Пешниҳодҳо оид ба беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ муҳокима гардиданд

  • Пешниҳодҳо оид ба беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ муҳокима гардиданд
  • Пешниҳодҳо оид ба беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ муҳокима гардиданд
  • Пешниҳодҳо оид ба беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ муҳокима гардиданд

Президент Шавкат Мирзиёев 16 июл бо тақдимот дар бораи чорабиниҳо оид ба беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақаҳо ва афзудани мавҷи сайёҳони хориҷӣ шинос гардид.

Вазифаҳои марбут зимни ҷамъомади видеоселекторӣ ва гуфтугӯ бо соҳибкорон 3 июни соли ҷорӣ муҳокима гардида буд. Дар асоси вазифаҳое, ки он вақт гузошта шуда буд ва пешниҳодоти арзгардида чорабиниҳои иловагӣ таҳия гаштаанд, ки ба рушди соҳа равон гаштаанд.

Аз он ҷумла, бо мақсади таъмини ташкилотҳои сайёҳӣ бо маблағи гардишӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба мамлакатамон бахши алоҳидаи кредит аз Фонди таҷдид ва рушд ба миқдори 50 миллион доллар боз мегардад. Ин кредит бо асъори миллӣ бинобар ставкаи 17 фоизи солона ба муддати 10 сол бо давраи имтиёзноки 2-сола ҷудо карда мешавад.

Дар минтақаҳое, ки молики зарфияти баланд мебошанд, объектҳои сайёҳӣ дар асоси мастер-план сохта мешаванд. Барои беҳсозии инфрасохтори чунин минтақаҳо соли ҷорӣ аз бюҷаи ҷумҳурӣ 100 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад. Инчунин ба ҳар яки он сармоя дар ҳаҷми 50 миллион доллар ҷалб карда мешавад.

Инчунин чандин имтиёз барои соҳибкороне, ки дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият доранд, пешбинӣ мегардад. Озод намудани автобус ва микроавтобусҳо аз пардохти гумрук, ҷуброни туроператорон ва ҳунармандон ба миқдори 50 фоизи харҷе, ки бо иштирок дар ярмаркаҳои байналхалқӣ алоқаманданд, 50 фоиз кам намудани андоз аз даромади соҳибкороне, ки бо иштироки меҳмонони хориҷӣ чорабиниҳои тиҷоратӣ ташкил менамоянд, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 

Роҳбари давлат ногузирии ба вуҷуд овардани тамғаи миллии сайёҳии Ӯзбекистонро таъкид кард. Бинобар ин аз талаботи бозорҳои мақсаднок бар омада, контент дар бораи намудҳои сайёҳӣ дар мамлакатамон ба вуҷуд оварда мешавад. Вай дар расонаҳои байналхалқӣ ва пойгоҳҳои иҷтимоӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва ҳунарии ҷаҳонӣ ташвиқ карда мешавад. Журналистон, блогерҳо ва инфлюенсерҳои молики аудиторияҳои бисёр ҷалб карда мешаванд.

Барои шароити мусоиди сайёҳон онлайн-платформаи ягона дар бораи тамоми парвозҳо, ҳаракатҳои поезд ва автобусҳо бо имконоти ба даст овардани билетҳо ба роҳ андохта мешавад. Билетҳои парвоз, роҳи оҳан ва автобусҳо дар муддати на камтар аз шаш моҳ то ҳаракати онҳо ба фурӯш гузошта мешавад. Ҳангоми ҷашнҳои умумихалқӣ парвозҳои иловагӣ гузошта мешавад. Маълумот дар ин бора дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам эълон карда мешавад.

Инчунин масъалаи тарбияи мутахассисони соҳа муҳим мебошад. Аз соли хониши оянда дар ин самт чандин навоварӣ дар назар дошта шудааст.

Аз ҷумла, барномаҳои таълимӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ дар асоси таҷрибаи муассисаҳои таълимие, ки шомили рӯйхати 100-тои беҳтарини таснифи ҷаҳонӣ мебошанд, такмил дода мешаванд. Ба ҷойи 4 соли таҳсили таълими олӣ дар соҳа 3 сол ҷорӣ карда мешавад. Ба донишҷӯён имконоти ҳамзамон бо таълим кор бинобар ихтисос дода мешавад, ки онҳо сабақи касбии худро бевосита дар ҷойи кор инкишоф медиҳанд. Дар донишгоҳҳои давлатии Андиҷон, Бухоро, Самарқанд ва Урганч, донишгоҳҳои шарқшиносӣ, забонҳои ҷаҳон ва «Роҳи абрешим» доир ба тарбияи гидҳо курсҳо ташкил карда мешаванд.

Роҳбари давлат доир ба таҳияи ҳуҷҷати марбут ва босамар ташкил намудани иҷрои он супориш дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: