Эътибор ба рушди илму фан, дастгирии олимон яке аз вазифаҳои устувор қарор гирифтааст.
Дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо саҳми илму фан бузург аст.
Дар Донишгоҳи давлатии шарқшиносӣ бахшида ба муаррифии китобҳо ва осори тарҷумаи муҳаққиқ Комилҷон Раҳимов чорабинии маданию маърифатӣ баргузор гардид.
Чорабиниро ректори Донишгоҳи давлатии шарқшиносӣ Гулчеҳра Рихсиева ҳусни ифтитоҳ бахшид. – Солҳои охир олимони мо ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд. Дар соҳаи фанҳои иҷтимоию гуманитарӣ – таърих, шарқшиносӣ, забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ низ комёб шуданд. Имрӯз дар байнамон ҷавонҳои боиқтидору серғайрат ва ҷӯянда хеле бисёр. Яке аз онҳо Комилҷон Раҳимови бухороӣ мебошад, – гуфт ректори донишгоҳ.
Дар ин китобҳо ва осори тарҷума кардаи олим, ки ба таълимоти аҷдоди бузургамон Абдухолиқи Ғиждувонӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, тасаввуф ва қадамҷоҳои ҳафт пир бахшида шудаанд, мероси маънавии ғании онҳо ҳаматарафа ҳаллу фасл гардидаанд. Умед аст, ки тадқиқотҳои олими ҷавон ба хонандагони ин диёр ва мамлакатҳои хориҷӣ бахусус, алоқамандони тасаввуф писанд меояд.
Дар поёни чорабинӣ ба саволҳои донишҷӯён К. Раҳимов ҷавоб гардонд ва ба ҳозирон ташаккур изҳор намуд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».