ПИРӮЗИИ ДИПЛОМАТИЯИ ТОШКАНД

Тошканд – тарҷумон, забон ва овози сиёсати сулҳпарваронаи мамлакатҳои Шарқ.

Ин дигарбора дар тимсоли Анҷумани байналхалқии Тошканд «Ҷараёни сулҳхоҳона, ҳамраъйӣ дар соҳаи амният ва ҳамкориҳои тарафайни минтақавӣ», ки дар дараҷаи олӣ сурат гирифт, тасдиқ шуд.

Конфронс, ки таҳти ташаббуси муштараки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рӯи кор омад, барҳақ, идомаи мантиқии саъю кӯшишҳое арзёбӣ гашт, ки ба таъмин кардани сулҳу салоҳ дар Афғонистон нигаронида шудаанд.
Тақрибан чиҳил сол аст, ки дар Афғонистон нооромӣ, ҷангу ҷидол давом мекунанд. Зиддиятҳо тавлидгари мушкилоти ҷиддӣ нафақат дар минтақа, балки дар миқёси ҷаҳон буда, хусусан, халқҳои Машриқзаминро, ки дар ҳамсоягии ин кишвар қарор доранд, сахт ба ташвиш мегузоранд. Беҳуда нагуфтаанд, ки ҳамсояат тинҷ – ту тинҷ.
Дар натиҷаи «ҷанги бародаркушӣ» дар Афғонистон, дар ин ҷо афрӯхта шудани оташи нифоқ аз ҷониби қувваҳои харобкор бисёр бегуноҳон ҳалок шуданд, хонаи худро партофта, ба гурезагӣ маҳкум гардиданд. Террор авҷ гирифт, зӯроварию хунрезӣ осудагиро халалдор сохт, нашъаҷаллобӣ тарзи солими зиндагиро осеб расонд. Хуллас, муташанниҷии вазъ дар Афғонистон ба мушкилоти нафақат халқи ҷабркашидаи ин сарзамин, балки ба масъалаи ҳаллаш муҳими трансмиллӣ ва байналхалқӣ табдил ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар анҷуман маърӯза кард ва аз ҷумла, таъкид намуд, ки амнияти Афғонистон ин амнияти Ӯзбекистон, гарави эътидол ва шукуфоии тамоми минтақаи васеи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад.
Онҳое, ки ба сухан баромаданд, афкори солим ва дурандешонаи роҳбари Ӯзбекистонро дастгирӣ намуданд. Изҳори умед ва боварӣ намуданд, конфронси Тошканд дар масъалаи Афғонистон, мулоқот ва мубоҳисаҳои конструктивӣ, ҳамчунин қабул гардидани Баённомаи хулосавии анҷуман натиҷаҳои амалии мусбат медиҳанд. Гуфтушунидҳо дар Тошканди шарофатманд, ки шаҳри сулҳ, нон, меҳру оқибат эътироф шудааст, «харитаи амалиёт»-и ба худ хоси оштӣ ва муросо дар Афғонистони аз ҷанг абгоршуда қарор мегиранд.
Президентамон дар як қатор баромадҳои худ, аз ҷумла зимни суханронӣ дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи Генералии СММ, ки моҳи сентябри соли 2017 дар Ню-Йорк баргузор шуд, бино бар мушкилоти Афғонистон мавқеи сулҳпарваронаи Ӯзбекистонро баён намуда буд. Дар Декларатсияи Тошканд оид ба Афғонистон, ки дар доираи конфронси байналхалқӣ қабул гардид, Ӯзбекистон сиёсати сулҳхоҳонаашро дар дараҷаҳои баланд дигарбора намоиш кард. Амалан исбот намуд, ки ба дароз кардани дасти сулҳу субот, ҳамкорӣ ва ҳимоят ба халқи ҷафокаши Афғонистон ҳамешагӣ омода аст.
Тошканд, ки чун «дарвозаи Шарқ» машҳур аст, айни замон, ба сифати шаҳри сулҳ ва дӯстӣ дар тамоми дунё вирди забонҳост. Чунин ба назар мерасад, ин шаҳр ба қадри сулҳ ва дӯстӣ бештар мерасад. Амнияти халқҳоро эъзоз сохта, онро ба сар мебардорад.
Ҳанӯз дар солҳои панҷоҳуми асри сипаришуда Тошканд рамзи ҳамзистии осоишта эътироф шуда буд. Симпозиумҳо, анҷуману ҷашнвораҳои бонуфузи байналхалқӣ дар Тошканд гузаронда мешуданд. Халқ ва давлатҳои номуросо тавассути гуфтушунидҳое, ки дар ин ҷо ба вуқӯъ пайвастанд, ба муросо ва оштӣ даст меёфтанд. Масалан, дар натиҷаи аз ҷониби иртиҷоъгарон кошта шудани тухми нифоқ байни Ҳиндустон ва Покистон зиддият байни ду давлати ҳамсоя хеле тезутунд шуда буд. Задухӯрдҳои сарҳадӣ ба сар задани оташи ҷанг овард. Қувваҳои сулҳхоҳ арбобони ҳарду давлатро таклиф карданд, ки дар вақт ва ҷои барояшон мақбул вохӯранд, моҷароҳоро бо донишмандии ба роҳбарони бузург хос, бо роҳи музокираҳо ҳаллу фасл намоянд.
Вақте масъалаи ҷои вохӯрӣ ба миён омад, роҳбарони ду мамлакат Тошкандро, ки чун шаҳри сулҳ ва дӯстӣ ном бароварда, мақбул шумориданд. 
Январи соли 1966 эътибори тамоми дунё ба Тошканд нигаронида шуда буд. Дар ин шаҳр чароғи ақлу идрок, офтоби сулҳу бародарӣ, дӯстию рафоқат, ҳамдилию якдигарфаҳмӣ гӯё назар ба ҳарвақта бештар шуъла меафканд. Сарвазири Ҳинд Лаъл Баҳодур Шастрӣ, аз ҷумла, таъкид кард: «Мақсади устуворсозии сулҳ дар Ҳинд ва Покистон воқеан мақсади олиҷанобона аст».
Муҳаммад Аюбхон оиди аҳамияти алоҳидаи гуфтушунидҳо дар Тошканд чунин изҳор намуд: «Ҳоло назари тамоми дунё ба мо, ба музокираҳои мо дар Тошканд мебошад. Таърих ба Ҳиндустон ва Покистон барои ҳалли низоъҳои байниякдигариашон бо роҳи гуфтушунидҳои оқилона имконият фароҳам овард».
Дар доираи музокирот анҷумани матбуотӣ баргузор гардид. Дар он таъкид ёфт, 400 ҳазор аҳолии Тошканд вакилони Ҳиндустон ва Покистонро истиқбол карда бошанд, дар вазъи муваффақиятнок анҷом пазируфтани музокираҳо, интизор меравад тамоми Тошканд – бештар аз як миллиону 100 ҳазор нафар сокинони он ба кӯчаҳо баромада, сурур ва мамнунии худро изҳор намоянд.
10 январи соли 1966 ҳуҷҷати муҳим – Декларатсияи Тошканд ба имзо расид. 
Бо шарофати он дар нимҷазираи Ҳиндустон сулҳ устувор гашт. Дипломатияи Тошканд, рӯҳи Тошканд дар роҳи мустаҳкамсозии сулҳ ва барҳам додани низоъ ғалабаи калон ба даст овард.
Инак, аз байн бештар аз 52 сол гузашт ва дар масъалаи Афғонистон дар Тошканд, тавре таъкид кардем, конфронси дараҷаи олии «Ҷараёни сулҳхоҳона, ҳамраъйӣ дар соҳаи амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ» ба амал омад. Ӯзбекистон дигарбора ба исбот расонд, ки дар ҷараёни қаробати минтақавӣ нақши ҳалкунанда бозида, ҷонибдори сулҳу салоҳ ва осоиш дар минтақа, минҷумла, дар Афғонистон мебошад.
Рӯзҳои иди баҳор – Наврӯзи фаррухпай ба вуқӯъ омадани конфронси Тошканд бесабаб нест. Дар ин гуна рӯзҳо аз дил ва хотирҳо шустани ғубор, оштӣ ва ошноӣ ҷустанҳо байни халқҳои машриқзамин аз қадим расм буд.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: