ПИРИ КОР

Саропо дарди дармоннопазирам,

Напиндорӣ забуну зору пирам.
Ҳанӯзам дар камоне метавон ронд,
Зи кеши миллате афтода пирам.
Аллома ИҚБОЛ.

Рӯзҳои зимистон кӯтоҳанд. Дар яке аз чунин рӯзҳои «як ваҷабӣ»-и зимистони соли 1957 ба шифохонаи деҳа хабар омад, ки дар деҳаи ҳамсоя ҳаёти ҷавони ҳабдаҳсола зери хатар аст.
– Табаш баланд, тез-тез аз ҳуш меравад,– гуфт хабароварда. 
– Чаро ба шифохона наовардед? – пурсид духтури ҷавон Деҳқон Дадаев.
– Дар деҳа ягон мошин нест, ҳатто аробае ҳам пайдо карда натавонистем,– гуноҳкорона ба замин чашм дӯхта ҷавоб дод ӯ.
– Рафтан даркор ,– зери лаб пичиррос зад духтур ва дарҳол фармуд, ки аспу фойтун (аробаи болопӯше, ки вазифаи мошини ёрии таъҷилиро иҷро мекард)-ро омода созанд.
Аҳволи бемор воқеан вазнин буд. Ӯ аз шиддати таб гоҳ беҳуш мешуду гоҳ сафсата мегуфт. Нафасгириаш торафт душвор мегардид.
– Плеврит,– аз дил гузаронд духтур пас аз муоинаи бемор ва ба падару модари ӯ рӯ оварда: – Ин паҳлавонро зудтар ба беморхона бурдан лозим,– гуфт.
Хуллас, посе аз шаб гузашту онҳо ба беморхона расиданд.
Беморро пунксия кардан, яъне тавассути сӯзани махсус зардоби дар зери шуш ҷамъшударо кашида гирифтан лозим буд. Духтури ҷавон, ки омӯзишгоҳи тиббиро ба наздикӣ хатм карда буд, ин амалро аз ҷиҳати назарӣ медонисту халос.
Шабҳои зимистон дарозанд. Кай рӯз мешаваду кай аз маркази ноҳия духтури таҷрибадор расида меояд? То он вақт худо медонад, ҳоли бемор чӣ мешавад?
– Чароғро пештар биёред, беморро пунксия мекунем,– гуфт вай бо қатъият ба ҳамшира...
Пас аз кафидани чашми рӯз ҳоли бемор каме беҳтар шуд. Духтур оҳи сабук кашид...
Вақте банда ин воқеаи чанд сол пеш аз суҳбати яке аз шогирдони Деҳқон Расулович шунидаамро ба ӯ нақл кардам, дар лабони духтур табассуми зебое дамиду баъди лаҳзае афзуд: ҳамон солҳо боз як воқеаи аҷиб рӯй дода буд. Майли шунидан дорӣ?
– Бифармоед.
– Соли 1955 буд. Банда ҳамон сол омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод (Хуҷанди имрӯза)-ро хатм карда будам. Ба хонаамон аз деҳаи Синтоби аҷдодӣ Раҷаббой ном ошнои падарам ба меҳмонӣ омаданд. Нисфи шаб падарам маро бедор карданд.
– Хез, Раҷаббойро як бин, аҳволаш нағз не барин.
Меҳмон аз касалии ришта азият мекашид.
– Пагоҳӣ ба маркази ноҳия мебарем, ҷарроҳ бояд кирми зери пӯстро гирад.
– Пагоҳӣ... маркази ноҳия,– авзои падарам беҷо шуд. – О, ман туро барои чӣ се сол хонондам, ки... 
Ҷойи гурез набуд. Аммо, агар вақти гирифтан «ришта» канда шуда, маҳлули даруни он ба хун омезад, бемор чанд муддат аз пой монда, азоби алимеро мекашад. Солҳои панҷоҳуми асри гузашта касалии ришта аз ҷумлаи бемориҳои азбайнрафта  маҳсуб меёфт.
Банда таърихи муфассали ин маризиро аз «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ хонда будам. Хушбахтона, «муолиҷа» ба хайрият анҷомид. Кирми сафедчатобро аз зери пӯсти пойи ошнои падарам бе офият берун кардам.
– Он солҳо душвор буд, додарам,– пас аз муддате хаёлан ба олами хотираҳо сафар кардан ба гап даромад духтур. – Солҳои панҷоҳуми асри гузашта тиббиёт дар деҳа шабеҳи бачае буд, ки афтону хезон роҳгардиро меомӯзад.
Кадрҳои маълумоти олидор ба ҷуз як ё ду нафаре, ки дар маркази ноҳия кор мекарданд, набуданд. Асбобу анҷоми зарурӣ, таҷҳизот, иншоот намерасиданд. Дар деҳаҳои аз маркази ноҳия дур нуқтаҳои фелдшерию  акушерӣ ташкил мекарданд, ки дар ҳар кадоми онҳо як фелдшер ва як акушер (доя) кор мекарданд.
Бале, рост мегуфт Деҳқон Расулович. Шароит вазнин буд. Фелдшерҳо дар деҳот ҳамзамон вазифаи педиатр, терапевт, ҷарроҳ, лор, кардиологро иҷро мекарданд. Бояд эътироф кард, ки ҳамон солҳо мутахассисони техникумҳои тиббӣ низ хеле болаёқат буданд. Халқи мо хидмати фелдшерҳои солҳои панҷоҳуму шастумро дар деҳот ҳаргиз фаромӯш намекунанд. Аз ин ҷост, ки номи Худойқул Завқиев, Устоҷаҳон Рустамов, Азизмурод Хоҷаев, Бобоқул Додоев, Усмон Ҷабборов, Мустафоқул Ҳамроев, Ширинбой Тангриев барин фелдшеронро халқи деҳаҳои ноҳияи Сайҳунобод то имрӯз бо эҳтиром ба ёд меоранд. Руҳашон шод бод, онҳо, дарҳақиқат,  заҳматкашони тиббиёти деҳа буданд.
Аммо фелдшери ҷавон Деҳқон Дадаев бо дониши омӯзишгоҳ қаноат накард. Фикри чуқуртар омӯхтани соҳаи интихобкардааш ӯро ором намегузошт. Оқибат ба мақсад расид. Соли 1967 факултети педиатрияи Донишкадаи давлатии тиббии Тошкандро хатм намуд.
Пас аз гирифтани диплом ӯ дар шифохонаи ноҳияи Сайҳунобод ҳамчун ҷарроҳи бачагон кор сар кард. Солҳо мегузаштанд, аммо духтур аз мунтазам омӯхтани навгониҳои касби худ даст намекашид. Обрӯяш дар байни халқ меафзуд.
– Ман ба садоқати Деҳқон-ака нисбат ба касби худ қоилам, – мегӯяд сардухтури шифохонаи серсоҳаи ноҳияи Сайҳунобод Урал Норҷигитов. – Агар то имрӯз ҷавонон аз устод нозукиҳои касбро омӯхта бошанд, ҳоло аз вай нерӯи фавқулоддаи ҷисмонӣ, хоҳиши ҳар рӯз ба мардум некӣ карданро меомӯзанд...
Деҳқон Расулович шоҳмотбози моҳир ҳам ҳаст. Ҳангоми шоҳмотбозӣ таъкид кардани як нуктаро дӯст медорад: зиндагӣ шабеҳи тахтаи шоҳмот аст. Мабодо, ягон гӯшаи ин тахта аз эътиборатон дур монад, мувозинат аз даст меравад.
Ӯ дар вазифаҳои гуногун кор кард. Гоҳ роҳбари шифохонаи бачагон буду гоҳе сардухтури оромгоҳи бачагон... ва дар ҳама ҷо кӯшиш мекард, ки мувозинатро нигоҳ дорад.
Ҷарроҳи тоифаи олӣ Деҳқон Дадаев пас аз чанд соли ба нафақа баромадан – соли 2011 бо исрори фарзандон корро бас кард. Аммо ба зудӣ дарёфт, ки дар хона «намеғунҷад». Ва ба ҷуз касби худаш сари кори дигареро ҳам гирифта наметавонад. Охир хуб нест, ки мардум ба кӯмаки вай ниёзманд бошанду ӯ дар хона нишинад. Ҳоло бардам аст. Ҳатто ба чашмаш айнак ҳам нагирифтааст.
Соли 2017 сардухтури шифохонаи ноҳия Муродулло Бобоев Деҳқон Расуловичро ба наздаш даъват кард.
– Устод, аз хонанишинӣ безор нашудед? – ӯро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт Муродулло Эгамович.
– Ба ту маслиҳатам ҳамин, ки, додар, то нури чашму қуввати миён дорӣ, кор кун. Бекорӣ мардро пир мекардааст...
– Офарин, устод! Аз пагоҳ шумо ба поликлиникаи оилавии деҳаи Бирлашган сару сарвар мешавед... 
Ва ба кор баргашт Деҳқон Расулович. Соли гузашта ӯро ба поликлиникаи серсоҳаи маркази ноҳияи Сайҳунобод ба кор даъват карданд. Алҳол ӯ хеле хушбахт аст, зеро ба халқ нафъаш мерасад.
Масофаи байни хонаи духтур ва роҳи калони шаҳраки Бахт – Сайҳун қариб се километр. Духтури 82-сола Деҳқон Расулович ҳар пагоҳӣ ин масофаро пиёда тай мекунад. Бегоҳӣ низ пиёда ба хона бармегардад ва гӯё рӯз аз рӯз ҷавон мешавад.  
Ҳоло ҳам айнак надорад.

Тӯхтамиши БОҚӢ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Сирдарё.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: