Петер СИЙЯРТО: АЗ БОЗ ҲАМ МУСТАҲКАМ ГАРДИДАНИ ҲАМКОРӢ МАНФИАТДОР ҲАСТЕМ

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати Венгрияро таҳти сарпарастии вазири алоқаҳои иқтисоди хориҷӣ ва корҳои хориҷӣ Петер Сийярто, ки ба мамлакатамон барои баргузор намудани ҷамъомади навбатии комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ташрифи корӣ ба амал овард, қабул намуд.

Петер Сийярто пас аз мулоқот чунин гуфт:
– Пеш аз ҳама барои он ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои қабули мо вақт пайдо кард, миннатдории самимӣ изҳор менамоем.
Мулоқот босамар буд. Президент изҳор дошт, ки дар ба амал ҷорӣ намудани лоиҳаҳои муштараки ҳамкории байни Венгрия ва Ӯзбекистон моро аз ҳар ҷониб дастгирӣ менамояд. Ин барои ба зинаҳои нав бардоштани алоқаҳои иқтисодӣ хидмат менамояд.
Боз ҳам ривоҷ додани робитаҳои иқтисодии байниҳамдигарӣ барои ҳар ду ҷониб манфиатнок аст. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин самт низ хидмати дипломатиро аз нав ташкил намуд ва таъкид кардан мехоҳам, ки ин хеле қарори мақбул аст. Азбаски Венгрия ба сиёсати хориҷӣ эътибори алоҳида медиҳад, ба муваффақиятҳои бузург дар ҷиҳати сармоягузорӣ ва содирот ноил мегардад. Зеро ки ҳамкорӣ бидуни натиҷаи амалӣ барқарор буда наметавонад.
Қабл аз ин ба Ӯзбекистон ҳангоми аз нав кушодани сафоратхонаамон омада будам. Дар ин байн дар мамлакати шумо дар соҳаҳои мухталиф тағйироти зиёд рух додааст, ки ман гувоҳи онҳо гардидам.
Ҳайати мо аз намояндагони соҳаҳои тиҷорате мебошад, ки дар соҳаҳои ТИК, телекоммуникатсия, бонку молия, сохтмон, хоҷагии қишлоқ ва об, саноати озуқаворӣ фаъолият мебаранд. Имконоти сармоявие, ки ҷониби Ӯзбекистон пешниҳод менамояд, боиси таваҷҷӯҳи мо мегардад. Ташрифамон барои муҳокима намудани масъалаҳои  татбиқи лоиҳаҳои истиқболнок дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт имконияти муносиб фароҳам меорад.
Мо аз он ки дар байни халқҳоямон ҳамкории тарафайн ва муносибати дӯстӣ боз ҳам мустаҳкам мегардад, манфиатдор ҳастем.

Мусоҳиб 
З.ҶОНИБЕКОВ,
хабарнигори ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: