Дар арафаи ҷашни умумихалқии Наврӯз ба 30 нафар ҳарбиёне, ки дар сафҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар вилояти Бухоро хидмат мекунанд, калиди хонаҳои нав супурда шуд.
Дар чорабиние, ки ба ин муносибат ташкил гардид, ҳокими вилояти Бухоро – роҳбари сектори ҳарбиву маъмурӣ, узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ӯктам Барноев, муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳратҷон Шокиров, хидматчиёни ҳарбӣ, аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин намояндагони ҷамъият иштирок карданд.
Дар мамлакати мо бобати баланд бардоштани иқтидори ҳарбии Артиши миллӣ, беҳтар намудани шароити хидмат ва истиқомати аскарон ислоҳоти васеъмиқёс татбиқ мегарданд, ба дастгирӣ кардани хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо эътибори махсус дода мешавад. Хонаҳои мазкур, ки барои хидматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бунёд ёфтанд, тасдиқи равшани гуфтаҳои болоӣ мебошад.
Супурдани калиди хонаҳои бисёрошёнаи замонавӣ барои аскароне, ки бобати таъмин сохтани оромии мамлакат ва осудагии аъзои оилаи онҳо фидокорона хидмат мекунанд, дар вазъи тантанавӣ ба амал омад.
– Имрӯз, ки ҷашни дугоник гардид, дар хотираи мо абадӣ боқӣ мемонад, – мегӯяд подполковник Ойбек Қурбонов. – Воқеан зуҳуроти ин эътибор аз эътимод ба хидматчиёни ҳарбӣ дарак медиҳад. Дар навбати худ мо, масъулияти дар зиммаамон бударо эҳсос намуда, тамоми саъю кӯшиши худро барои сулҳу салоҳ ва шукуфоии кишварамон равона мекунем.
Сурудҳо дар иҷрои арбобони санъати эстрада на фақат ба иштирокдорони чорабинӣ, балки ба тамоми сокинони маҳалла кайфияти идона бахшиданд.
Давронбек ҶУМЪАНАЗАРОВ,
роҳбари хидмати матбуоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, подполковник.
(ӮзА).