ПИЛЛАПАРВАРОНИ СУРХОН ДАР МАРРАИ ЗАФАР

Пиллапарварони вилояти Сурхондарё аз аввалинҳо шуда супоришоти кирмакпарвариро пеш аз муддат иҷро намуданд.

Қобили қайд аст, ки ҳар сол кирмакпарварони воҳа сарбаландона аввалин шуда ба марраи зафар мерасанд. Шароити мусоиди иқлим, майдонҳои васеи тутзор ва таҷрибаи бойи кирмакпарварӣ мардуми меҳнатқарини воҳаро зафарманд мегардонад. Кирмакпарварӣ кори хеле заҳматталаб ва дар айни замон нозук ҳам мебошад. Бо андаке хатову иштибоҳ метавон кирмакро нобуд сохт ва ё ба паст шудани сифати абрешим роҳ дод.
Имсол пиллапарварон навъҳои маҳаллии ба иқлими маҳал мувофиқро парвариш намуда, аз 33 ҳазору 794 қуттӣ кирмак зиёда аз 1 ҳазору 960 тонна пилла ҷамъоварӣ намуданд, ки ин нишондоди хеле баланд аст. Ба ҳисоби миёна аз ҳар қуттӣ 58 кг ҳосил ба даст омад. Бо саъю ҳаракати рӯзушабонаи баъзе пиллапарварони пешқадам аз ҳар қуттӣ то 90 кг абрешими хушсифат ҷамъоварӣ гардид, ки ин нишондод барои пеш аз муддат ва барзиёд иҷро гардидани нақшаи солонаи шартномавӣ мусоидат кард. Ҳоло ҳам дар нуқтаҳои қабул ҷараёни супоридани пилла давом дорад.

Олим  ПАНҶИЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: