18 октябри соли равон ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории назди Сенат баргузор гардид.
Дар он сенаторон, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин олимон ва мутахассисон иштирок карданд.
Дар ҷамъомад таклифу тавсияҳое, ки вазорату идораҳо, институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин созмонҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ оид ба татбиқи лоиҳаи стратегияи муҳоҷират баён кардаанд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи муҳокима таъкид гардид, ки аксарияти пешниҳоду тавсияҳо барои такмили лоиҳаи таҳияшаванда аҳамияти калон доранд.
Дар ҷамъбасти ҷамъомад дар асоси таклиф, тавсия ва мулоҳазаҳо лоиҳа такмил дода, қарор шуд, ки дар рӯзҳои наздик ба Ҳукумат ворид карда шавад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Сенати Олий Маҷлис.