ПЕШРАВИИ КОР БА КАДРҲО ВОБАСТА МЕБОШАД

Рӯзе раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаамон Мамаҷон Ҳамдамов маро ба утоқаш хонд ва гуфт, ки ҳисоботи корҳои нӯҳ моҳи соли равонро таҳия намоям.

Рӯзе раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаамон Мамаҷон Ҳамдамов маро ба утоқаш хонд ва гуфт, ки ҳисоботи корҳои нӯҳ моҳи соли равонро таҳия намоям.
– Ба шумо раисони комиссияҳои назди ҷамоати маҳалла кӯмак мерасонанд. Дар ҷамъомади навбатии ҳокимияти ноҳия ҳисоботамро ба рӯзномаи он ворид кардаанд,– илова намуд раиси ҷамоат.
Аслан мо дар ҳар чоряки сол чунин ҳисобот таҳия мекунем. Он ҳамаи корҳои анҷомдодаи моро дар худ мунъакис менамояд. Аммо ин бор лозим омад, ки дар ҳисобот далелу рақамҳоро бо тавзеҳоту шарҳаш нишон диҳем, то ки барои шунавандагони ҷамъомад возеҳу фаҳмо бошад. Барои ҳамин пеш аз таҳияи ҳисобот иҷрои нақша ва факту рақамҳои қаблан ҷамъоварӣ кардаамонро бори дигар аз назари тадқиқ гузаронидем, то ки маърӯзаи раиси ҷамоат дурусту ҳаққонӣ барояд. 
Сонӣ бо Баҳодур Ғафуров, Матлубахон Аҳмадалиева, Шӯҳратҷон Ҷӯраев, Мамадалӣ Мӯъминов, Алиҷон Орифов, Дилшод Масобиров ва Тоҷиаҳмад Сайидҷонов, ки раисони комиссияҳои равияҳои гуногуни ҷамоати мо маҳсуб меёбанд, давра зада, ба кор шурӯъ кардем. 
Раиси ҷамоат Мамаҷон Ҳамдамов ҳамон рӯз аз ҷамъомад бо табъи хуш баргашт. 
– Ҷамъомади ҳокимияти ноҳия хеле хуб гузашт. Маърӯзаи ҳисоботии маро бодиққат шуниданд. Лозим омад, ки ба чанд савол низ ҷавоб диҳам. Дар оянда моро лозим меояд, ки диққату эътибори бештарро барои бештар тарбия намудани қишри ҷавонони ҷамоат, ба кори доимӣ ҷалб намудани онҳо нигаронем,– гуфт раиси ҷамоат.
Ба таъкиди Мамаҷон Ҳамдамов ҳамчунин ҳокими ноҳия аз мо тақозо кардааст, ки дар миёни мардум соҳибкории хусусиро рушду ривоҷ диҳем ва дар хонаводаҳо парвариши паррандаву харгӯшро низ ба роҳ монем. Зеро он ба амнияти хӯрокворӣ ва таъмини мардум бо гӯшти паррандаву харгӯш хеле мусоидат хоҳад кард.
Мо нақшаи иҷрои ин вазифаҳои навро дастаҷамъона тартиб додем. Интизор меравад, ки моҳҳои ноябр ва декабр барои фаъолони ҷамоати мо аз моҳҳои пурмасъулият маҳсуб хоҳанд ёфт. 
Зимнан дар бораи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Гузарбошӣ” ин маълумотҳоро ироа мекунам. Ҷамоатамон 3 ҳазору 820 нафар аҳолиро муттаҳид намудааст. 
Барои он ки маънавият ва маърифати мардуми мо боло равад, дар муддати нӯҳ моҳи соли равон тибқи нақша як қатор корҳоро ба сомон расонидем. Як рукни кори моро ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ташкил медиҳад. Дар қаламрави ҷамоатамон як мактаби таълимоти умумӣ фаъолият мекунад. Директори он Аҳмадҷон Эралиев соҳиби илму дониши қавӣ ва дар корҳои ҷамъиятӣ низ хеле фаъол мебошад. Ӯ бо ҷамоати шаҳрвандони маҳалла ҳамкориро хеле хуб ба роҳ мондааст.
Дар мактаби мазкур 498 нафар фарзандони маҳаллаи “Гузарбошӣ” ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳоло аз фарзандони маҳҳалаи мо даҳ нафар хатмкунандагони ин мактаб дар донишгоҳҳои мухталифи вилоят ва берун аз он таҳсил мекунанд. Умедворем, ки дар оянда ин ҷавонони сарбаланд ба халқу Ватан бо садоқати том хидмат хоҳанд кард. 75 нафар кӯдакони мардум дар муассисаи таълими томактабӣ парвариш меёбанд.
Дар якуним соли охир мо 33 оилаи камбизоатро ба қайд гирифтем. Ҳимояи иҷтимоии ин оилаҳо ҳамеша мадди назари мо қарор доранд. Гузашта аз ин,  бо роҳбарии раиси ҷамоат ба онҳо мунтазам ғамхорӣ мекунем. Мушкили иқтисодии бархе аз онҳо аз тариқи кӯмакҳои молӣ рафъ мегардад. 
Дар гузари мо ҳафт дӯкони савдо, як нуқтаи хӯрокхӯрӣ, як масҷид, як зиёратгоҳ, як бозор, се объекти ҳунармандӣ, аз ҷумла таъмири пойафзор, оҳангарӣ ва устои радиову телевизор фаъолият мекунанд. Ҳоло як корхонаи хурди дӯзандагӣ низ дар арафаи оғози фаъолият қарор дорад.
Мардум аз хидмати ҳаммом ва дорухона низ истифода мебаранд. Барои бо ҷойи кор таъмин намудани 35 нафар аҳолии маҳалла пиёда кардани як қатор корҳоро барномарезӣ кардем. Бар ин асос 15 нафарро ба кор таъмин намудем. 
Се хоҷагии фермерӣ дорем, ки ба кишту парвариши пахтаву ғалла ихтисос дода шудаанд. Инҳо хоҷагиҳои фермерии «Фар Зулфиқор”, «Фар Холмамат” ва “Қалдирғоч” буда, соли равон аз пахтаву ғалла ҳосили гаронбаҳо ба даст оварданд. Боиси хушҳолист, ки ин хоҷагиҳои фермерӣ даҳҳо нафар сокини ҷамоати моро бо ҷойи кор таъмин намудаанд.
Як нуктаи муҳимро зикр карданиам. Тақрибан 99 дарсади аҳолии ҷамоати моро мардуми тоҷиктабор ташкил медиҳанд. Аммо ягон муассисае фаъолият намекунад, ки дар он таълиму тарбия ба забони модарӣ, яъне тоҷикӣ сурат гирад. Худи мо низ оҳиста аз забону гуфтори забони адабии тоҷик дур шуда меравем, ки боиси афсӯс аст. Барои пешрафти ин кор мо ба кадрҳои малаканок  хеле ниёз дорем. Агар дар мактабамон ҳадди ақалл барои фарзандони мардум ҳафтае ду-се соатӣ дарси забони тоҷикӣ роҳандозӣ шавад, мувофиқи мақсад мебуд.
Умедворам, ки мақсаду маросими наҷиби мо оҳиста ҷомаи амал мепӯшанд ва мардуми мо низ дар бобати ҳифзи забони модарӣ ва рушду такомули он саҳм мегузоранд.

Обидахон 
БӮРИЕВА,
мутахассиси ҷамоати шаҳрвандони “Гузарбошӣ”-и 
ноҳияи Ёзёвони вилояти Фарғона. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: