ПЕШРАФТИ КУНУНИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ЭЪТИБОРИ КОРШИНОСОНИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Маърӯзаи Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон, комёбӣ ва нақшаҳое, ки дар ин суханронӣ садо доданд, дар соҳати ахбори ҷаҳонӣ васеъ паҳн шуда, дар доираҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корчаллониву коршиносии кишварҳои хориҷӣ рағбати зиёд ба миён оварданд.

Ҷараёни ислоҳот, бозсозӣ ва демократикунонии давлату ҷамъият сазовори  баҳо ва акси садоҳои мусбат мегарданд. Дар ин маврид пешрафти назаррасе, ки кишвари мо солҳои охир дар тамоми соҳаҳо ба он муваффақ гардиду дар ин бора самаранокии навгониҳо ва муҳимияти татбиқи маҷмӯии онҳо шаҳодат медиҳанд, қайд карда мешавад.
Чунончи, раиси Ҷамъияти дӯстии ӯзбекистониву австриягӣ, директори генералии  ширкати «Askin & Co» Герберт Люгбауэр изҳор дошт, ки вай тағийротҳое, ки тӯли се соли охир ба амал меоянд, мушоҳида карда, хеле боло рафтани маданияти ҳуқуқдонии  мардуми Ӯзбекистонро дарк менамояд.
– Қабул шудани Қонун «Дар бораи шарикии давлативу хусусӣ»  яке аз комёбиҳои муҳими Ӯзбекистон дар соҳаи озодкунии иқтисодиёт ва демократикунонии ҷамъият, таъмин гардидани афзоиши устувори саноат ва инъикос ёфтани хоҳиши давлат дар ҷанбаи боло рафтани сатҳи некӯҳолии тамоми табақаҳои аҳолӣ ба шумор меравад. Дар солҳои аввали истиқлолият қабул кардани Сарқонун ин ба халқе даст медиҳад, ки гузаштаи худро қадр ва эҳтиром мекунад, ба таърихи бисёрасринааш  эътимод дорад ва ояндаи худро дақиқ дида метавонад. Зикр кардан хурсандиовар аст, ки ташаббусҳои қонунофарии Шавкат Мирзиёев ба ҳаёт пурра татбиқ мешаванд, онҳо нафақат маданияти эҳтиром ба ҳуқуқ ва озодии инсонро дар ҷомеа дарбар мегиранд, балки нуфузи Ӯзбекистонро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати  пешқадами демократӣ боло мебардоранд, – зикр кард ӯ.
Сармуҳаррири маҷаллаи «Society»-и Австрия, Сафири нуфузи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Австрия Гертруд Таухамеер бар он аст, ки таҷрибаи таъмин сохтани волоияти қонун дар Ӯзбекистон барои бисёр давлатҳои Осиё ва Аврупо ибратпазир мебошад.
– Ман ба он эътимод дорам, ки ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон бобати дар мактабҳои ҷумҳурӣ ташкил кардани китобҳои дарсӣ ва дарсҳои махсус, ки асос ва таъиноти Сарқонунро бозгӯ мекунанд, ба куллан тағйир ёфтани шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқдонии халқ хидмат хоҳанд кард, – гуфт вай. – Ҳамчун яке аз Ҳуҷҷати мукаммали қонунӣ – Сарқонуни Ӯзбекистон дар худ вазифа ва мақсадҳои муҳимтаринеро, ки ба таъмин сохтани некӯҳолии мардум нигаронида шудаанд, муҷассам менамояд. 
Воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар Ӯзбекистон ба оинае табдил ёфтанд, ки ирода, хоҳиш ва фикру ақидаи халқи онро инъикос мекунанд. Ин шаҳодати равшани он мебошад, ки афзалияти асосии ҷамъияти рӯшод, озод ва одил, ки алҳол дар Ӯзбекистон бунёд карда мешавад, таъмин сохтани ҳуқуқ ва озодӣ, эҳтиром ба шаъну шарафи ҳар як инсон ба шумор меравад. 
Коршиноси Донишгоҳи Кембриҷ (Британияи Кабир) Пражакти Калра, дар навбати худ, оид ба натиҷабахшии дигаргуниҳо чунин мегӯяд:
– Роҳбари Ӯзбекистон дар маърӯзааш мушкилоти рӯзмарра ва ҷиддиеро, ки ҷумҳурӣ дар давраи кунунии  ислоҳоти васеъмиқёс бо онҳо рӯ ба рӯ мегардад, нишон дод. Ин ислоҳот барои муваффақ шудан ба вазифаҳои зерин, аз ҷумла таъмин намудани иҷрои ҳуҷҷатҳои қабулшудаи меъёриву ҳуқуқӣ, мустақилии судҳо, таҳкими озодии сухан ва расонаҳои ахбори оммавӣ, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ, ҳамчунин ба омӯзондан ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳое нигаронида шудаанд, ки дар шароити нав қодиранд самарабахш кор кунанд. 
Дар самтҳои зикршуда тӯли муҳлати бағоят кӯтоҳ Ӯзбекистон аллакай натиҷаҳои мусбатро ба даст овард. Ҳамзамон ҳанӯз корҳои зиёде бояд иҷро шаванд.
Директори Анҷумани Кембриҷ оид ба Осиёи Марказӣ (Британияи Кабир) Сиддхартх Саксен мегӯяд, ки Президенти Ӯзбекистон дар суханронии худ бори дигар қатъияти ислоҳотро, ки ҷиҳати устувор ва бебозгашт пайдо карданд, намоиш дод. 
– Хеле рамзӣ мебошад, ки маърӯза дар арафаи воқеаи муҳими сиёсӣ – интихоботи парлумонӣ дар мамлакат садо дод. Ҳам шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ҳам хориҷиёне, ки Ӯзбекистонро мушоҳида мекунанд, ба ғояҳои чандандешӣ ва таъмин гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон эътимод ҳосил карданд. Ин тасодуфӣ нест, зеро роҳбарияти Ӯзбекистон дақиқ дарк менамояд, ки дар ҷаҳони кунунӣ бидуни фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди шахсият ва кушода додани иқтидори он наметавон рушди худи давлат ва ҷомеаро таъмин кард, – таъкид намуд вай. 
Роҳбари Маркази тадқиқоти иқтисодии Донишкадаи пажӯҳишҳои стратегии Русия Вячеслав Холодков гуфт, ки ҷомеаи коршиносони русиягӣ ба рушди кунунии Ӯзбекистон бо рағбати зиёд назар медӯзанд ва ба он баҳои баланд медиҳанд.
– Тағйироте, ки дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Шавкат Мирзиёев ба миён омаданд, аз ҷониби ҷомеаи байналхалқӣ сазовори баҳои мусбат мегарданд. Мо ба комёбиҳое, ки дар мамлакат тӯли муҳлати кӯтоҳ ба даст омаданд, аз ҷумла бобати такмил додани қонунгузории интихоботӣ ва амалиёти он баҳои баланд медиҳем, – қайд кард коршиноси Русия.
Директори генералии Донишкадаи байналхалқии тадқиқоти стратегӣ «Vector» (Русия) Андрей Хриенко мегӯяд, ки интихоботи пешистодаи парлумонӣ дар Ӯзбекистон имтиҳони бузурге ба шумор меравад, ки ҷараёни ислоҳоти минбаъдаро дар мамлакат муайян менамояд.
– Бинобар моҳияти худ ҷараёни интихоби депутатҳо натиҷаҳоеро, ки дар ҷумҳурӣ бобати тағйироти демократӣ ва иҷтимоиву демократӣ ба даст меоянд, инъикос менамояд, – изҳор дошт коршинос. – Дар мавриди мазкур  интихобот дар Ӯзбекистон ба шаҳрвандон ва ҷомеаи байналхалқӣ дурустии роҳи  интихобшуда ва самаранокии онро намоиш медиҳад. Дар мамлакат бинобар тайёрӣ ба интихобот корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд, бояд таъкид намуд, ки ин тайёрӣ дар тамоми дараҷаҳо – ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллаҳо идома дорад. Он чиз ибратпазир мебошад, ки мувофи Кодекси нави интихоботӣ фарогирии бештари шаҳрвандоне, ки бинобар ин ё он сабабҳо дар хориҷ мебошанд, таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, дар тамоми Русия ҳашт қитъаи интихоботӣ кушода шуданд, ки имкон медиҳанд, шаҳрвандони Ӯзбекистон аз ҳуқуқи конститутсияонии худ пурра истифода баранд.
Раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Туркия – Ӯзбекистон» дар назди Маҷлиси олии миллӣ, узви Кумитаи парлумон оид ба Сарқонун, депутат аз шаҳри Бурса Осоман Местен дар навбати худ таъкид сохт, ки маърӯзаи пурмуҳтавову пурмазмуни Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили 27–умин солгарди Сарқонун имкон дод ҷиҳатҳои рушди кунунии Ӯзбекистонро беҳтар дарк кунем.  Вазъи кунунӣ ва пешомади ислоҳотро дақиқ муайян намоем. 
«Бо назардошти мақсад оид ба баланд бардоштани некӯҳолии халқ, ҳифзи манфиатҳои инсон сарвари Ӯзбекистон тавонист дар муҳлати кӯтоҳ як қатор ислоҳоти зудамаллро, ки ба демократикунонӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии давлат нигаронида шудаанд, бомуваффақият татбиқ намояд. Мо шоҳиди он мебошем, ки дигаргуниҳои мунтазам дар соҳаи таъмин сохтани ҳуқуқи инсон, озодкунии иқтисодиёт ва рушди ҷанбаи иҷтимоӣ воқеан боиси низоми нави муносибатҳои давлат ва ҷамъият бидуни садамаҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ гардиданд.
Ман ҳамчун мутахассисе, ки солҳои дароз бо омузиши Осиёи Марказӣ машғулам ва аз минтақа бисёр боздид ба амал овардаам, мехоҳам таъкид намоям, ки роҳбарияти Ӯзбекистон ислоҳоти оқилонаро, бидуни ваъдаҳои ҳавоӣ, бо ҳисобу китоби дақиқи он ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни бунёди давлати ҳозиразамону муқтадир фаъолонаи иштирок кард, татбиқ менамояд. 
Мо аз комёбӣ ва натиҷаҳои хурсандиовари Ӯзбекистони бародарӣ, ки халқи ба мо дӯсти ӯзбек аз онҳо барҳақ ифтихор карда метавонад, бағоят хушнудем», – гуфт коршиноси Туркия.
Шореҳи байналхалқии нашрияи ҳаррӯзаи дар Туркия машҳури «Yeni Gun» («Рӯзи нав») Куршад Зорлу таъкид сохт, ки маърӯзаи Президент Шавкат Мирзиёев  рағбати зиёди амалӣ бахшид, он ҷиҳати замонавӣ дорад. Бояд гуфт, ки ин рағбат нафақат ба Ӯзбекистон, балки берун аз ҳудуди он, ба хусус, дар байни сармоягузорони хориҷӣ низ вуҷуд дорад.
«Сарвари кунунии Ӯзбекистон дар муддати кӯтоҳ мамлакатро хеле дигаргун кард, тавонист худро ба сифтаи арбоби давлатие, ки стратегияи дақиқи ислоҳсозӣ дорад, сиёсатмадори дорои нуқтаи назари озод ва демократӣ мебошад, муаррифӣ кунад.
Дар мавриди пурра татбиқ шудани тамоми қарор ва ғояҳои ӯ Ӯзбекистон метавонад дар Осиёи Марказӣ давлати пешқадамтарин ва дорои иқтисодиёти баланд ва ба шарофати нақши пайвандгарии худ дар минтақа, ҳамчунин имкониятҳои бузургаш дар бисёр соҳаҳо тамоми соҳати фарогирро дар бар гирад.
Мазмуну муҳтавои маърӯза нуфузи кунунии Ӯзбекистонро, ки ба нақши асосии Сарқонуни мамлакат такя мекунад ва ба консепсияи рушди он, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартаринок дар давраи солҳои 2017-2021-ум муайян шудаанд, мувофиқат мекунад, бори дигар мустаҳкам менамояд.
Мавқеи Президенти Ӯзбекистон бори дигар бебозгашт будани ислоҳоти амиқ, эътиқоди шахсии роҳбарро ба дигаргуниҳои қатъии минбаъда, чораҳои либералие, ки ба ташаккул додани механизмҳои воқеии иқтисодиёти бозаргонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудаанд, намоиш дод», – мегӯяд ӯ.

ОИ «Дунё».       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: