Пешниҳодҳо оид ба рушди таълим ва илми варзиш баррасӣ шуданд

  • Пешниҳодҳо оид ба рушди таълим ва илми варзиш баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба рушди таълим ва илми варзиш баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба рушди таълим ва илми варзиш баррасӣ шуданд
  • Пешниҳодҳо оид ба рушди таълим ва илми варзиш баррасӣ шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба инкишоф додани тайёр кардани кадрҳо ва тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва спорт шинос шуд.

Ба шарофати шароите, ки дар мамлакати мо фароҳам оварда шудааст, спорт дар байни аҳолӣ торафт бештар оммавӣ мегардад. Торафт шумораи ҷавононе, ки пайваста бо тарбияи ҷисмонӣ машғуланд, меафзояд, аксарият спортро ҳамчун касб интихоб мекунанд. Варзишгарони касбии мо дар мусобиқаҳои байналхалқӣ муваффақиятҳои калон ба даст меоваранд.

Сарвари давлат ба масъалаҳои тарзи ҳаёти солим, шуғли ҷавонон, ҳаракати олимпӣ ва паралимпӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ҷаласаи видеоселекторӣ, ки 23 майи соли ҷорӣ баргузор шуд, ҷиҳати рушди таълими варзишӣ ва ҷорӣ намудани равишҳои далелнок дар соҳа вазифаҳо гузошта шуданд.

Зимни тақдимот нақшаву пешниҳодҳо дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Онхо се ҷиҳати муҳимро дар бар мегиранд: баланд бардоштани сифати таълим дар Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ӯзбекистон ва филиалхои он дар шаҳрҳои Нуқус ва Фарғона, такмил додани системаи идоракунии муассисаҳои таълимии спорт ва такмил додани системаи тадқиқоти илмӣ дар соҳа.

Таъкид гардид, ки аз соли таҳсили 2023-2024 сар карда, барномаҳои таълимӣ аз рӯи дастурҳои мактабҳои олии бонуфузи хориҷӣ ташаккул дода хоҳанд шуд Талаботи тахассусӣ барои ҳамаи барномаҳои бакалаврӣ ва магистратура аз нав дида баромада шуда, сетификатсияи салоҳиятҳо барои арзёбии дониш, малака ва маҳорати омӯзгории хатмкунандагон ва омӯзгорон гузаронида мешавад.

Қарор қабул шуд, ки 5 барномаи бакалаврӣ, ки имрӯз аҳамияти худро гум кардаанд, баста ва 2 ихтисоси нави магистратура кушода шавад. Ба раванди таълиму тамрин мутахассисони ботаҷриба аз федератсияҳо ва коршиносони хориҷӣ ҷалб карда мешаванд.

Довталабоне, ки унвонҳои фахрӣ ва тахассус доранд, дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ғолиб омадаанд, аз супоридани имтиҳони касбӣ озод карда мешаванд. Барои ҳавасмандгардонии донишҷӯён стипендияи давлатии ба номи Паҳлавон Маҳмуд дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода мешавад. Ба беҳтарин хатмкунандагон разрядҳои тахассусии судяи спорт ва мурабии класси дуюм дода мешаванд.

Барои таҳкими робитаи маориф ва илм таъсиси Шӯрои ягонаи нозирон дар назар аст. Ин шӯро барои самаранок ба роҳ мондани фаъолияти роҳбарӣ, таълимию методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва маънавию маърифатии муассисаҳои варзишӣ кумак хоҳад кард.

 Ҳамзамон, ҳадафҳо оид ба то 45 фоиз баланд бардоштани иқтидори илмии Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, зиёд кардани  самаранокии ҳайати омӯзгорон, ҷорӣ намудани коркарду технологияҳои нав, ворид шудан ба рейтингҳои байналмилалӣ гузошта шуданд.

Дар назди Институти илмӣ-тадқиқотии тарбияи ҷисмонӣ ва спорт вазифаҳои нав, аз қабили гузарондани тадқиқот дар соҳаи биомеханика, физиология, фармакология ва генетикаи спорт, трансфер ва тиҷоратигардонии натиҷаҳои фаъолияти илмию инноватсионӣ, татбиқи лоиҳаҳои стартап гузошта шудаанд.

Инчунин дастгирӣ ва баланд бардоштани самаранокии тадқиқоти илмӣ, фиристодани кадрҳои ҷавон ба муассисаҳои таълимии хориҷӣ барои ҳимояи унвони доктори илмҳои фалсафа (PhD) пешбинӣ шудааст.

Тавре маълум аст, дар ноҳияи Яшнободи пойтахт деҳаи олимпӣ бунёд мешавад. Пас аз Бозиҳои осиёӣ дар ин маҷмӯи Вазорати рушди варзиш, федератсияҳои варзишӣ ва Академияи давлатии варзиши Ӯзбекистон ҷойгир хоҳанд шуд, ки соли 2025 ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро пазируфта, супоришҳои иловагӣ дод.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: