форсу тоҷик поя гузошт.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (асри IX) ба адабиёти классикии форсу тоҷик поя гузошт. Шеърҳои ӯ сарчашмаи илҳоми шуарои пасин гардиданд. Асри Х ва нимаи аввали асри XI-ро метавон замони ташаккули рубоӣ ва навъҳои он номид. Манбаи онро дар эҷодиёти шифоҳии мардумии асрҳои VIII-X бояд ҷуст, ки ба адабиёти хаттӣ дохил шуда буд. Рубоӣ аз шаклҳои қадимаи адабиёти шифоҳӣ ва классикии халқҳои порсигӯ мебошад.
Мақсади мо сайри кӯтоҳе ба ҷараёни он аст.
Бино ба таъкиди Қайси Розӣ (асри XI-XII) арабҳо дар қадим ба вазни рубоӣ шеър нагуфтаанд. Ҳамин муаллиф устод Рӯдакиро ихтироъгари вазни рубоӣ ва поягузори ин шакли шеър номидааст. Адабиётшинос ва муҳаққиқи борикбин, шодравон Холиқ Мирзозода тамоман дуруст таъкид мекунад, ки «Дар инкишофи шакли шеъри рубоӣ роли назми асри Х мавқеи калони асосгузорӣ дорад».
Аз осори боқимондаи асри Х метавон муайян намуд, ки шоирон Рӯдакӣ, Тоҳири Чағонӣ, Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Сонеи Балхӣ, Кисоӣ ва чанде дигарон дар мавзӯъҳои ишқӣ, панду ахлоқ, фалсафӣ, инсон, маргу зист, шикоят, меҳру вафо, ҳасби ҳол, табиат, адлу инсоф, танқиди камбудиҳои бисёри ҳаёти ҷамъиятӣ, дину ойин ва ғайра рубоӣ гуфтаанд. Дар бисёр рубоиҳо олами ботиниву зоҳирии инсон, муносибати ӯ ба табиату рӯйдодҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар пероҳани бадеӣ хеле самимӣ ифода гардидаанд. Чунончи, Рӯдакӣ гуфта:
Чашмам зи ғамат ба ҳар ақиқе, ки бисуфт,
Бар чеҳра ҳазор гул зи розам бишукуфт.
Розе, ки дилам зи он ҳамедошт нуҳуфт,
Ашкам ба забони ҳол бо халқ бигуфт.
Дар рубоиёти шуарои аҳди Сомон метавон торихномаи рӯҳи халқро бихонд. Аз рубоиҳои Шаҳиди Балхӣ нобаробариҳои ҳаёти он замон, зулми иҷтимоӣ, бенавоии донишмандон, соҳибнеъматии ҷоҳилон рӯшан ба мушоҳида мерасанд. Абӯшакури Балхӣ дар як рубоиаш мегӯяд:
Эй гашта ман аз ғами фаровони ту паст,
Шуд қомати ман зи дарди ҳиҷрони ту шаст.
Эй шуста ман аз фиребу дастони ту даст,
Худ ҳеҷ касе ба сирату сони ту ҳаст?
Аввалин шоираи форсигӯ Робиаи Балхӣ дар тасвири табиат андар рубоиёташ беҳамтост. Аз тасвирҳои ӯ табиат ботаровату зебоиаш муҷаллою қашанг ба чашм мерасад. Чун ашъори Кисоии Марвазиро мутолиа мекунем, дар онҳо бештар мазмунҳои фалсафӣ, ишқиву иҷтимоӣ, ҳасбиҳоливу мадҳӣ, ҳатто риндиро эҳсос мекунем. Вай дар тавсифи маъшуқа дасти тавоно дорад:
Гар ёр шабе ба майли мо пардозад,
Ин ҷони ба лаб расидаро бинвозад.
Лаб бар лаби ӯ наҳишта ногаҳ хуршед,
Шамшер кашида бар сари мо тозад. 
Дар рубоиҳои камшумори Дақиқӣ рӯҳи зардуштпарастиву ватанхоҳӣ, зебоиписандиву ҳиссиёти ошиқона хуб арзёбӣ шудаанд.
Рубоиёти Рӯдакиро  метавон сухани тозаву олӣ, тараннуми ишқи ҳаётии инсонӣ, василаи тарбияи рӯҳиву маънавии шахс, баёнгари афкори риндӣ номид. Сабки онҳо низ басо гӯшнавозу хосса аст:
Номат шунавам, дил зи фараҳ зинда шавад,
Ҳоли ман аз иқболи ту фархунда шавад.
В-аз ғайри ту ҳар ҷо сухан ояд ба миён,
Хотир ба ҳазор ғам пароканда шавад.
Ба ақидаи мо дар рубоиҳои шуарои асрҳои IX-X мавзӯъҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ишқу муҳаббат, фалсафӣ, панду ҳикмат, ҳаҷв, ватанпарастиву ҳаётдӯстӣ мақоми хос доранд. Тамоюлоти халқӣ дар рубоиёти шуарои ин асрҳо кам нест. Соддаву оммафаҳм будани онҳоро метавон аз хусусиятҳои баргузидаи ин шакли шеър номид.
Дар асрҳои XI-XII ғазал ҳамчун жанри мустақили шеър мақом пайдо кард. Девони шоирон ба миён омад. Бо вуҷуди ин рубоӣ аз густариш намонд. Баръакс, агар асрҳои мазкурро замони ривоҷу авҷи рубоисароӣ гӯем, саҳве намеравад. Ба рубоӣ, ки хусусияти ҷаззобӣ дорад, ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ муроҷиат мекардагӣ шуданд. Ба эҷоди рубоӣ ҳам донишмандону ҳам файласуфон даст заданд. Кор то ба ҷое расид, ки Шайх Аттор маҷмӯъае аз 3500 рубоӣ тартиб дод. Баъдан 3000-тои онро ба 50 боб тақсимбандӣ намуд.
Бояд иброз дошт, ки бо ворид шудани Умари Хайёми Нишопурӣ (1048-1131) ба майдони илму адаб, дунёи шеър таровати дигар пайдо кард. Хайём бо эҷоди рубоӣ дар олам як инқилоби нотакрори рӯҳӣ барангехт. Чашми инсонро ба шинохтани табиат, дарки муаммоҳои маргу зист, шодиву ғам, набард баҳри вуҷуд доштан, худро шинохтан ва қадр кардан, дӯст доштан ва ғайра кушод. Ӯ инсонро ба инсон шиносонид, аз ҳама муҳимаш ба инсон бо дили хуршедамсол нигарист, нисбати ӯ бо як муҳаббати бузург сухан гуфт:
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад гавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарӣ аст,
Бе ҳеҷ шаке нақши нигинаш моем.
Баъзе муҳаққиқон Хайёмро шоир намепиндоранд. Бо тамоми қатъият мегӯем, ки шоири табиатан боистеъдоди модарзоду худодод буд. Тору пуди рубоиёти вай тозагӯиву нобгӯист. Вагарна ӯро «ҳуҷҷатулҳақ», бузургтар аз сайёраи Хуршед, нобиға, худованди сухан намегуфтанд. Инқилобе, ки Хайём бо рубоиёти худ барангехт, дар олами порсигӯён ва баъди ба забонҳои дигар тарҷума шуданаш (аз асри XVII) дар саросари ҷаҳони мутамаддин пайравони бешуморе пайдо кард. Бузургтарин қаламкашони дунёи шеър Саноӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Убайди Зоконӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Амир Хусрав, Паҳлавон Маҳмуд, Ҷомӣ ва бисёр дигарон бо шоҳроҳи ӯ рафтанд. Чанд мисоли зерро далели раднопазири андешаҳои худ меҳисобем.
Қофилаи умр барои Хайём бисёр азиз аст. Ӯ дар як аҳди мардкуш ба хуш гузаронидани зиндагӣ даъват карда, мегӯяд:
Ин қофилаи умр аҷаб мегузарад,
Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хурӣ?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад!
Чун ин каломи Хайём ба гӯши Ҷалолиддини Балхӣ мерасад, изофа мекунад:
Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад,
В-ин мояи умр ройгон мегузарад.
Дар манзили тан махусбу ғофил манишин,
К-аз манзили умр корвон мегузарад.
Таъбири «қофилаи умр»-и Хайёму аз манзили умр гузаштани «корвон»-и Мавлавӣ ҳамоҳанганд. Хайём таъкид карда, ки: «Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯз хуш аст» ва «Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст». Шайх Саъдӣ дар пайравии ӯ гуфта:
Он шаб, ки ту дар канори моӣ, руз аст,
В-он рӯз, ки бо ту меравад, Наврӯз аст.
Дӣ рафту ба интизори фардо манишин,
Дарёб, ки ҳосили ҳаёт имрӯз аст.
Ҳуҷҷатулҳақ баробари ғояи олии хуш гузарондани умрро талқин кардан, рӯшан мефаҳмад, ки рӯзе чарх аз гили мо кӯза хоҳад кард. Амир Хусрави Деҳлавӣ ҷонибдори ақидаи Хайём аст. Ӯ калимаву ибораҳои писандидаи Хайём «май», «шароб», «кӯза», «кӯзагарон», «бода» ва ғайраро истифода карда, ҳамфикриашро дар яке аз рубоиҳояш тариқи зайл баён мекунад:
Май бод ҳамешаву хушӣ кардан бод,
Ё бода ба рӯйи бода бар гардан бод.
Он рӯз, ки чарх аз гили мо кӯза кунад,
Он кӯза ҳам аз барои май хӯрдан бод.
Хайём фармуда: «Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахурем». Пандест ҳаётбахш. Убайди Зоконӣ аз Хайём мазмун гирифта, навиштааст:
Эй дил, пас аз ин андӯҳи беҳуда махур,
З-ин беш ғами будаву нобуда махур.
Ҷон медеҳу доди тамаи ҳирс мадеҳ,
Ғам мехуру нони миннатолуда махур.
Ҳофизи шаҳдгуфтор мазмуни як рубоии Хайёмро, ки чунин сатрҳо дорад: «Гирди дигаре чи гуна парвоз кунам... То чашм ба сӯйи дигаре боз кунам» дар рубоии зер чун қасамномаи меҳру вафо ин тариқ баён менамояд:
Рӯзе, ки фироқ аз ту дурам созад,
Дар ҳаҷри рухи ту носабурам созад.
Гар чашм ба сӯйи дигаре боз кунам,
Ҳаққи намаки ҳусни ту кӯрам созад.
Салмони Соваҷӣ андешаҳои риндонаву ҳакимона ва ҷаззоби Хайём, аз хоки инсон сохтани кӯза, бо бода пур будани он, гиряи лола ва ғайраро пазируфта, навиштааст:
Хоҳам, ки маро мудом омода бувад,
Ҷоми майи шоҳиде, ки озода бувад.
Чандон бихурам бода, ки гар хок шавам,
Ин косаи сар ҳанӯз пурбода бувад.
Ба Адиб Собири Тирмизӣ ин панди Хайём писанд омада: «Хуш дор, ки рӯзгор шӯрангез аст!»
Гирам, ки туро неъмати сад Парвиз аст,
Бар охури ту дувист чун Шабдиз аст.
Тезӣ макун, арчи давлати ту тез аст,
К-ин гардиши рӯзгор шӯрангез аст.
...Аз таҳлилу муайян намудани паҳлуҳои гуногун ва махсусияту фарқияти рубоиҳои шуарои замонҳои мухталиф худдорӣ кардем, зеро дар ин маврид сухан ба дарозо мерафт. Баъди асрҳои XI-XII эҷоди рубоӣ идома ёфт. Кам девони шоирон дучор меояд, ки дар инҳо ин шакли шеърӣ набошад. Қиёси рубоиҳои бисёр гувоҳӣ медиҳанд, ки дар рубоисароӣ шуарои пас аз Хайём ба пояи рубоигӯёни садаҳои XI-XII нарасидаанд. Чаро? Ин масъала мавзӯи баҳси дигарест. Агар фикрамонро оид ба масъалаи мавриди баҳс ҷамъбаст намоем, чунин хулоса бармеояд: ба рубоисароӣ дар аҳди Сомониён асос гузошта шуда, поягузори он Абӯабдуллоҳи Рӯдакист; рубоиёти Рӯдакӣ бо мазмуну ғояи олӣ аз рубоиҳои шуарои ҳамасраш дар пояи баланд меистанд; таъсири ӯ ба шоирони пасин ба чашм мерасад; Хайём ин жанрро ривоҷ дода, як инқилоби бузурги эҷодӣ ба вуҷуд овард ва пайравони зиёде пайдо кард, роҳи эҷодии Хайёмро дар рубоисароӣ багумон метавон мактаби адабӣ эълон дошт. Мо қиёсан омӯхтану муайян сохтани виҷагиҳои рубоиёти шуарои аҳди Сомониён ва минбаъдаро аз вазифаҳои ҷиддии илми адабиётшиносии муосир медонем.

Усмон НАЗИР,
адабиётшинос.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: