PEFA: ӮЗБЕКИСТОН ДОРОИ БУҶАИ ДАВЛАТИИ БОЭЪТИДОЛ ВА БОСАМАР ТАТБИҚШАВАНДА АСТ

14 март дар Тошканд муаррифии натиҷаҳои баҳодиҳӣ ба харҷҳои давлатӣ ва ҳисоботи молиявӣ (PEFA) дар Ӯзбекистон баргузор шуд, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ташкил гардидааст.

Дар чорабинӣ коршиносони вазорату идораҳои дахлдори мамлакати мо, Бонки умумиҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо ширкат ҷустанд.
Бо кӯмаки PEFA таҳлили ҷиддӣ ва ба маълумотҳои дақиқ асосноки самаранокии идораи маблағҳои давлатӣ амалӣ мегардад. То имрӯз дар 150 давлат дар пояи меъёрҳои байналхалқӣ ва таҷрибаи пешқадам беш аз 600 чунин баҳодиҳӣ гузаронида шуд.
Таҳлили харҷҳои давлатӣ ва ҳисоботи молиявие, ки дар мамлакати мо гузаронида шуданд, барои баҳодиҳӣ ба нишондиҳандаҳои рушд дар соҳа ва муайян кардани монеаҳои мавҷуда назаррас мебошад.
Дар Ӯзбекистон чунин таҳқиқ бори аввал соли 2012-ум гузаронида шуда буд. Коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо баҳодиҳии навбатиро барои давраи аз моҳи сентябри соли 2018-ум то моҳи январи соли равон баргузор карданд.
Дар муаррифӣ натиҷаҳои баҳодиҳӣ эълон гардид, ки мувофиқи он Ӯзбекистон дорои буҷаи давлатии боэътидол ва босамар татбиқшаванда мебошад. Вале, бо вуҷуди ин, дар назди мамлакат вазифаҳои зиёд, аз ҷумла беҳтар кардани идораи пулҳои давлатӣ ва ӯҳдадориҳо, рушди буҷаи миёнамуҳлат, коркарди стратегияи фискалӣ, идома додани кор бобати таъмин сохтани шаффофияти харҷҳои маблағҳои давлатӣ истодаанд. Баробари ин бояд дар соҳаи ҳисобу китоб ва аудит меъёрҳои байналхалқӣ ҷорӣ карда шаванд.
– Ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон соли 2017-ум оғоз ёфтанд, аллакай имрӯз натиҷаҳои мусбат медиҳанд, – гуфт роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Ӯзбекистон Эдуардс Стипрайс. – Инро натиҷаҳои баҳодиҳии PEFA низ собит менамоянд. Дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои соли 2012-ум Ӯзбекистон ба суръати баландтари пешрафт муваффақ гардид.
Дар чорабинӣ роҳбари намояндагии Бонки умумиҷаҳонӣ дар мамлакати мо Хидеки Морӣ зикр сохт, ки натиҷаҳои баҳодиҳӣ ба ташаккул додани низоми беш аз пеш самарабахши идораи маблағҳои давлатӣ мусоидат менамоянд, шаффофияти Буҷаи давлатӣ бошад, боиси беҳтар шудани ҷолибияти сармоявӣ мегардад.
 Натиҷаҳои баҳодиҳии ҷории PEFA дар Ӯзбекистон ҳангоми навсозии стратегияи ислоҳоти идораи маблағҳои давлатӣ, ки барои солҳои 2018-2025 пешбинӣ гардидаанд, истифода мешаванд.

Малоҳат ҲУСАНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: