ПЕШГИРӢ АЗ САВДОИ ОДАМ

Пеш аз ҳама мову шумо бояд донем, ки савдои одам чист ва он ба ҷомиаи имрӯза, алалхусус ба наврасону ҷавонон чӣ зарару зиёне дорад.

Пеш аз ҳама мову шумо бояд донем, ки савдои одам чист ва он ба ҷомиаи имрӯза, алалхусус ба наврасону ҷавонон чӣ зарару зиёне дорад.
Бояд гуфт, ки савдои одам инсон, шаъну шараф, қадру қимати ӯ ва ҳаёти осоиштаи мардумро поймол мекунад ва як навъи ҷинояти трансмиллӣ аст. Ташвишовартар он аст, ки ба ин гирдоб асосан ҷавонон ва занону духтарон меафтанд.
Маълум аст, ки одамон бо қадру қимати худ ва баробарҳуқуқ таваллуд меёбанд. Ин қоида соли 1948 дар Декларатсияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи инсон, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии умумиҷаҳонӣ ва умумибашарӣ, қонунгузории миллӣ сабт шудааст.
Савдои одам инсонро итоаткор ва беқадр мекунад. Дар паси ин фаъолияти ҷиноӣ меҳнати маҷбурӣ, ғуломӣ, донори маҷбурӣ, манфиатбардорӣ ва фоҳишабозӣ барин иллатҳои зишту аз доираи инсонгарӣ берун муҷассам шудаанд. Ниҳоят, ин амали риёкорона барои ҷинояткорон чун манбаи даромад хидмат мекунад. Бино бар баҳои экспертҳои байналхалқӣ дар дунё даромади солона аз савдои одам ба чандин миллиард доллари амрикоӣ баробар будааст. Мутаассифона, ҳоло касоне, ки мубталои ин иллат шудаанд, кам нестанд.
Воқеан, онҳое, ки ба савдои одам машғуланд, бо мақсади пинҳон кардани «кирдукорашон» ҳаракат менамоянд қурбониёни ин амали зиштро, ба қадри имкон аз эътибор соқит намоянд. Аз ҷониби дигар бо мақсади манфиатҳои ғаразноки худ ҳуҷҷатҳои шахсии эшон аз қабили паспорт, карточкаи муҳоҷират ва ғайраро ғайриқонунӣ соҳибӣ карда, барои муроҷиаташон ба ваколатхонаҳои дахлдори ҳамон давлат монеъгӣ мекунанд. 
Аз ин рӯ, алҳол дар аксар давлатҳои дунё ба масъалаи мубориза бар зидди савдои одам эътибори ҷиддӣ дода, ба ин тадбир идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва воситаҳои ахбори умум васеъ ҷалб карда мешаванд.
Аз рӯйи маълумот ва таҳлилҳо аён мегардад, ки шаҳрвандони ба фоҳишабозӣ машғул асосан дар Аморати Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Русия, Таиланд, Туркия, Ҳиндустон, Исроил, Малайзия ва кишварҳои дигари дунё ба чашм мерасанд. 
Ин ҷо суоле ба миён меояд. Дар ҷумҳурии мо барои пеши роҳи савдои одамро гирифтан чӣ гуна корҳо ба сомон расонида мешаванд, баҳри ҷонноктар сохтани ин фаъолият чӣ тадбирҳои судбахш амалӣ мегарданд?
Ногуфта намонад, ки алъон бо ташаббуси хайрхоҳонаи сарвари давлат баробари ба мардум, одамони оддӣ шароити хубу мусоиди ҳаёт муҳайё намудан, ҳимоя кардани озодӣ ва ҳуқуқи онҳо  барин мақсадҳои наҷиб низ амалӣ мешаванд, ки инро мо дар ҳаёти ҳаррӯза мушоҳида менамоем. Яъне, баҳри гирифтани пеши роҳи ҷинояти ба савдои одам вобаста ва мубориза бар зидди он корҳои муайян ба сомон мерасанд. Корҳои тарғиботию ташвиқотие, ки то имрӯз дар миёни ҷавонон бурда мешаванд, «мизи мудаввар», корҳои фаҳмондадиҳӣ, ки байни мардум амалӣ мешаванд, албатта, натиҷа медиҳанд. Ин ҳама дар навбати худ ба гирифтани пеши роҳи савдои одам хидмат хоҳад кард.

Тошмурод ӮРИНОВ, 
майори шуъбаи нақлиёти истгоҳи роҳи оҳани Сариосиё.
Бекзод АРЗИЕВ, 
лейтенант, 
инспектори ҳамин шуъба.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: