Пешниҳоди Эрон перомуни мақоми забони форсӣ

Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод кардааст, ки забони форсӣ ба унвони шашумин забони расмии Созмони Милали Муттаҳид эътироф гардад.

1 ноябри соли 2021 Маҷид Тахт-Равончӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, дар нишасти дувоздаҳум ва сездаҳуми  Кумитаи вижаи сиёсӣ ва истеъмории СММ (Кумитаи чаҳорум) зимни эъломи мавзеъгирии кишвараш дар мавриди истифодаи фазои осоиштаи Мовароуннаҳр, нақш ва ҷойгоҳи Кумитаи илмии СММ оид ба таъсири радиатсияи ҳастаӣ, поксозии минаҳо ва ғайра ба масъалаи забони форсӣ дахл намуда, хостори эътирофи забони форсӣ ба унвони шашумин забони расмии Созмони Милали Муттаҳид шудааст.

Намояндаи вижаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин барои афзоиши ҳузури худ дар амалиёти ҳифзи сулҳ аз назари логистикӣ, низомӣ, истиқрори нерӯҳо, нозирони низомӣ, пулис ва ғайринизомиён  низ ишора кардааст.

Гуфта мешавад, ки забони форсӣ дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, бахше аз манотиқи Ӯзбекистон, Покистон, Ҳинд, инчунин бархе аз кишварҳои арабӣ ва ҷанубу шарқи Осиё васеъ паҳн шудааст. Ин ҳол Ҷумҳурии Исломии Эронро водор кардааст, ки СММ ба манзури арҷгузорӣ ба забони форсӣ, ки решаи чандҳазорсола дорад, ба он ҳамчун шашумин забони расмии Созмони Милал таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: