ПЕШҚАДАМИ ЗАМОН БОШАНД

Дар ҳамаи давру замонҳо омӯзгорон ва аҳли зиё шахсони пешқадами ҷамъият ба шумор мерафтанд.

 Онҳо  нурбахшандагони зиндагӣ, паҳнкунандагони маърифату илму дониш буданду ҳастанд. Дар ибтидои солҳои сиюм барои хату савод омӯзондан ба мардум ба кӯҳистони Дараи Ниҳон аз шаҳрҳои Хуҷанду Самарқанд ва Панҷакент даҳҳо нафар омӯзгорон омада будаанд. Ҳанӯз куҳансолон номи Шарипов, Натанов, Ҷӯраев ва дигаронро бо эҳтиром ба забон мегиранд. Дертар Зайниев, Аҳмадҷон Баҳриддинов ва ҳамсари соҳибмаърифаташон Муқима Баҳриддинова (Илоҳо, рӯҳашон шод бод!) низ, ки аз Самарқанд омада буданд, солҳои зиёд ба мардуми мо дарс гуфтаанд.
Ҳоло шароити таълиму тарбия ба дараҷаи олӣ тараққӣ мекунад. Аз он ки асри XXI асри пешравии илму техника, замони компутер мебошад, бояд самараи таълим ҳам ба дараҷаи олӣ ва омӯзгор як шахси оддӣ не, балки одами дараҷаи аввал бошад.
Ман ҳам солҳои зиёд дар мактабҳои рақами 12 ва 14 ноҳияи Узун аз фанни  забону адабиёти тоҷик ва алифбои форсӣ дарс гуфтаву ба нафақа баромадам. Ин то соли 2004 буд. Ба ростӣ, дар ҳамон солҳои начандон дур ҳам обрӯю эътибори муаллим то дараҷаи имрӯза набуд.
Муаллим дар он давра бештар бо корҳои берунӣ машғул мешуд. Мо, дар баробари он ки дар рӯзҳои гарму сард хонандагонро ба пахтачинӣ ҷалб мекардем, худамон низ меъёри ҳаррӯзаи худро бояд иҷро менамудем. Ба ноҳияҳои дуртар бо талабаҳои худ ба муҳлати зиёд ба пахтачинӣ мерафтем. Худи ҳамин тақдир дар пешонаи духтурон низ «навиштагӣ» буд.
Ҳоло  меҳрубонию қадршиносӣ нисбати аҳли маориф аз замин то осмон фарқ мекунад. 17 июли соли ҷорӣ Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев доир ба ислоҳу ташаккули соҳаи маориф ҷамъомад барпо намуд. Солҳои охир барои дар асоси талабҳои замонавӣ пеш бурдани ҳамаи зинаҳои таълим фармону қарорҳо қабул гардиданд. Дар асоси қарори Роҳбари давлат аз 30 сентябри соли 2017 дар идоракунии соҳаи маориф тағйирот ворид гашт, вазифа ва соҳаҳои фаъолияташон муайян гардид. Ҳамаи ин нишонаи эҳтироми бузург ба низоми таълим,  сарсупурдагони он – омӯзгорон мебошад. Ин, албатта, сабаби беҳтаршавии сифати таълим, боз ҳам зиёдтар дониш омӯхтани фарзандони мо ва то ба дараҷаи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон расидани илму маърифати мо мегардад.
Зиёд кардани мавқеи ҷамъиятии омӯзгорон ва музди меҳнат, аз ҷиҳати иҷтимоию ҳуқуқӣ дастгирӣ кардани онҳо дар мадди аввал меистад. Сарвари давлат супориш дод, ки тафтиши фаъолияти муаллимон аз тарафи органҳои назоратӣ маҳдуд гардад. Онҳо танҳо бо фаъолияти омӯзгорӣ машғул бошанд.
Ҳамаи ин фармону қарорҳо боиси ифтихор аст. Аз он фахр мекунем, ки меҳнати пурмашаққати муаллимон дар мадди назар аст, ин ба фоидаи кори аҳли ҷамъият мебошад.
Бо вуҷуди он ки дар доираҳои болоӣ қарорҳо қабул мегарданд, баъзе ҳолатҳо моро нигарон месозад. Яке аз мактабҳое, ки дар деҳаи Янгибоғи мо воқеъ аст, рақами 12 мебошад, 36 сол аз ин пеш ба истифода дода шуда буд. Ҳар сол мактаб бо дастгирии танҳо падару модарон таъмир мешавад. Аммо магар волидон имконият доранд, ки бому шифту фарш ва дару тирезаи таълимгоҳро аз нав созанд? Ҳоло мактаб дар ҳолати нохуб қарор дорад. Ин мактаб (сарвараш шогирди ҳамин мактаб Неъматулло Ортиқов) дар ҷамъбасти соли хониши 2017-2018 аз ҷиҳати таълиму тарбия дар миқёси ноҳия ҷои аввалро ишғол кард. Хуб мешуд, ки ин даргоҳи илм пурра таъмир  карда шавад.
Ҳамаи ин ғамхориҳо ба фоидаи кор, барои пешравӣ ва тараққиёти илму маорифи мост, ки боиси хушбахтӣ аст.

Ӯғилой ҶӮРАБОЕВА, омӯзгори собиқ, 
ноҳияи Узун. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: