ПИРИ БАРНОДИЛ

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28–уми августи соли равон раиси шуъбаи вилоятии бунёди «Нуронӣ» Нормуродов Ҳасан Норбекович ба медали «Ситораи тиллоӣ» ва унвони олии Қаҳрамони Ӯзбекистон сарфароз гардид.

Пас аз эълон гардидани фармони роҳбари давлат  ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ва вакилони ҷамоатии Самарқанд ба хонадони Ҳасан Нормуродов ташриф фармуда, ӯро муборакбод карданд.
– Шумо, Ҳасан Норбекович, ифтихори мо, самарқандиҳо ҳастед, – гуфт Эркинҷон Оқбӯтаевич. – Ин эътирофи Президентамон туҳфаи муносиб ба 80-солагӣ ва хизмати шоёни шумо дар назди халқу Ватан аст.
Воқеан, алҳол манзили ӯ ба сурурхона табдил ёфтааст. Ёру дӯстон, хешу пайвандон, ҳамкасбу шогирдон аз тамоми гӯшаю канори Ӯзбекистони офтобӣ омада, изҳори шодбошӣ мекунанд.
Албатта, барои табрики устоди арҷманд, инсони хоксору росткор, дилёбу дарёдил мо – як гурӯҳ журналистон низ ба кулбаи хоксоронаи ӯ рафтем.
Ман Ҳасан Норбековичро бисёр солҳо боз аз наздик мешиносам. Ӯ инсонест хушгуфтору  ширинзабон, дар муошират ва гуфтугӯй аз забонаш шаҳду шакар мерезад.  Алалхусус аз минбар ончунон зебо, дилнишин, андешамандона гап мезанад, ки сомеъон лол монда, тан медиҳанд, ки вай дар ҳақиқат сиёсатмадори донишманд аст. Ба маҳорати нотиқӣ, истифодаи оқилона аз сарвати луғавии забон ва алалхусус суханвариву сухансанҷии ӯ кас қоил мемонад. 
Ҳасан Норбекович бисёр солҳо дар мансабҳои гуногун кор кард ва ҳамеша дар маҳфилу ҷамъомадҳои бонуфузу серодам сухан ронда, диққати ҳозиронро ба худ мекашид. Боре ман сабаби маҳорати нотиқии ӯро пурсида фаҳмидам, ки ин ҳама натиҷаи дониш, истеъдод ва мутолиа аст. Воқеан, ӯ китобхонаи ғанӣ дорад. 
Тақрибан ҳамаи рӯзнома ва маҷаллаҳои ҷумҳуриро аз назар мегузаронад, ки дар байни онҳо «Овози тоҷик» ва «Овози Самарқанд» низ ҳастанд. Маҷмӯаи «Олами китоб» ҷойи дӯстдоштаи ӯст.
Неъмати бузургу беҳтарин

Мулоқоти мо бо ин марди барнодил доир ба Иди аз ҳама бузургу аз ҳама азиз — истиқлоли кишвар оғоз ёфт.
– Мардуми кишвари озоду ободи мо аз он ифтихор доранд, ки бисту ҳашт сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолиятро ниҳода, аз шарофати он соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Мадҳияи миллии худ гардидем. Боиси хушнудист, ки имрӯз мамлакати соҳибихтиёри мо дар ҳамаи соҳаҳо ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ҷойҳои ифтихориро ишғол менамояд.
Аз ҳама муҳимаш, истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд ва бахту саодати воқеиро таъмин намуд. Ҳоло саъю кӯшиш дорем, ки баҳри пешрафти минбаъдаи кишвари азизамон ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадами устувору қатъӣ гузорем.
Суҳбати мо метафсид, ки боз чанд нафар ташриф фармуданд. Вай ба ҳурмати меҳмонон бар по шуду ман воқеаи яке аз рӯзҳои баҳори соли равонсодиршударо ба ёд овардам. 

Ҳамсуҳбати дилнишин

Дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз ба муносибати яксолагии кушодашавии гузаргоҳи Саразм як гурӯҳ самарқандиҳо ба Панҷакенти бостонӣ сафар намуданд. Тасодуф буд ё амри тақдир, ки дар автобус камина бо Ҳасан Норбекович дар як курсӣ паҳлуи ҳам нишастем.
Суҳбати мо беихтиёр дар сари дӯстии тоҷикону ӯзбекон қарор гирифт.
– Ман аз солҳои мактабхонӣ ва донишҷӯӣ ба адабиёти тоҷик дил бастаам, – лаб ба сухан кушод мусоҳибам. – Асарҳои устод Садриддин Айниро бо завқ хонда будам. Фахру ифтихорам аз он аст, ки ҳангоми кор дар идораҳои вилоятӣ бо тақозои вазифа аз суҳбати шоири бузург Мирзо Турсунзода, адиби маъруф Ҷалол Икромӣ ва дигар аҳли қалам баҳраманд гаштаам. Соли гузашта дар таърихи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику ӯзбек саҳифаи нав боз шуд ва он бо хати заррин навишта мешавад, ки бо ному корнома ва ҷасорату матонати Президентамон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дорад. Дар ҷараёни мулоқоти хоссаи сарони давлатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои ҳамкории дуҷониба, алалхусус, дар бахшҳои сиёсӣ, сармоягузорӣ, энергетика, фарҳанг, илму маориф, сайёҳӣ ва масоили дигар баррасӣ гардиданд. Ва шояд шумо ҳам огоҳ ҳастед, ки Шавкат Миромонович мардуми тоҷику ӯзбекро ду шохи як дарахт номид. Вай таъкид намуд, ки мо дар ғаму шодии якдигар якҷо ҳастем, моро як сарнавишт пайваст мекунад. Анъанаҳои неки гузаштагонро идома дода, мо бояд дӯстии мардумонамонро тақвият бахшем ва ҳимоя кунем. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар «Шоми дӯстӣ» таъкид намуд, ки ҳамсоя будани тоҷикон ва ӯзбекҳо, дар як муҳити ҷуғрофӣ зиндагӣ кардан ва аз як сарчашма об нӯшидани онҳо ҳукми тақдир мебошад. Яъне халқҳои мо садсолаҳои зиёд бо фарҳанги куҳану монанд ва одобу русуми яксон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва самимияту бародарӣ паҳлӯи ҳам зиндагӣ кардаанд.
Он рӯз мо саргарми суҳбат ба сарҳад чӣ хел расидани худро пай набурдем. Ҳасан Норбековичро дар нишасту гирдиҳамоиҳо, ки ба дӯстии ду халқ бахшида шуда буданд, ба минбар таклиф намуданд. Вай суханҳои болоиро такрор намуда, сазовори кафкӯбии самимӣ ва дуру дарози ҳозирон гардид.
Лаби пир бо панд накӯтар аст

Рост гуфтаанд, ки он чӣ дар оина ҷавон бинад, пир дар хишти хом он бинад. Алҳол қаҳрамони лавҳаи мо Ҳасан Норбекович аз боғи умри худ бори ҳаштодум гул мечинад. Аммо ӯ ҳамон чун ҷавонон серҳаракат, чолоку чобук аст. Зеро субҳи вай бо тарбияи бадан оғоз меёбад.
– Дар таомхурӣ меъёр нигоҳ доштан ва ҳамеша дар ҳаракат будан бояд одати ҳаррӯзаи шахси солхӯрда  бошад, – мегӯяд ӯ. — Шахсан ман пиёда гаштанро дӯст медорам. Аз субҳи содиқ дар хиёбони донишҷӯён, зери дарахтони садсола роҳ рафтан ба ман ҳаловат мебахшад. Бӯйи гулҳо, хониши паррандаҳо рӯҳи касро болида месозанд. Кадоме аз донишмандон таъкид кардааст, ки ба пирӣ расидан ҳам санъат буда, қалби ӯ бояд тоза, суханаш пандомез бошад. Агар меъёрро донед, мӯйфсафедӣ ҳам ҳузуру ҳаловат аст. Ман баъзан ҳамсолони худро дар чойхона ё сари кӯча бо гапфурӯшии беҳуда дида ҳайрон мешавам. Меҳнат ва ҳаракат умри касро дароз мекунад. Дуруст, пирӣ ранҷ, аммо барои шукргузор ганҷ.
Ман 16 соли охир раиси хазинаи «Нуронӣ»-и вилоят ҳастам. Бо тақозои касб ба шаҳру ноҳияҳо  сафар мекунам. Мақсад – ҷалб кардани собиқадорони меҳнат ба кори фоиданок.
Лутфи дӯстону ҳамкасбон

Меҳмонону мизбонон ба Ҳасан Нормуродов шодбошӣ ва ниятҳои неки худро изҳор намуданд. 
– Мо бо Ҳасан Норбекович ҳамгузар ҳастем, – гуфт раиси маҳаллаи Теракзори шаҳри Самарқанд Шавкат Ғуломов. – Устоди гиромӣ дар тӯю маърака ва дигар маросимҳо маслиҳатгари беминнат ҳастанд. Ягон муаммо пайдо шавад, мушкилкушои мо Ҳасан-ака.
– Бо ташаббуси Ҳасан Нормурдов дар вилоят барои собиқадорони меҳнат шароити истироҳат фароҳам оварда шуд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд раиси хазинаи «Нуронӣ»–и ноҳияи Самарқанд Очил Алиев. –Он кас барои ҳаллу фасли тамоми мушкилот  кӯмаки беғаразона мерасонанд.
– Устод Ҳасан Норбекович фаъолияти худро аз омӯзгорӣ оғоз намуда, ҳоло шогирдони бешумор доранд, – сухани ӯро идома дод директори шуъбаи такмили ихтисос ва бозомӯзии муаллимони назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Саидаҳмад Усмонов. – Эшон бисёр солҳо дар соҳаи таълими халқ меҳнат кардаанд. Ман аз имконият истифода бурда, пири моро бо унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» табрик мегӯям.

Арзи сипос

– Хизмати хоксоронаи ман аз тарафи Президенти муҳтарам хеле баланд тақдир шуд, – гуфт Ҳасан Нормуродов. – Ҷавобан ба он бояд боз ҳам бештару беҳтар меҳнат кард. Ҳоло барои ба ҳаёт татбиқ намудани панҷ ташаббуси Президент фаъолият мебарем. Зеро пир нест – тадбир нест, гуфтаанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.
Аз идораи рӯзнома: Мо низ аз номи муштариёни рӯзнома Ҳасан Норбекович Нормуродовро бо унвони олии Қаҳрамони Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба ӯ тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: