Пирӯзии варзишгарони мо

Алҳол Бозиҳои XVIII тобистонаи Осиё, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мешаванд, хеле бошиддат идома доранд.

Бинобар натиҷаи рӯзи нуҳуми мусобиқаҳо аъзои ҳайати варзишии Ӯзбекистон 31 медал, аз ҷумла 6 медали тиллоӣ, 13 нуқра ва 12 биринҷиро соҳиб гардида, алҳол аз рӯи рейтинги умумӣ ҷойи ёздаҳумро соҳиб мебошанд. 
Дар рӯзи нуҳуми мусобиқаҳо варзишгарони мо соҳиби се медал, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ шуданд. Аъзои ҷамоаи Ӯзбекистон Сабина Тошкенбоева, Нуринисо Усмонова, Дилдора Раҳматова ва Асал Икромоваҳо, ки дар баҳсҳои бино ба гимнастикаи бадеӣ иштирок карданд, 155,300 хол ҷамъоварӣ карда, соҳиби медали нуқра шуданд. Намояндаи тоифаи то 50 килограммаи ҷамоаи каратэи Ӯзбекистон Баҳринисо Бобоева сазовори медали нуқраи Бозиҳои Осиё шуд. Сангбардор Рустам Ҷангабоев, ки дар баҳсҳои тоифаи то 105 килограмми атлетикаи вазнин иштирок кард, дар як дастбардорӣ 203 кг, таконда бардоштан 252 килограмм сангро бардошта, бо 455 кг натиҷа ҷойи сеюмро ишғол намуд. 
Дар мусобиқаҳои оид ба футбол бошад, дастаи мунтахаби олимпии Ӯзбекистон дар чорякфинал бо дастаи яккачини Куриёи Ҷанубӣ вохӯрд ва дар дақиқаҳои иловагии сабқат бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрд.  

М. ҚОДИРЗОДА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: