ПЕШАИ ШИФОКОР ИНСОНПАРВАРИСТ ВА ДАР АЙНИ ҲОЛ МАСЪУЛИЯТНОК АСТ

Дар асоси лоиҳаи қарори Президент «Дар бораи куллан такмил додани сохтори бозомӯзии кадрҳои Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ва беҳсозии самаранокии он» Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба донишгоҳ табдил меёбад.

Дар асоси лоиҳаи қарори Президент «Дар бораи куллан такмил додани сохтори бозомӯзии кадрҳои Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ва беҳсозии самаранокии он» Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд ба донишгоҳ табдил меёбад. Он дар Осиёи Марказӣ аз кӯҳнатарин маърифатгоҳҳои тиббӣ ба ҳисоб меравад ва соли 1930 ташкил ёфтааст. 
Мусоҳибаи мо бо ректори донишкада, доктори фанҳои тиб, профессор Ҷасур РИЗОЕВ дар бораи фаъолияти он ба вуқӯъ пайваст.
– Ҷасур Олимҷонович, аввало шуморо бо Рӯзи шаҳри Самарқанд ва ба вазифаи сарвари ин боргоҳи илмӣ таъин гардиданатон табрик мегӯем.
– Ташаккур! Воқеан, ба Сайқали рӯйи замин – Самарқанди бостонӣ, ки дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст, омадану дар яке аз донишкадаҳои бонуфузи он фаъолият бурдан ҳам шараф ва ҳам масъулият мебошад. Бовар кунед, ба курсии ректор нишастаму вуҷудамро ҳаяҷон фаро гирифт. Охир дар ин боргоҳи илм беш аз 40 ҳазор мутахассисон таҳсил гирифтаанд, ки дар байни онҳо академикҳо Мансуров, Зокиров, Мӯсобоев, Ғуломов, Орифов ва бисёр дигарон ҳастанд.
Нахустин ректор Лев Немсович буд ва он айём ҳамагӣ 160 нафар ба хондан қабул шудаанд. Сипас, ба он Ю. Недосеков,  Х. Зоҳидов, Р. Абдуллоев, А. Одилов, М. Мирзомуҳаммадов, М. Ҳаитов, У. Ваҳҳобова, А. Шамсиев роҳбарӣ кардаанд.
Ҳоло дар боргоҳи тиббӣ қариб 5 ҳазор донишҷӯ асрори табобатро меомӯзанд, ба онҳо беш аз ҳазор нафар устодон сабақ медиҳанд. 
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки пас аз ба донишгоҳ табдил ёфтани донишкада нуфузу эътибори он боз ҳам афзун хоҳад шуд. Дар оянда аз хориҷа низ довталабон қабул шуда, таҳсил дар андозаи байналхалқӣ ҷараён мегирад. Ҳоло сохтмони иншооти нав ба охир мерасад. Пас аз ба истифодабарӣ супурда шудани ин бинои нави замонавӣ парастуҳои аввалин аз Ҳиндустон омада таҳсил хоҳанд гирифт.
– Ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ чӣ хел аст?
– То имрӯз бо бист кишвари Аврупо ва 7 давлати Осиёи Марказиву Ҷопон шартнома дорем. Дар байни онҳо Донишгоҳи миллии Чувашистон (Русия), Донишгоҳи миллии Тернопол (Украина), Мактаби олии Полша, Донишгоҳи тиббии Белорус ва ғайра ҳастанд. Минбаъд мубодилаи таҷрибаи донишҷӯён ва муаллимону профессорон ба нақша гирифта шудааст. Хатмкунандагон соҳиби ду диплом – ҳуҷҷатҳои Донишгоҳи тиббии Самарқанд ва хориҷӣ, яъне мамлакати таҳсилгирифтаашон мешаванд. Зеро мақсади мо ба номгӯйи 1000-гонаи беҳтарин мактабҳои олии дунё ворид шудан аст.
– Инак, соли хониши нав оғоз ёфт. Ҷараёни таҳсил чӣ гуна аст?
– Алҳол дар тамоми дунё муаммои асосӣ – вируси тоҷдор аст. Мо қабл аз оғози соли хониши нав тайёрии ҳамаҷониба дидем. Ҳамаи маводи таҳсилро ба формати электронӣ дар шабакаи махсус ҷойгир намудем. Ҳоло донишҷӯёни мо дар шакли онлайн таҳсил мегиранд. Лекин бояд иқрор шуд, ки устодону шогирдон пазмони дарсхонаҳо ва шакли таълими анъанавӣ мебошанд. Воқеан, дар соли хониши 2020-2021 беш аз ҳазор нафар донишҷӯ шуданд. Аксарияти онҳо факултаи навтаъсиси табобати халқиро маъқул донистанд.
– Ба фикри шумо табобат чист ва шифокор кист?
– Ҳиппократ таъкид кардааст, ки дар байни санъатҳо санъати табобат олиҷанобтарин аст. Адиби тавонои рус Чехов менависад, ки пешаи табиб ҷасорат ва он касб садоқату фидокорӣ, қалбу фикри тозаро талаб мекунад. Мӯъҷизаи табобат дар эътибори дақиқназаронаи шифокор ба бемор аст. Суҳбати маҳрамона, дилнишин ва чеҳраи кушоди табиб оғози шифо ёфтани шахси хаста мебошад.
Имрӯзҳо дар тамоми дунё, аз он ҷумла, дар кишвари мо бо пандемияи «COVID-19» мубориза идома дорад. Табибони мо ҳам дар ин самт фидокорона меҳнат мекунанд. Ин фидокории онҳоро садоқат ба касб ва ба савганди Ҳипократ гӯем, хато нахоҳад шуд.
– Чӣ сабаб шуд, ки шумо пешаи табибиро интихоб кардед?
– Бобоям духтури дандон буд. Ман кори ӯро дӯст доштам. Тақдирро бинед, ки падари бузургворам панҷ маротиба ба Донишкадаи тиббии Тошканд ҳуҷҷат супорида, бахташ натофта будааст. Шояд аз ҳамон сабаб таъкид мекард, ки орзуяш касби боборо гирифтани ман аст. Камина пас аз хатми мактаби таълими умумии рақами 254-уми пойтахт шомили Донишкадаи тиббии Тошканд шудам. Солҳои таҳсил бештари вақти ман болои китобҳои дарсӣ гузашт. Донишкадаро бо дипломи имтиёзнок хатм карда, таҳти роҳбарии профессор Ҳайдар Комилов рисолаи номзадӣ ва сипас зери назари профессор Абдуҷаббор Бобоҷонов рисолаи докториро ҳимоя намудам. Бо гузашти айём устод шудам ва 14 нафар шогирдонам унвонҳои илмӣ гирифтанд.
– Имсол дар Донишкадаи давлатии тиббии Самарқанд имтиҳонҳои қабул чӣ хел гузаштанд?
– Талаби асосии Президент решакан кардани коррупсия аст. Мо барои шаффофият аз камераҳои назоратӣ пурсамар истифода бурдем. Лекин дар ин самт бисёр меҳнат кардан лозим аст. Умед дорем, ки ин иллат аз байн меравад. Зеро бо устодони тамаъгар, худписанд муросо нахоҳем кард. Аллома Ҷалолиддини Балхии Румӣ байте дорад:
Чун диҳад қозӣ ба дил 
ришват қарор,
Кай шиносад золим аз 
мазлуми зор?!
– Ҳоло дар донишкада «стипендияи ректор» ҷорӣ шудааст. Он ба чӣ гуна донишҷӯён дода мешавад?
– Президент дар ҷамъомади селекторие, ки бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён баргузор кард, таъкид намуд, ки толибилмони болаёқатро бояд ҳаматарафа дастгирӣ кунем. Ана барои ҳамин ҳам мо «стипендияи ректор»-ро ҷорӣ кардем. Донишҷӯёни аълохон, дар корҳои ҷамоатӣ фаъол ва ба ҳимояи иҷтимоӣ мӯҳтоҷ дар асоси хулосаи комиссияи махсус ба миқдори 5 баробари стипендия рағбатнок карда мешаванд. Ин ҳар моҳ дода мешавад.
– Ҷасур Олимҷонович, мақсадҳои оянда аз чӣ иборатанд?
– Мақсади асосӣ тайёр кардани кадрҳои баландихтисос аст. Чунки шифокорӣ инсонпарварист ва дар айни ҳол масъулиятнок ҳам мебошад.
Аз имконият истифода бурда, тавассути рӯзномаи шумо кулли самарқандиёнро бо Рӯзи шаҳр табрик мегӯям, барои мардуми сарбаланди ин замини муборак тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорам.

Мусоҳиб 
З.ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: