ПАЖӮҲИШГАРИ СЕРМАҲСУЛ

Илм уқёнуси бекаронест, ки ҳар касе аз он қатрае нӯшад, якумр дилбаста хоҳад шуд.

Олими забардаст, доктори илмҳои тиб, профессор Санъат Муҳаммадиев аз зумраи чунин ашхосе мебошад, ки ҳаёти пурбаракати худро ба кори пуршарафи тадқиқу пажӯҳиши илму фан бахшидааст. Вақте ки сафаҳоти ибратбахши ҳаёти ӯро варақгардон менамоем, дар ин ҷода саҳми беандоза гузоштани ӯро гувоҳ мегардем.
С.Муҳаммадиев 27-уми июни соли 1940 дар гузари Орифҷонбойи шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Ӯ таҳсили ибтидоиро дар мактаби миёнаи рақами 5-уми ноҳияи Сиёб гирифта, аз устодони ботаҷриба таълим гирифт ва дар қалби ӯ нисбати илму фан шавқу завқи беандоза бедор гардид. Сипас, соли 1957 ба Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Самарқанд дохил шуда, дар факултаи байторӣ таҳсил гирифт ва онро соли 1962 хатм намуд. Шавқу рағбати илм ӯро барои кор ба лабораторияи ба номи Е.Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон раҳнамун сохт, ки дар он ҷо то соли 1963 фаъолият дошт. Ҳамин тавр, пажӯҳишоти сермаҳсули худро дар соҳаи илму фан идома дода, корро дар лабораторияи гелминтологияи Академияи илмҳои шӯравӣ ҳамчун коромӯз-тадқиқотгар ва аспирант, ходими хурди илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, докторанти лабораторияи гелминтологияи Академияи илмҳои шӯравӣ пурсамар меҳнат намуд. С.Муҳаммадиев соли 1986 дар мавзӯи «Гелминтҳои чорвои калони шохдори СССР, таркиби намудҳо, таҳлили географӣ, экологӣ ва эпизоотологияи гелминдозҳои асосӣ» рисолаи докториашро бомуваффақият ҳимоя намуд ва дар давоми фаъолияти худ ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, мудири кафедраи паразитология ва зоогигиенаи Донишгоҳи аграрӣ корро пеш бурд.
С.Муҳаммадиев аз соли 1993 фаъолиятро дар зодгоҳи худ – шаҳри Самарқанд ба роҳ монд. Дар ин ҷо низ пурсамар меҳнат намуда, ҳамчун ходими калони илмии лабораторияи муаммоии Донишгоҳи давлатии Самарқанд, ходими калони илмӣ, мудири шуъбаи фанҳои биология ва тиббиёти шуъбаи самарқандии Академияи илмҳои Ӯзбекистон, аз соли 2000 ҳамчун профессори кафедраи таълими фанҳои тиббиёти Донишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорони вилояти Самарқанд, сипас мудири кафедраи экология ва тиббиёти Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд баҳри пешрафти илм заҳмат кашид. 
Ӯ муаллифи қариб 300 рисола, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, дастурҳои зиёди услубӣ ва ғайра мебошад ва аз ҷумлаи корҳои илмии олим монографияи «Гелминтҳои чорвои калони шохдор ва қӯтосҳои Тоҷикистон» (Душанбе, 1991), «Дастури таълим аз фанни экология» (1995), «Табиат вуҷуди мост» (1995), «Амонқӯтан – хазинаи табиат» (1997)-ро метавон номбар намуд.  Чунонки муаллиф худ таъкид намуд, дар радифи китобҳои таълифнамудааш то ҳанӯз бо нашри асари илмӣ бо номи «Муайянкунандаи гелминтҳои чорвои калони шохдор» (Москва, 1981, дар ҳаммуаллифӣ бо В.Ивашкин) ифтихор дорад, зеро муҳим будани он ҳам дар илм ва ҳам дар амалия ба назар мерасад. Дастури хонишию услубии «Экология ва муҳофизати табиат» барои литсейҳои академӣ ва коллеҷҳои касбу ҳунар соли 2001 бо забони тоҷикӣ интишор ёфт ва тарҷумаи ӯзбекии он соли 2002 ба забони ӯзбекӣ ба чоп расид. Китоби дарсии «Паразитология ва касалиҳои инвазионии ҳайвонот» натиҷаи ҳамкории олим бо аҳли зиё ва илми тоҷик буда, аз 5 боб иборат аст. Он доир ба масъалаҳои муҳими соҳа маълумот медиҳад ва барои онҳое, ки пешаи байториро ихтиёр намудаанд, дастурамали муҳим ба шумор меравад. Китоби дарсии «Зоология» барои синфи 7 (2003) низ маҳсули ранҷҳои олим ба шумор меравад. 
Хизматҳои олим ба таври сазовор қадр гардиданд ва бо нишонҳо бахшида ба 100-солагии академик К. Скрябин, академик Е. Павловский, «15-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (2006) мукофотонида шудааст. Доир ба ҳаёт ва фаъолияти ин олими сермаҳсул дар китоби «Аслҳо ва наслҳо» маълумот дода шудааст.
Дар корҳои ҷамъиятӣ низ Санъат Муҳаммадиев фаъолона иштирок дорад ва ташаббускориву масъулиятшиносии ӯро ба ҳисоб гирифта, аҳли маҳалла бо боварӣ ӯро сарвари маҳаллаи ба номи Осим Исматӣ, ки худ дар он ба дунё омадааст, интихоб намуданд. Соли 2003 дар кишварамон Соли маҳаллаи обод эълон гардид ва ӯ дар баробари ба роҳ мондани кори маҳалла оид ба таърихи маҳалла ва ҳаёти имрӯзаи мардуми он рисолаеро бо унвони «Гузари Орифҷонбой» таълиф намуд. 

Абдуваҳҳоб ВОҲИДОВ,

Фозил ШУКУРОВ,
устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: