Мегӯянд, ки ҳама кор вақту соат дорад.
Доир ба ҳунари сухангустарии шоири хушбаён Худоназари Оқсоӣ кайҳо боз ният доштам, гуфтаниҳое рӯйи коғаз орам.
Худоназари Оқсоӣ 18-уми марти соли 1937 дар деҳаи зебоманзари Оқсой ба дунё омада, баъди хатми мактаби зодгоҳ солҳои 1958-1963 дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таълим гирифтааст. Дар қатори ҳамсолону ҳамсабақонаш Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Сорбон, Меҳмон Бахтӣ, Баҳром Фирӯз дар маҳфилҳои адабие, ки таҳти роҳбарии устодон Боқӣ Раҳимзода ва Холиқ Мирзозода баргузор мешуданд, ширкат меҷуст. Пас аз хатми донишгоҳ дар телевизиони ҷумҳурӣ ва рӯзномаи «Норак» ба ҳайси муҳаррир адои хидмат намуда, соли 1968 ба зодгоҳи азизаш бармегардад ва солҳои тӯлонӣ сарварии мактаби миёнаи рақами 19-ро бар дӯш мегирад.
Маҷмӯаҳои шеърии «Оинаи дил» (2007), «Сиришки шодӣ» (2008), «Гулбоғи дубайтӣ» (2009), «Оқсойнома» (2010), «Сухани вопасин» (2018), ки бо саъю эҳтимом ва ташаббуси Асадулло Шукурзода рӯйи чопро дидаанд, баробари аз шоири сермаҳсул будан, аз маҳорати сухансанҷии муаллифаш дарак медиҳанд. Онҳо аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа бою рангинанд.
Ба ҳамин маънӣ, дар ашъори ӯ як силсила шеърҳое ҷолибу муассире вомехӯранд, ки ба зодгоҳи азизаш — як гӯшаи Ватани азиз бахшида шудаанд. Дар онҳо шоир аз қадамҷои Ҳазрати Довуд, Кӯҳи сафеди сарбаланду бовиқор, обшорони Нозиму Париён ва Камар, Чилдухтарон сухан ба миён оварда, «ҷаҳони хурраму дунёи бофараҳ», «хилвати парирӯёни бегунаҳ», «олами рамзу ҷаҳони ибратӣ», «маскани андеша», «мулки ҳайратӣ» будани ин гӯшаи сарсабзи кишварро бо меҳру самимият васф намудааст:
Дилфиребу дилнишинӣ, деҳаам,
Холи рухсори заминӣ, деҳаам.
Бале шеъри равон бобати фаҳмидан гаронӣ надорад. Қаҳрамони лирикии ӯ талабгори ганҷи Қорун нест, харидори шеваи баёни Рӯдакӣ аст:
Намепурсам, Худо, дунёи Қорун,
Нагӯям аз сари нав кӯдакӣ деҳ.
Шунидан хоҳӣ оҳамро, гаҳе чанд,
Ба коми ман забони Рӯдакӣ неҳ.
Қаламиҳои ӯ бо тарзи ифода, образнокиву бадеият бори маънӣ кашида, ба хонанда маърифат медиҳанд, ӯро ба шавқ меоранд, ба андеша водор месозанд.
Нигоштаҳои ӯ аз нигоҳи аввал ҳамчун падидаи муқаррарӣ ва ташхиси лаҳзаинаи як лавҳаи зиндагӣ метобад, вале дар асл рамзу ишорат ва маъниҳои амиқеро фаро гирифтаанд, ки аз тафаккури қавӣ ва зеҳни буррои шоир гувоҳӣ медиҳанд.
Худоназари Оқсоӣ пири барнодили ишқ ҳам мебошад. Дар ашъораш ишқи беолоиши заминӣ самимона васф ёфтаанд. Ҳарчанд қаҳрамони лирикии ин шеърҳо дар мӯйи сар «чанги орд дорад» ва «дар ҷабину рӯй дорад ҷӯйҳо», ба ҳусну қубҳи хушрӯйҳо беэътибор нест. Ӯ зебопарасту дилзинда аст, ба қадри зиндагӣ мерасад. Ба ин маънӣ, гадои ишқ аст:
Эй ишқ, маро пири муҳаббат кун,
Дар ин амонат содиқи садоқат кун.
Қаҳрамони лирикии ӯро тоқати дидани ашки ёр нест ва ин ҳолати ҳузнангез дар шеър маънои тоза ёфтааст: «Марезон оби чашмони базебат, ки ашкат рӯйи зебоят харошад». Инчунин бовар дорад, ки ҷисми дардмандаш якумра накҳати ӯро мебезад:
Баъди маргам боз сад соли дигар,
Аз мазорам бӯйи ӯ хезад ҳаме.
«Кампирномаҳо»-и (агар ҳазломез ҳамин тавр гуфтан ҷоиз бошад) Худоназар самимиву ҳиссиётангезанд. Кампири дар садоқату меҳрубонӣ ягонааш «ҳусни хона», «зеби манзил», «давлати сар», «роҳати дил»-и ӯст:
Қасри умрамро сутуни бобақо,
Хонаи подору маҳкам, кампирам...
Кампирон зеби ҷаҳон бошанд агар,
Ҳусни кампирҳои олам, кампирам.
Дар ин қабил ашъор баъзан майли зарофатгӯии шоир эҳсос гашта, хонандаро бо олами маҳзуну пурармон, вале фараҳҷӯи пирӣ ошно месозад:
Рафт умру кампири бечораро,
Бо ҳамин алфоз фандаш медиҳам.
«Ҳар гаҳе соҳиби дунё мешавам,
Зар ба домон, пул ба бандаш медиҳам».
Аммо рӯзгори инсонӣ на ҳамеша моломоли шодиҳост. Ин аст, ки кампири вафодораш ӯро танҳо бигзошта, ба дорулбақо мераваду ҷаҳони ӯро ҳамсони гӯраш тор намуда, мадор аз баданаш, тафт аз дилаш мебарад:
Шудам бевақт з-асрори дил огоҳ,
Тавон аз кампирам он мегирифтаст.
Ба кохи омадам будаст мифтоҳ
Туфайлаш ҷисми ман ҷон мегирифтаст.
Дар шеъри Худоназари Оқсоӣ тазодҳои зиндагӣ, дарду реши дунё соддаву дилчасп ба қалам гирифта шудаанд, ки тавсифҳои камарзиш, суханҳои обшустаашон каманд.
Бидидам дар ҷаҳони шебу афроз,
Ки ғофил бар бузурге гашт устоз.
Ба назди аккаи пушту панаҳдор,
Сари таслим фуруд овард шаҳбоз.
Дар шеъри маънипарвари шоир ифодаҳои нозук ва обдори халқӣ бисёранд. Ба хусус, пандҳои сайқалёфтаи рӯзгор ҳусни маъниро афзудаанд. Чунончи, «Чу чирки даст бошад моли дунё», «Чӣ парвои маҳак дорад зари пок», «Шодмон саг мешавад аз марги хар», «Об лой аз сар ҳамеояд нишеб», «Зи одам хок ҳам серӣ надорад», «Савоби ошиқӣ беш аз гуноҳ аст», «Худхӯре охир сари худ мехӯрад». Лутфҳои зебои шоирона, ба монанди «Ба кайк эзори уштур танг омад», «Қисмати бад бо аҷал кардам никоҳ»...
Ҳар шоир вазни худу шеърашро дар олами сухан медонад. Аз ҷумла пири барнодил Худоназари Оқсоӣ. Бо назардоштаи ин, вай аз хонанда – халқ, барои камию костиҳои суханаш узр мепурсад:
Мабодо гуфтаам нохуш барояд,
Бигӯям пешакӣ узрам, халоиқ.
Ба шеъри ман гумони бад нашояд,
Ки ман охир на Бозорам, на Лоиқ.
Абдусалом САМАДОВ,
номзади илмҳои филологӣ, дотсент.