ПЕШ ВА ҲОЗИР

Пештар падару модари мо нагӯянд ё маҷбур насозанд ҳам худамон ба корҳои хонаву саҳро кӯмак расонда ва аз он мамнун будем, ки фоидаамон мерасад.

Устухонамон дар меҳнати фоиданок шах мешуд. Ҳозир ин “меҳнати маҷбурӣ” будааст...
***
Пештар дар кӯчаву гузар муаллимонро дучор оем, худро канор мегирифтем, ҳозир муаллимон аз хонандагон меҳаросанд.
***
Пештар барои хондан баҳо мегирифтем, ҳоло барои баҳо мехонем.
***
Пештар роҳҳои ноҳамвор мумфарш карда мешуданд, ҳоло роҳҳои мумфарш ҳамвор карда мешаванд.
***
Пештар одамон баоқибат буданд, ҳоло оқибат одамонро кофта гаштааст.
***
Пештар ба болои боми хонае, ки падар нишастааст, намебаромаданд. Ҳозирҳо намехоҳанд аз мошини падар поин фуроянд.
***
Пештар занон роҳи мардонро бурида намегузаштанд, ҳоло ба буридани забони онҳо тайёранд.
***
Пештар барои шунидани “раҳмат”, “баракат ёб” ба одамони бегона ёрӣ мерасонданд, акнун ба пули одам, ба мансаби одам нигариста салому алейк мекунанд.                                                                               
***
Пештар як мавизро чиҳил кас баҳам медид, ҳоло чиҳил кило мавизро як одам мехӯрад.
***
Ҳоло ҳама чиз дигаргун шудааст. Вале ҳамин аниқ аст, ки аз беоқибатӣ наҷот бахшидани дунё дар дасти худи мост.
                    
М.ҶОНИХОНОВ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: