ПИЛЛАСУПОРӢ ДАР АВҶ

Имсол дар мамлакатамон кирмакпарварӣ дар чор мавсим сурат мегирад.

Имсол дар мамлакатамон кирмакпарварӣ дар чор мавсим сурат мегирад. Ислоҳоти соҳа имконият медиҳад, ки кирмакпарварон мувофиқи меҳнаташон ҳавасманд гардонда шаванд.  Аз ҷумла, меҳнати якмоҳаи онҳо чун собиқаи кории яксола ба эътибор гирифта мешавад. 
Барои ҳар як қуттӣ кирмак ҳамчун рағбатноккунӣ маҳсулоти хӯрокворӣ: як ҷувол орд, равғани растанӣ ва як миқдор маблағ (аванс) дастрасашон мегардад. Ҳангоми иҷрои супоришот барои ҳар як килограмм ҳосил боз музди иловагӣ дода мешавад. Ин усул ҳам барои оила муфид асту ҳам барои пешравии иқтисодиёти мамлакат.  
Имсол кирмакпарварони шофирконӣ ният доранд, ки 3190 қуттӣ кирмак парварида 176 тонна ҳосил бардоранд.  Оғози мавсим – моҳи апрел барои аз 2500 қуттӣ кирмак гирифтани 137 тонна ҳосил ҷараёни корҳо сар шуда буд.  Ниҳоят 17 май ба пункти қабули ноҳия ҳосили аввалин даромад.  Ба ин муносибат  иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилоят К. Камолов ба ноҳия ташриф оварда, бо фаъолияти кирмакпарвар Юнус Тӯраев (аз ҶШМ «Мазлахон Чандир») аз наздик шинос шуд.  Баъд ба пункти қабули «Саврак» омад. Вай он ҷо звеноҳои зиёди ҳосилсупоридаистодаро аз назар гузаронд.  Имсол корхонаи муштараки «Вukhara Brilliant Silk» бо 189 хоҷагии фермерӣ ва 1517 звенои оилавии ҳудуд шартнома ба имзо расондааст. Байни онҳо 71 оилаи камдаромад низ ҳаст.  Мувофиқи он тутзорҳои 12 ҳудуди ноҳия аз қабили Деҳнав, Искогаре, Тезгузар, Чандир, Вардонзе ба кирмакпарварон баробар тақсим шудааст. Иҷрои супоришот боиси 2 миллиарду 740 миллион сӯм даромад кардани корхонаи номбурда мегардад.  Рӯзи аввали қабул кирмакпарвари вардонзеҳӣ Нигора Олимова ба ҷои 90 кг 114 килограмм ҳосил супурд. Ҳамон рӯз Ҳафиза Эгамова аз деҳаи Қӯрбанглӣ, Озода Раҳимова аз деҳаи Чандир, Саодат Ҳамроева аз ҶШМ «Қӯрғони  Вардонзе» ва дигарон ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд.  Ба ҳар яки онҳо аз ҷониби роҳбари вилоят тӯҳфаҳои хотиравӣ ва барои ҳар як килограмм ҳосили аз нақша зиёд 20,4 ҳазор сӯмӣ музд дода шуд.
 
А. АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: