Дар арафаи соли нави милодӣ бо иштироки ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев ҷамъомади фаъолон баргузор шуд.
Дар он корҳои яксола сарҳисоб карда шуданд ва барои соли нав корҳоро барномарезӣ намуданд. Аз муваффақиятҳои соли сипаришаванда болиданду хурсандӣ карданд, роҳҳои бартараф кардани камбудиҳоеро низ дар миён гузоштанд.
Гуфта шуд, ки дар муддати як сол тибқи нақшаву барномаҳо корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Марказҳои маъмурии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти зиёд тибқи барномаи «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод» хеле рушд намуданд, иншооту иморатҳои зиёд сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Танҳо дар соли 2019 аз байни аҳолӣ аъзои даҳҳо оилаҳо соҳиби ҷову манзил гардиданд.
– Вилояти Фарғона соли 2019 дар тамоми соҳаҳои истеҳсолот, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, таълиму тарбия, варзиш ва амсоли он муваффақиятҳои калон ба даст овард. Аз рӯи натиҷагириҳо дар доираи ривоҷёбии иҷтимоиву иқтисодӣ 372 лоиҳа татбиқ гардид, ки иҷрои он 1 триллиону 800 миллиард сӯмро тақозо намуд. Аз ин ҳисоб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 6 ҳазор ҷои нави кор фароҳам оварда шуд,– гуфт Шуҳрат Ғаниев.
Дар ҷараёни иҷрои ин корҳо ба маблағи 500 миллиард сӯмина маҳсулот низ истеҳсол гардид. Мувофиқи барномаи сармоягузорӣ дар 77 объекти сохтмонии дорои мақоми иҷтимоӣ корҳои таҷдид ва тармими куллӣ ба ҷо оварда шуданд.
– Дар вилояти мо як анъанаи хуб ҳаст. Аз рӯи ҷамъбасти сол ва соҳаҳо озмунҳо эълон карда мешаванд ва ғолибон бо мукофотҳо сарфароз мегарданд, – мегӯяд роҳбари дафтари матбуоти ҳокимияти вилоят Муҳаммадҷон Обидов.– Дарвоқеъ, мукофот – ба роҳбарони ҷамоа, идора, ноҳия ё вилоят аст, ки машғули меҳнати ҳалол ҳастанд, вазифаву кори ба зимма гирифтаашонро бо эҳсоси масъулият ба ҷо меоранд.
Дар толори барҳавои Маркази соҳибкорони вилоят марҳилаи ниҳоии озмун натиҷагирӣ шуд. Маросими ба ғолибон супурдани мукофотҳо ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт. Аз рӯи номинатсияҳои «Ноҳияи аз ҳама намунавӣ» ғолибиятро ноҳияи Данғара ба даст овард. Мувофиқи номинатсияи «Шаҳри аз ҳама беҳтарин» бартарият ба шаҳри Фарғона дода шуд. Дар номинатсияи «Ташкилоти аз ҳама намунавии муассисаҳои томактабӣ» муассисаи томактабии рақами 18-и ноҳияи Бешариқ соҳиби мукофот гашт. Мукофотҳои «Кӯчаи аз ҳама обод», «Донишгоҳи аз ҳама намунавӣ», «Журналисти аз ҳама фаъол» низ ба соҳибонашон тақдим карда шуданд.
Зимни супурдани мукофотҳои хотиравӣ марказҳои миллӣ-фарҳангӣ низ дар канор намонданд ва соҳиби мукофотҳои рӯҳбаландкунӣ шуданд. Як гурӯҳ варзишгарони вилоят, ки дар мусобиқаҳои байналхалқӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд, аз тарафи ҳокимияти вилоят бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Фарғона.