Президент Шавкат Мирзиёев бо муаррифии таклифҳо оид ба самарабахш ба роҳ мондани татбиқи лоиҳаи умумимиллии «Яшил макон» («Макони сабз»), мувофиқгардонии кори идораи хоҷагии ҷангал шинос шуд.
Соли гузашта ба мақсади зиёд кардани майдони ниҳолҳои сабз бо ташаббуси роҳбари давлат ба лоиҳаи умумимиллии «Яшил макон» ибтидо гузошта шуда буд. Қарор дода шуд, ки дар доираи лоиҳа ҳар сол 200 миллион адад ниҳол ва буттаҳо нишонда шаванд. Мақсад гузошта шуд, ки майдони минтақаҳои сабз аз 8 фоизи ҳолоина то ба 30 фоиз расонида шавад.
Дар тӯли муҳлати кӯтоҳ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо 535 гектар ҷангалзор ва 638 гектар боғҳои ҷамъиятӣ барпо гардиданд. Дар назди Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал корхонаи маҳдуди давлатии «Яшил ҳудуд» таъсис ёфт ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд.
Таҳлили вазъи экологии кишвари мо ва корҳои иҷрошуда зарурияти минбаъд вусъат додани ин ҳаракатро собит менамоянд. Аз ҷумла, муфлисшавии ҳавои муҳит бинобар воситаҳои гуногуни кимёӣ ва филизоти вазнин меафзояд. Дар кори Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шуъбаи ниҳолшинониву нигоҳубини дарахтони ҳокимиятҳо вазифаҳо дақиқ муайян нашудаанд.
Вобаста ба ин пешниҳод гардид, ки Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал бинобар фаъолияти мазкур ягона ташкилоти масъул муайян карда шавад. Бунёди боғҳо ва хиёбонҳои ҷамъиятӣ, нигоҳубини дарахтҳо ва маводи онҳо тӯли 3 сол ба зиммаи корхонаи «Яшил ҳудуд» гузошта шуд.
Ҳамчунин чорабиниҳо бинобар мушаххас ва лоиҳасозии қитъаҳои замин барои ниҳолшинонӣ, зиёд кардани миқдори ниҳолҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои обсарфакунанда, хариди техникаҳои махсус барои хоҷагии ҷангал баррасӣ шуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев муҳимияти ин корҳоро барои экологияи мамлакат ва саломатии аҳолии мо таъкид намуда, супориш дод, ки чорабиниҳои пешниҳодшуда таҷдиди назар ва миқёси онҳо мушаххас карда шаванд.