ПИРИ ҲУНАР БУД

Бобои Алимро хуб дар ёд дорам.

Бобои Алимро хуб дар ёд дорам. Андомаш дар лавҳи хотирам нақш бастааст. Марди қавӣ буд, ҷуссаи базебу қади баланд дошт. Борҳо ҳамроҳи падар ба аёдаташ рафтаам. Падарамро роҳбаладӣ менамудам. Он солҳо мӯйсафедон бо ҳам менишастанд, бо ҳам рози дил мегуфтанд, аз чор сӯйи зиндагӣ суҳбат меоростанд.
Ҳар бор, ки вориди ҳавлии бобои Алим мешудем, сӯйи боғ раҳнамоӣ мекард. Роҳрави  танг  сӯйи нишастгоҳ мебурд. Ду самти роҳрав гулпӯш буд ва кас аз тамошои атрофи роҳрав рӯҳ мегирифт. Як тараф ниҳолҳои анор, сӯйи дигар помидору бодиринг ва дигар дарахтони мевадор ба ҳусни боғ ҳусн  зам мекарданд. Бӯйи харбуза  ба машом мерасид. Деҳқони асил буд бобои Алим. Дар мобайни боғ зери дарахти нок кат  гузошта, меҳмононро ҳамеша дар он ҷо  мепазируфт. Аз паси девори ҳавлӣ чашмаи Мурғобак ҷорӣ. Обаш софу сард.
Даврони наврасиву ҷавонии Бобо дар деҳаи зебоманзари Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ сипарӣ шудааст. Бояд гуфт, ки номбурда аз оилаи косиб ба дунё омада, дар шашсолагӣ ба мактаби кӯҳнаи зодгоҳ меравад. Аз мулло Мирзо, мулло Ҳамроҳ, мулло Нурназар “Илми фиқҳ”, “Чаҳор китоб” ва “Қуръони карим”-ро омӯхтааст. Ёдовар бояд шуд, ғазалиёти Ҳофизро зиёд аз ёд мегуфт. Соли 1924 озими шаҳри Бухоро мешавад. Ҳамон сол падараш реҳлат мекунад. Донишҷӯйи ҷавон ба зодгоҳ баргашта, ҳамроҳи бародараш Раҳим Раҷабов дукони бофандагӣ мекушояд. Ба таъбире, чархи зиндагиро мегардонад.
Алим Раҷабов ташнаи илм буд. Бинобар ин, дар Самарқанд курси кишоварзиро  хатм мекунад. Солҳои 1932-1942 дар ноҳияи Фориш ба ривоҷи кирмакпарварӣ саҳм гирифтааст.
Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз ёфту Алим Раҷабов  ихтиёрӣ ба ҷанг рафт. Се моҳ дар шаҳри Каттақӯрғон курси омодагии ҳарбиро гузашт. Сипас дар сафи дивизияи 98-ум (сарфармондеҳ  генерал Собир Раҳимов) ва округи якуми ҳарбӣ (сарфармондеҳ  Г. К. Жуков) хидмат кард. Моҳҳои август-октябри соли 1942 дар муҳорибаи Москва фаъолона иштирок намуд.
Дар муҳорибаҳои Сталинград ва шаҳри Курск иштирок карда, шоҳиди гардиши куллӣ дар рафти Ҷанги дуюми ҷаҳон гардид.  Аз 10 январ  то 2 феврали  соли 1943 Алим Раҷабов дар амалиёти иҳота кардани армияи фашистӣ таҳти сарварии Паулюс  иштирок мекунад. Дар ин муҳориба 147 ҳазор аскар ва офитсери душман нобуд, 91 ҳазор аскари фашист,зиёда аз 2,5 ҳазор офитсер, 24 генерал бо сарварии Паулюс асир гирифта шуданд. Ҳамчунин 750 самолёт, 1550 танк, 6700 адад яроқу аслиҳа ва 61 ҳазор автомошин ба даст даромад.  Дар ин ҷанг Алим Раҷабов ярадор мешавад. Шаш моҳ дар госпитали ҳарбии Челябинск даво мегирад. Ва пасон чун маъюб ба ақибгоҳ, ба зодгоҳ фиристонида мешавад. 
– Борҳо бо сарвари он вақтаи Ӯзбекистон  Йӯлдош Охунбобоев ва ҳунармандони шуҳратёр Соро Эшонтӯраева, Тамарахонум ва ғайра дар фронт вохӯрдаам, – мегуфт А. Раҷабов. – Онҳо ҷанговаронро рӯҳбаланд менамуданд.
Бобои Алим пас аз ҷанг ҳам беш аз бист сол чун агроном, роҳбари пунктҳои кирмакпарварӣ дар ноҳияҳои Қӯшработ, Фориш ва Нурато кор кард. Солҳое, ки мо ҷавон будем, дар гузари Теппаи Лелоки Эҷ боғи пур аз мева бунёд карда буд. Дар поёни деҳаи Симчашма токзоре дошт, ки мардум  аз меваи он лаззат мебурданд. А. Раҷабов борҳо дар Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР ширкат ҷустааст.  
Бобои Алим умри бобаракати худро айёми пирӣ дар иҳотаи фарзандон, набераю абераҳо гузаронид. Ӯ ҳамеша бо халқ буд ва соли 2001 ба он дунё реҳлат намуд. 
Он рӯз саҳнаи мактаби 43-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ намуди идона дошт. 70  солагии мактаб таҷлил мегардид. Сухани охир, яъне омини ҷашнвора ба бобои Алим дода шуд. Ӯ бо дуоҳои нек омин гуфту ҳамон ҷо ҷон ба Ҷаббор супурд. 

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
ноҳияи Нурато.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: