ПИРӮЗИИ БУЗУРГИ ДИПЛОМАТИИ МАМЛАКАТИ МО

Пӯшида нест, ки тайи солҳои охир Созмони ҳамкории Шанхай ба як созмони бонуфузи байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки дар ҳалли муҳимтарин мушкилоти ҷаҳони зудтағйирёбандаи замонавӣ, таъмини амният ва рушди устувор саҳми бузург мегузорад.

Ин созмон солҳои 1996-1997 бо номи «Панҷгонаи Шанхай» таъсис шуда буд ва дар соли 2001 вақте ки Ӯзбекистон ба он дохил шуд, номи Созмони ҳамкории Шанхайро гирифт.
Мақсади асосии ташкилот мустаҳкам намудани боварии тарафайн, дӯстӣ ва некҳамсоягӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиё-сӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ, маданӣ, энергетикӣ, нақлиёт, сайё-ҳӣ ва муҳофизати муҳиту атроф мебошад. 
Агар СҲШ-ро бо дигар созмонҳои байналмилалии минтақавӣ ва трансминтақавӣ муқоиса кунем, шоҳиди он мешавем, ки он чӣ қадар неру, салоҳият ва имконият дорад. Ду кишвари узви СҲШ, яъне Русия ва Чин, аъзои доимии Шӯрои бехатарии Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Қариб нисфи аҳолии ҷаҳон дар макони СҲШ истиқомат мекунад. Масоҳати умумии кишварҳои узви он 60 фоизи Авруосиёро ишғол мекунад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишварҳо тақрибан 24 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Дар доираи Созмон Ӯзбекистон 4 маротиба роҳбарӣ менамояд. Пеш аз ин мамлакатамон солҳои 2004, 2010 ва 2016 роҳбарӣ карда буд. 
Дастгирии раванди нав дар Осиёи Марказӣ аз тарафи СҲШ, ҳам барои минтақа ва ҳам барои  ба макони ҳамкории самарабахш, рушди устувор ва мутақобилан судманд табдил додани минтақаҳои фарогири ин сохтор аҳамияти муҳим дорад.
Аз ҷумла, СҲШ дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистон мақоми хоса дорад. Кишварҳои узви он ҳамсояҳои наздик ва шарикони стратегии Ӯзбекистон мебошанд. Ҳамкории тарафайн дар доираи сохтор ба таҳкими ҳам муносибатҳои бисёрҷонибаи минтақавӣ ва ҳам байниминтақавӣ, рушди муносибатҳо бо ҳар яке аз кишварҳо хидмат мекунад.
Маълум аст, ки таъмини амнияти минтақавӣ яке аз вазифаҳои асосии созмон оид ба мубориза бо терроризм, экстремизм, савдои ғайриқонунии моддаҳои гиёҳванд мебошад. Аз ин рӯ, Ӯзбекистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ин созмони бонуфуз ба таҳкими муносибатҳо бо он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Тавре ки Президентамон дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис дар моҳи январи соли 2020 махсусан қайд карда буд, рушди муносибатҳо бо Созмони ҳамкории Шанхай самти муҳими сиёсати хориҷии Ӯзбекистон шуда мемонад. 
Фаъолияти Ӯзбекистонро дар чаҳорчӯби СҲШ дар солҳои охир бо тамоюлҳои ташббускорӣ ва прагматизм, ки афзалият пайдо мекунад, ифода кардан мумкин аст. Пешниҳод ва ташаббусҳо оид ба густариш ва ҳамкориҳои бисёрҷониба, ки ба манфиатҳои миллии мо дар чаҳорчӯби СҲШ ҷавоб медиҳад, ба афзалиятҳои таҳкими ҳамкорӣ ва субот дар минтақа комилан мувофиқанд.
Дар давраи гузашта Ӯзбекистон дар доираи СҲШ 54 ташаббусро пешниҳод кардааст. Ин нишондодҳо хеле ҷиддӣ ва калон аст. Муҳимтар аз ҳама, Ӯзбекистон ташаббусҳои худро дар дохили Созмон на танҳо эълон мекунад, балки тавассути чораҳои амалӣ фаъолона ба ҳаёт татбиқ менамояд.
Бо афзоиши нуфузи СҲШ дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи кишварҳои дигари минтақа низ барои ширкат дар фаъолияти ин созмон зиёд мешавад. Ҳамин тариқ, ҳоло 8 кишвар узви доимии СҲШ, 4 давлат (Беларус, Афғонистон, Эрон, Муғулистон) мақоми нозирӣ доранд ва 6 мамлакат (Туркия, Озарбойҷон, Непал, Комбоҷа, Арманистон) шарики дипломатӣ мебошанд. Ғайр аз ин, бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ба аъзогии ин ташкилот майлу хоҳиш доранд. 
Дар навбати худ дар бораи ҳамоиши Самарқанд, ки аз ҷониби ин сохтор таҳти роҳбарии Ӯзбекистон баргузор шуд, суҳбат кунем. 
Дар ин ҳамоиш сарони наздик 15 давлат ва роҳбарони беш аз 10 созмони байналхалқӣ ширкат доштанд. Аз ҳама муҳимаш, дар ҳамоиши Самарқанд қариб 30 ҳуҷҷати байналхалқӣ қабул гардид, ки натиҷаи мантиқии беш аз 80 чорабинии аз ҷониби кишварамон дар доираи раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ пешбаригардида мебошад. 
Дар байни ин ҳуҷҷатҳо консепсия ва барномаҳои пешбурди тиҷорати минтақавӣ, ҳамкориҳои саноатӣ ва робитаҳои нақлиётӣ низ мавҷуд. Илова бар ин, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои муштарак дар иқтисодиёти «сабз», инноватсияҳо, технологияи рақамӣ, логистика, кишоварзӣ, тиббиёт ва дигар соҳаҳо сурат гирифтанд.
Яке аз рӯйдоди дигари муҳими ин ҳамоиш аъзо шудани Эрон ба ин созмон аст. Зеро, ин на танҳо нуфузи СҲШ-ро баланд мебардорад, балки мавқеъ ва таъсири онро дар ҷаҳон мустаҳкам мекунад.
Дар доираи ин ҳамоиш байни Президентамон ва роҳбарони тамоми кишварҳои ба мамлакатамон ташрифоварда, мулоқотҳои расмии дуҷониба ташкил карда шуданд. Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни ин муколама ҷонибҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои стратегӣ дар соҳаҳои энергетика, рушди содирот, савдо, логистикаи нақлиётӣ, робитаҳои фарҳангӣ, рушди таълим ва сайёҳӣ ба мувофиқа расиданд.
Сарвари давлатамон дар мулоқот бо намояндагони ВАО таъкид кард, ки ин ҳамоиш дар рӯҳи эътимод ва эҳтироми якдигар ва дар рӯҳияи корӣ сурат гирифта, созишномаҳои ҳосилгардида ба манфиатҳои аъзои СҲШ ва нозир мувофиқанд. Дар ҳақиқат ин натиҷаи чашмдошт аст.
Дар асоси ин метавон гуфт, ки ҳамоиши Самарқанд ҳамчун анҷумани азиме, ки дар он ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии СҲШ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими амният созишномаҳои муҳимро ба даст овардааст, дар таърихи сохтор мавқеи устуворро ишғол кардааст.
Хулоса, саммити Самарқандро метавон пирӯзии бузурги дипломатии Ӯзбекистон номид.

Абдуғанӣ САНГИНОВ,
узви Сенати Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: