ПИРӮЗИИ ИСТЕЪДОД

Шароиту имкониятҳое, ки аз ҷониби ҳукуматамон фароҳам оварда мешаванд, ба таъмини рушди Ватан ва ояндаи дурахшони ҷавонон нигаронда шудаанд.

Шароиту имкониятҳое, ки аз ҷониби ҳукуматамон фароҳам оварда мешаванд, ба таъмини рушди Ватан ва ояндаи дурахшони ҷавонон нигаронда шудаанд. Ҷавононе, ки аз ин имкониятҳо пурсамар истифода бурда истодаанд, хотири касро болида месозад. Хоссатан, хурсандибахштар аст, вақте ки онҳо дар миқёси ҷаҳон  ба обрӯйи кишварамон меафзоянд. Тавону салиқаи ҳар инсон дар бачагиаш ҳувайдо мегардад.
Муҳаммад Алӣ аз зумраи чунин ҷавонон аст. Бо ҳунармандии ба чустиён хос — сартарошӣ, ҳанӯз вақте дар синфи 5-ум таҳсил мекард, сарукор дошт. Пансада (Панҷсада)-и шаҳри Чуст аз қадим ба сифати маҳаллаи ҳунармандон эътироф шудааст. Аз ҳафт то ҳафтодсолаи ин маҳалла бо ягон навъи ҳунармандӣ сарукор дорад. Муҳаммад Алӣ аз бачагӣ ҳаракатҳои сартароши маҳалла — Дилшодҷонро таҳти  назорат гирифта, сари усулҳои наву замонавии ин ҳунар меандешид. Усто бо назардошти рағбату ҳавсалааш ба ӯ аз таҳти дил асрори ҳунар омӯхт. Дере нагузашта устод аз гирумони шогирд қаноат ҳосил кард. Вақте ӯро ниёзе пеш меомад, бо дили пур Муҳаммад Алиро ба ҷойи худ гузошта мерафт.
Дастовардҳои Муҳаммад Алӣ дар озмунҳои ҳунарии ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барояш илҳому нерӯ мебахшид. Чанде қабл вақте дар пойтахти кишвар байни ҷавонон озмуни байналхалқии сартарошону пардозгарон баргузор шуд, Муҳаммад Алӣ сазовори ҷойи якум гардид. Ин пирӯзӣ пирӯзии истеъдод буд.
Имсол хатмкардаи мактаби рақами 5-уми ноҳия Муҳаммад Алӣ аз имтиҳонҳо дар самти ҳуқуқшиносӣ сарбаландона гузашт.

Ш. ДАМИНОВА,
ноҳияи Чуст.   

Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест
Абдукарим мактаби миёнаи ҳаштсолаи рақами 8-уми деҳаи Дукчигии ноҳияи Самарқандро хатм карду намедонист чӣ гуна ҳунар омӯзад. Аз падари бузургвораш маслиҳат пурсид.
– Ҳеҷ неъмат шарифтар аз илм нест, – гуфт қиблагоҳаш. – Лекин мард бояд ҳунар низ дошта бошад. Боз як гап, агар ту кор кунӣ, зиндагии мо беҳтар мегардад, ба ман қувват мешавад.
Абдукарим (Ихтиёр номи дуюми ӯ) ба насиҳати падар амал карда, рӯзона дар сохтмон, шабона дар мактаби коргарҷавонон таҳсил гирифт. Пас аз соҳиби номаи камол шудан, ду сол дар Шарқи дур адои қарзи ҷавонмардӣ кард. Чанд муддат дар заводи истеҳсоли маҳсулоти пластик меҳнат намуда, сипас дар фабрикаи пойафзордӯзӣ кор кард. Аз устодаш Муродака асрори касбро омӯхт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ фабрика баста шуд ва ӯ бо соҳибкории хусусӣ машғул гардид. Собиқ ҳокими ноҳия Баҳодур Саъдуллоев дар деҳаи Ӯрташайх барои сохтани дукони таъмири пойафзор иҷозат дод. Абдукарим Сулаймонов қариб сӣ сол аст, ки устои таъмири пойафзор мебошад. Ҳоло бо шогирдаш Меҳроҷ Бобомуродов дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ ба халқ хидмати беминнат мерасонад.
– Касби ман оддӣ, вале шарафнок аст, – мегӯяд Абдукарим Сулаймонов. – Аз паси ҳамин кор иморат сохтем, тӯй кардем ва зиндагиамон мегузарад. Чанд муддат дар Русия будам ва аз паси ҳунар қадр ёфтам, луқма чидам, як-ду сӯм ҷамъ кардам. Ҳозир дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт­Петербург низ шогирдон дорам, ки ризқу рӯзӣ меёбанд. 
Бештар ба мӯйсафедон ва намозгузорони масҷиди ҷомеъи Хоҷа Аҳрори Валӣ хидмат намуда дуо мегирам. Лекин аз он дар тааҷҷуб ҳастам, ки баъзе ҷавонон касби моро қадр намекунанд ва ҳаваси омӯхтан надоранд. Фикру ёди эшон пули ҳавоӣ аст. Дар мактаби миёна байтеро аз ёд карда будам, ки ин аст:
Дар ҳунар кӯш, ки зар чизе нест,
Ганҷу зар пеши ҳунар чизе нест.
Ин гуфтаи шоирро ҳаёт собит намуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: