Пешниҳодҳо оид ба истифодаи чарогоҳҳо баррасӣ шуданд

  • Пешниҳодҳо оид ба истифодаи чарогоҳҳо баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба истифодаи чарогоҳҳо баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба истифодаи чарогоҳҳо баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба ҳифз ва истифодаи самарабахши ҷарогоҳҳо шинос шуд.

Сарвари давлат дар ҷаласаи 23 январи соли ҷорӣ оид ба масъалаҳои кишоварзӣ дастури дахлдор дод.

Мамлакати мо зиёда аз 21 миллион гектар чарогоҳ дорад, ки онҳо барои бисёр чунин соҳаҳо, ба монанди чорводорӣ, кирмакпарварӣ, занбури асалпарварӣ захираи муҳим мебошанд. Аммо тартиби мавҷудаи истифодаи онҳо рушди соҳибкорӣ ва парвариши маҳсулотро дар чарогоҳҳо маҳдуд мекунад.

Дар робита ба ин пешниҳод шудааст, ки лоиҳаи қонун «Дар бораи чарогоҳҳо» дар таҳрири нав ва тартиби ба иҷора додани замини чарогоҳ таҳия карда шавад.

Ин барои амалӣ гардондани бисёр лоиҳаҳои иқтисодӣ шароит фароҳам меоварад. Аз ҷумла, бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Испания ва Португалия 4 лоиҳа ба маблағи 7,8 миллион доллар ташкил шудааст, ки аз ҳисоби грантҳои созмонҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ мешаванд. Созмон додани корхонаҳо оид ба истеҳсоли хӯрока дар вилоятҳои Қашқадарё ва Самарқанд, ташкили Лабораторияи тадқиқоти генетикии чорво, инчунин ҷорӣ кардани идентификатсияи рақамии чорвои хурди шохдор ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин аз ҳисоби грантҳои созмонҳои молиявии байналмилалӣ дар чарогоҳҳои масоҳати 500 гектар чоҳҳо сохта, ҷорӣ кардани обёрии қатрагӣ дар асоси манбаъҳои алтернативии энергия дар назар аст.

Чи тавре ки маълум аст, заминҳои чарогоҳ барои парвариши каврак, ки ба Китоби Сурх дохил шудааст, мусоид мебошанд. Айни замон ба муҳити зист ва такрористеҳсоли ин растанӣ зарар расонида мешавад. Агар дар соли 2019 майдони кавраки табиӣ 33 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, пас то соли 2021 онҳо тақрибан ду баробар кам шуданд.

Дар робита ба ин, пешниҳод мешавад, ки миқдори ҷарима барои зарар, ки ба ҳар як буттаи каврак расонида шудааст, зиёд карда, ба мӯҳлати 3 сол мораторий барои истифодаи кавраки тоҷикӣ ҷорӣ карда шавад.

Сарвари давлат ин тадбирҳоро тасдиқ намуда, ҷиҳати татбиқи босамари нақшаҳои пешниҳодшуда супоришҳои иловагӣ дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: