ПИРОН СУХАН САНҶИДА ГӮЯНД

Абдуғаффор мехост, ки илм омӯзаду соҳибпеша гардад.

Дар ҳавои хаёлҳои ширин бо шарикдарсонаш Ниёзмуроди Бобо, Муҳаммади Давлат, Гулшани Мирзоалӣ ва дигарон таҳсилро дар мактаби деҳа идома медод. Раҳимқул Назарови маландӣ омӯзгорашон буд.
Сад дареғ, ҷанги хонумонсӯз нияту ҳаваси булбулакони боғи донишро ба ормонҳо табдил дод. Устод ба фронт рафт. Толибилмон дар кӯча монданд...
Бо роҳбалади набераи соҳиби хона – Абдурауф аз даҳлез ба хона ворид шудем. Бобои ҳоҷӣ дар як гӯша намози асрро адо менамуд. Баъди анҷоми тоату ибодат пирамард бо хушҳолӣ моро пешвоз гирифт. Боварии кас намеомад, ки як нафар куҳансоли 89-сола ин қадар чолоку серғайрат бошад. Рухсораҳои мӯйсафед анор барин суп-сурх, гӯё нур меборид аз чеҳраи шукуфони ӯ. Ҳолпурсӣ кардем. Гуфтем, ки бо эшон суҳбат оростанием. Дархости моро хуш пазируфт Ҳоҷӣ Абдуғаффор.
– Бобои Ҳоҷӣ, аввал лутфан бигӯед, ки овони бачагии  хешро дар муқоиса ба ҳаёти имрӯзаи насли наврас чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Мо дар қӯраи тафсони ранҷу бадбахтиҳо калон шудем. Аз азоби гуруснагӣ ҷон бохтани даҳҳо наздикону пайвандон ва атрофиёнро бо чашмони худ дидем. Ҳаргиз набинанд он рӯзҳои сиёҳро набераву абераҳои мо. Насли ҷавон бояд ба қадри осмони мусаффои кишварамон бирасанд. Шукр, ки барои кору таҳсилашон имкониятҳои фаровон мавҷуданд.
– Абдуғаффорбобо, дар бораи ба Қуръон рӯй оварданатон чӣ гуфта метавонед?
– Қиблагоҳамро усто Олим мегуфтанд. Зиндаёд бо дуредгарӣ сару кор доштанд. Амакам Муҳаммадаминро эшони қорӣ ном мебурданд. Назди уламою фузало ва   мардум мавсуф шуҳратёр буданд.
Банда бо лутфу марҳамат ва инояти Парвардигор дар чилсолагӣ ба омӯхтани Қуръони маҷид  пардохтам. Рӯҳашон шод бод, ҳамдеҳаамон мулло Раҳмонқул ба ман ҳаққи устодӣ доштанд. Аз имтиҳони ҷиддии уламои забардасти замон раҳматӣ Бурҳониддинмахдум бомуваффақият гузашта будам.
– Ба нақши дини мубини ислом дар ҷомеа чӣ назаре доред?
– Беш аз якуним миллиард аҳолии сайёраро мусулмонон ташкил медиҳанд. Ин худ магар тимсоли нуфуз, ҷозиба ва арзиши бебозгашти ислом нест?
Бемуболиға, он солҳо бо ҳазор тарсу ҳарос пинҳона дар кадом як кунҷи боғи деҳа намозҳои идайнро ба ҷо меовардем. Дар бораи адои намозҳои панҷвақта лаб кушодан мумкин набуд. Шукронаҳо кунем аз сиёсати кунунии ҳукуматамон дар боби эътиқод ва озодии виҷдон.
– Узр, Абдуғаффорбобо, шуморо чӣ водор сохт, ки аз сафари навбатии зиёрати Каъбатуллоҳ даст кашед?
– Мегӯянд, ки Каъба чӣ меравӣ, дилеро дарёб. Ривояти зеринро аксарият медонанд. Фарде тараддуди зиёрати хонаи Худоро дошт. Ҳамин ки аз тангдастии аҳли байти бевазани ҳамсоя воқиф гардид, ӯ маблағи ҷамъкардаашро ба ин оилаи камбизоат эҳсон намуд.
То солҳои 60-ум марҳумонро ба қабристони деҳҳамсоя бурда дафн мекардем. Дар обхезии баҳори соли 1965, ки калонсолон хуб дар ёд доранд, ҷасади як маитеро бо чӣ мушкилиҳо ба он тарафи соҳили Обизаранг гузаронда будем. Аз мавҷуд набудани кӯпрук то ҳол ин дарёи мавсимӣ чӣ қадар талафоти ҷониву молиро ба бор овардааст. Омили асосӣ ҳамин...
Хушбахтона, дар кишвари мо ҷавонмардони олиҳиммату ватанпарвар кам нестанд. Ҳамсафари мо як тан аз фаъолони маҳалла Сафармоҳ Юнусова ба суҳбат пайваст ва гуфт:
– Ба мисли ҳоҷӣ Абдуғаффор маслиҳату таҷриба ва зиндагиномаи солхӯрдаҳо, аз зумраи Тиллои Худоймурод, Сангинҷони Раҳим, Нарзиқули Обид, Фотимаи Сангин, Тӯхтамуроди Мурод, Холбибии Абдусалом, Тиллои Раҷаб баҳри сокинони Дуоба мактаби ҳаёт маҳсуб меёбанд. Ҳофизи ширинсухан беҳуда нафармудааст:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Бо суоли зерин имоми маҳалла Муҳаммадсамеъ Шарифовро ҳам ба мубоҳиса ҷалб намудем:
– Оё ташаббуси бобои ҳоҷӣ ҳамовозӣ пайдо кард ё на?
– Ҳоҷибобо гули сари сабади хонадони ҳамдеҳагон мебошанд. Номбурда беш аз 50 сол дар хоҷагии пахтакорӣ бо деҳқонӣ шуғл варзида, қариб 20 сол имоми маҳалла буданд. Ташаббуси пири равшанзамир ва савобҷӯйро на фақат хурду калони зодгоҳ, балки саховатпешагони дуру наздик низ дастгирӣ карданд. 
Манзили оддӣ ва хоксоронаи пирамарди хирадманду накӯкор ҳоҷӣ Абдуғаффор Олимовро бо як ҷаҳон таассурот тарк намудем. Гӯё дар он лаҳзаҳо ин каломи Ҳофизи бузургвор моро дунболгир мекард:
Пирони сухан ба таҷриба гуфтанд, гуфтамат.

Хон, эй писар, ки пир шавӣ, панд гӯш кун!

Суҳбаторо
Ниёзмурод МУРОДОВ,
ноҳияи Узуни
вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: