ПИЛЛАКОРОНИ НАМАНГОН МУКОФОТОНИДА ШУДАНД

Дар қасри «Диёр»-и шаҳри Намангон гурӯҳи кормандони фидокори соҳаи пиллакорӣ дар вазъияти тантанавӣ мукофотонида шуданд.

Дар чорабинии идона фаъолони соҳа, пешқадамони кластерҳо ва хоҷагиҳои фермерӣ, инчунин ҷамъиятҳои агропиллакорӣ аз ҷониби ҳокими вилояти Намангон Шавкат Абдураззоқов истиқбол гирифта, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим гардид.
Ҷолиби диққат аст, ки соли ҷорӣ барои кирмакпарварони Намангон хеле самарабахш ва пурмаҳсул гардид. Онҳо 230 тонна «нахи нуқра» рӯёнда, супориши шартномавиро иҷро карданд. Барои парвариши тухмии кирмак бо 2437 хоҷагии фермерӣ ва 7423 хонакорон шартнома, инчунин бо 65 ҳазору 931 нафар  кирмакпарварон шартномаи меҳнатӣ баста шуд.
Дар натиҷаи ба дараҷаи баланди ташкилӣ ва интизом гузарондани мавсими баҳории кирмакпарварӣ дар вилояти Намангон дар мавсими якум ва дуюми кирмакпарварӣ 35 ҳазору 351 қуттӣ тухми кирмак парвариш карда шуд. Аз ҳар як қуттӣ ба ҳисоби миёна 57,4 килограммӣ ҳосил гирифта шуд. Супориши шартномавӣ 101 фоиз иҷро гардид, ки назар ба порсола 130-140 тонна зиёд аст.
Дар ноил гардидан ба чунин нишондиҳандаҳои баланд хоҷагиҳои фермерӣ ба монанди «Фозилҷон қизи Зулхумор»-и ноҳияи Норин, «Зиёрат Поп»-и ноҳияи Поп, «Набӣ Собир»-и ноҳияи Чуст, «Теппақӯрғон ЛХС»-и ноҳияи Намангон, «Отабек Сулаймон Ҷасур»-и ноҳияи Чортоқ, «Абдулҳамид ота»-и ноҳияи Учқӯрғон, «Мингбулоқ обод замин»-и ноҳияи Мингбулоқ, «Чорбоғ замин гулшани»-и ноҳияи Тӯрақӯрғон ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намуданд. Ин кирмакпарварони пешқадам аз ҳар қуттӣ 65-80 килограммӣ пилла гирифтанд.
Дарвоқеъ, яке аз ҷанбаъҳои ба худ хоси саноати кирмакпарварӣ дар он аст, ки он шуғли мавсимии аҳолии бекорро дар деҳот, хусусан занони меҳнаткаши беш аз 35 ҳазор хонаводаро таъмин мекунад.
– Агар ҳар як корманд мувофиқи кораш ҳавасманд гардонда шавад, қувваю ғайрати зиёд пайдо мекунад, ки боз ҳам беҳтар меҳнат карда, баҳри марраҳои нав саъй намояд, – мегӯяд хонакори маҳаллаи «Қӯ-риқ»-и ноҳияи Янгиқӯрғон Сайдаралӣ Эргашев. – Дар мавсими гузашта 9 қутти тухмии кирмак парвариш намуда, ба давлат 1,2 тонна «нахи нуқра» супурдем. Дар ин бобат он чиз натиҷаи хуб бахшид, ки мо дар се гектар тутзор ташкил карда, бо усули пудрати оилавӣ кор кардем. Мо дар мавсим ду бор ҳосил гирифтем. Умуман буҷаи оилавӣ ба маблағи 35 миллион сӯм пурра гардид.
Президент барои кирмакпарварон имкониятҳои хуб фароҳам овард: барои кормандони ёрирасоне, ки дар соҳаи кирмакпарварӣ кор мекунанд, як мавсими кор аз ҳисоби фонди нафақаи ғайрибуҷавӣ ҳамчун як соли собиқаи корӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд ва онҳо низ аз андоз озод карда мешаванд.
Дар маросим муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – роҳбари комплекси агросаноатии кишвар Шуҳрат Ғаниев иштирок кард.

Оқил ДАДАБОЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: