Пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани сифати таълими мактабӣ баррасӣ шуданд

  • Пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани сифати таълими мактабӣ баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани сифати таълими мактабӣ баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба беҳтар намудани сифати таълими мактабӣ баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани сифати таълими мактабӣ ва ихтисоси педагогҳо шинос шуд.

Шавқу ҳаваси талабагон ба фанҳо ва азхудкунии онҳо аз бисёр ҷиҳат ба донишу маҳорати муаллимон вобаста аст. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, низоми баҳодиҳии дониш такмил дода мешавад.

Дар бораи пешниҳодҳои дар ин самт таҳияшуда шахсони масъул ҳисобот доданд.

Қайд карда шуд, ки низоми нави аттестатсия, ки ба  технологияҳои пешрафта асос ёфтааст, ҷорӣ карда шудааст. Дар он зиёда аз 190 ҳазор нафар муаллимон иштирок карда, дар натиҷа тоифаи 51 ҳазор нафар муаллимон баланд бардошта шуданд.

Таъкид карда шуд, ки дар мактабҳо бояд ба таври доимӣ афзоиши шумораи муаллимони касбиву дар болои худ кор кунанда  ҳавасманд гардонда шавад.

Пешниҳод шуд, ки аз моҳи сентябри соли 2025 миқдори музди меҳнати  омӯзгорони дорои категорияи олӣ ва тахассусии якум зиёд карда шавад.

Дастурҳо дода шуданд, ки барои омӯзгороне, ки аз аттестатсия нагузаштаанд ва таҷрибаи кофӣ надоранд, барномаи алоҳидаи такмили ихтисос таҳия ва амалӣ карда шавад.

Дар ин раванд бояд аз имкониятҳои марказҳои такмили ихтисос ва омӯзишгоҳҳои педагогӣ пурра истифода бурд. Ба ин мақсад, дар асоси таҷрибаи Мактабҳои президентӣ  дар Донишкадаи миллии тадқиқотии ба номи Абдулло Авлонӣ дар ҳар 5 сол низоми такмили ихтисоси мудирону мураббиёни кӯдакистону мактабҳо ташкил карда мешавад.

Вазифа гузошта шуд, ки 11 коллеҷи омӯзгории минтақаҳо ба тобеияти Марказҳои такмили ихтисос дода, ба онҳо аз хориҷи кишвар мураббиён ҷалб карда шаванд.

Хабар дода шуда буд, ки дар заминаи коллеҷҳои педагогии сарбориашон кам боғчаю мактабҳо, техникумҳо ва мактаби «Баркамол авлод» ташкил карда мешаванд.

Бо мақсади паҳн намудани таҷрибаи пешқадам соли гузашта дар 500 мактаб низоми баҳодиҳии Мактабҳои президентӣ ҷорӣ карда шуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар онҳо давомоти хонандагон аз 53 то 59 фоиз афзуд. Барои роҳбарон ва муаллимони мактабҳое, ки натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд, иловапулӣ то 40 фоиз муқаррар карда шудааст.

Ба ин муносибат аз соли нави хониш ин низоми мазкури баҳодиҳӣ дар 1 ҳазор мактаби дигар мавриди истифода қарор мегирад. Ба онҳо 182 мактаби махсус ва 500 мактабе, ки системаро санҷидаанд, вобаста карда мешавад.

Ҳамчунин, 270 мактаб бо тахтаи интерактивӣ ва 365 мактаб бо синфҳои компютерӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар тақдимот инчунин таклифи дар базаи Пажӯҳишгоҳи фанҳои педагогии Ӯзбекистон ба номи Карӣ Ниёзӣ ташкил кардани Донишкадаи миллии педагогикаи таълимӣ баррасӣ гардид. Донишкадаи нав вазифадор карда мешавад, ки ҳамкориҳои "маҳалла – падару модар – мактаб"ро мустаҳкам намояд, барои падару модар ва кӯдакон адабиёти таълимӣ эҷод намуда, андешаҳои дидактикии ҷадидонро аз ҷиҳати илмӣ таҳқиқ созад. Фаъолияти Шӯрои олимон аз рӯи 5 ихтисос, инчунин омодасозии кадрҳо оид ба магистратура ва докторантура ташкил карда мешавад.

Бар замми ин, ба масъалаҳои дар мактаби маҳорати варзишии Баҳодир Жалолов ва Оксана Чусовитина ҷорӣ кардани усулҳои байналмилалӣ, беҳтар гардондани сифати таълим ва машқҳо таваҷҷуҳ карда шуданд.

Сарвари давлат оид ба баланд бардоштани сифати тайёрии омӯзгорон, ташкили низоми одилонаи баҳогузорӣ ва ҳавасмандгардонӣ дастурҳо дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: