«ПЕШГИРӢ АЗ ДАРМОНКУНӢ АФЗАЛТАР АСТ»

Дар саросари кишварҳои ҷаҳон алайҳи фасодкорӣ ё коррупсия шадидан мубориза мебаранд.

Дар саросари кишварҳои ҷаҳон алайҳи фасодкорӣ ё коррупсия шадидан мубориза мебаранд. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон низ фасодкорӣ аз ҷурмҳои сахттарин маҳсуб меёбад, ки афрод барои он ҷазои муносиб мегиранд. Мухбирамон бо раиси Созмони бозрасии кулли Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Дарвешиён Боязӣ , ки дар ҷамъомади чоруми роҳбарони идораҳои муборизаи зидди коррупсия ва Омбудсманҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди ҳамкории иқтисодӣ дар Тошканд иштирок намудааст, суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки муҳтавои он пешкаш мегардад.
— Оқои Дарвешиён Боязӣ, дар ин нишасти доманфарохе, ки шумо ширкат ва суханронӣ кардед, фасодкорӣ ба ҳайси яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи фасодкорӣ чи гуна бархурд сурат мегирад?
– Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим. Созмони бозрасӣ дар Эрон, ки як дастгоҳи зидди фасод ва Омбудсмани Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, зери назари раиси қувваи қазоии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Ин як созмони мустақил буда, нозир ба фаъолиятҳои давлат ва ҳамаи дастгоҳҳои иҷроӣ ва идории он ба шумор меравад. Яке аз мавзӯъоти муҳими мо дар Эрон баҳси муборизаи ҷиддӣ бо фасод аст. Мо фикр мекунем, ки яке аз чолишҳои имрӯзи ҷаҳон низ баҳси ҳамин иллат дар ҷомеаҳои онҳо арзёбӣ мегардад. Агар бихоҳем, ки дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рушду тавсеаро соҳиб шавем, ҳатман бояд бо фасод ба таври ҷиддӣ ва асосӣ мубориза кард. 
— Шумо дар назар доред муборизаи доманфарох бо фасодро, дуруст аст?
— Бале. Иродаи қотеъи масъулини Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳз дар мубориза бо фасод ҳаст, ки албатта, онро дар чанд бахш мешавад хулоса ё натиҷагирӣ кард. Ба таври мисол, мубориза дар робита бо сохторҳои фасодзо пиёда карда мешавад, яъне он сохторҳое, ки ин иллат он ҷо реша давондааст. Агар мо сохторҳоеро аз байн бибарем, ки мӯъҷиби фасод ҳастанд, дар он сурат метавонем чунин шумурд, ки ба коҳиши фасод то андозае дар кишвари худ ба пешрафт ноил шудаем. Ҳамчунин ислоҳи баъзе аз қонунҳо ва муқаррароте, ки дар дастури кори Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаст, яке аз онҳо баҳси таорузи манфиатҳо мебошад.  Яъне касе ҳам дар дастгоҳи давлатӣ бошад ва ҳам берун манфиате дошта бошад, ҳатман бояд амали вай ҷилавгирӣ шавад.
— Боз кадом омилҳо барои коҳиши фасод ва фасодкорӣ метавонанд мусоидат кунанд?
— Яке аз мавзӯъоте, ки барои ҷилавгирӣ аз фасод ба сифати омили муҳим дониста мешавад, эҷоди шаффофият мебошад. Шаффофият дар муомилот, шаффофият дар содироту воридот ва  ҳамаи фаъолиятҳои дастгоҳҳои давлатӣ мадди назар мебошанд. Мо дар санади таҳавуле, ки дар бахши қувваи қазоӣ алайҳи фасод пешбинӣ кардем, эҷоди сомонаи ҳушманд барои сабти таклифҳои қонунии ҳамаи дастгоҳҳои иҷроӣ ва дар ин замина иҷрои вазифаҳое мебошанд, ки зери назорат гирифта мешаванд. 
— Дар кадом соҳаҳо бештар ин иллат ба мушоҳида мерасад?
— Яке аз бахшҳое, ки дар он фасоду фасодкорӣ имкони бештари зуҳур кардан дорад, бахшҳои моливу пулӣ ва гумрукӣ мебошанд. Сомонаҳоеро мо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон пешбинӣ кардем, ки ба 80-90 дарсад корҳо пешрафт кардаанд, тамоми корҳои алоқаманд бо масоъили молӣ, пулӣ, гумрукӣ, содирот, воридот ва тавзеъи колоҳо дар ин сомонаи мутамаркази ҳушманд сабт мешавад ва қобили расад ҳаст. Яъне як молу маводе, ки аз гумрук рухсат дода ва ё тавзеъ мешавад, аз тариқи сомона ҳамаи ин фарояндаҳо мавриди назорат қарор мегиранд, то ки фасод сурат нагирад.
— Оё шахсиятҳои ному мақомашон низ аз ҷониби кормандони идорае, ки шумо дар раъсаш қарор доред, ҷиддан бозрасӣ мешаванд?
— Бароятон тавзеҳ медиҳам, ки яке аз самтҳои дигаре, ки ба ақидаи мо тавассути он фасод ҷиддан ҷилавгирӣ карда мешавад, иродаи қавӣ ва бархурди бидуни табъиз бо муфсидин аст. Агар мо бо афроди табақаи боло ё муваззафи коре ҷиддан бархурд накунем ва танҳо бо шахсоне сару кор дошта бошем, ки дар қишри поёни ҷомеаи мо қарор доранд, дар мубориза бо фасод ҳаргиз муваффақ нахоҳем шуд. Ба ҳамин маънӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ тафовут намекунад, ки муртакиби ин ҷиноят кист. Ҳатто, баръакс, мо ба афроде бархурди ҷиддӣ мекунем, ки сари ягон вазифаи калони давлатӣ меистад.   
— Афроде, ки даст ба фасод мезананд, дар кишвари шумо чи гуна ба ҷазо кашида мешаванд?      
— Бароятон арз мекунам, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар робита бо афроде, ки фасодкорӣ мекунанд, ҷазои сахт таъйин карда мешавад. Яъне аз эъдом гирифта то ҳабсҳои тӯлонӣ, ҳамчунин ҷаримаҳои калони молӣ онҳоро интизор аст. Ба наздикӣ онҳое, ки дар кишвари мо муҳокимаи аланӣ шуданд, аз бист то сӣ сол муҷозот гардидаву пардохти миллиардҳо туман (манзур пули эронӣ аст) бар дӯши онҳо гузошта шуд. Барои чунин афрод дар оянда шуғл ба фаъолиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ низ  маҳдуд сохта мешавад. Ба ибораи дигар, онҳо ҳатто наметавонанд барои намояндаи мардумӣ дар шӯроҳои шаҳру ноҳия низ номзад пешбарӣ кунанд, дар сари ягон кору вазифа бошанд, аз ин масъулият низ барканор мешаванд.
— Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мардум кам аз муҷозот шудани шахсиятҳои дорои вазифаҳои баланд огоҳ мебошанд. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мардум то куҷо огоҳи ин раванди кор ҳастанд?
— Мо фикр мекунем, ки яке аз омилҳои боздорандаи фасод иттилоърасонии умумӣ аст. Мардум бояд бидонанд, ки ҳукумат дар ҷилавгирӣ аз фасод ҷиддан машғул аст. Гузашта аз ин, он афроде, ки даст ба фасод мезананд, бояд огоҳ бошанд, ки мардум аз амали онҳо хабардор карда шудаанд ва обрӯву эътиборашон ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯст. Агар фард эҳсос кунад, ки обрӯ аз ҳар гуна молу пул боло меистад, даст ба ин кор намезанад. Иқдомоти дигаре, ки дар ҷумҳурии мо пиёда мешавад, пешгирӣ аз фасод аст. Агар нафаре тасмиме гирифта бошад, ки аз роҳи фасод пулу мол ба даст меорад, мо чунин нафарҳоро ҳушдор медиҳем, ки дар пеш ӯро ҷиҳо интизоранд. Мардуми мо мегӯянд: “Пешгирӣ беҳтар аз муолиҷаи беморист”. Барои ҳамин дар заминаи мубориза бо фасод мо корҳои ҷилавгириро тавсеа бахшидаем, то ки ин иллати ногуворро дар ҷомеаи худ коҳиш бидиҳем. 
— Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин самт чӣ гуна метавонанд ҳамкориҳои худро густарда созанд?
— Тибқи тасмими охир дабирхона ё дафтари Омбудсманҳои узви Созмонҳои ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Теҳрон мустақар мешавад. Мо дар чаҳорчӯби Омбудсманҳои кишварҳои исломӣ ва Омбудсманҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Ӯзбекистон, ҳамчунин Тоҷикистон ва кишварҳои боқимондаи узви СҲИ робитаҳои қавӣ барқарор кардаем ва ин раванд беш аз пеш тавсеа дода хоҳад шуд. Ин имкон медиҳад, ки мо дар иттиҳоду ҳамбастагӣ аз таҷрибаи ҳамдигар истифода кунем ва дар мубориза бофасод ба дастовардҳои бузург ноил шавем.
— Ташаккур аз суҳбати пурмуҳтавои шумо!

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: