ПИРӮЗӢ МУБОРАК, МАВЗУНА!

Мавзуна Муҳаммадова яке аз шогирдони пешқадаму фаъол ва соҳибистеъдод буда, ҳанӯз аз синфҳои поёнӣ ба илму дониш рағбати зиёд пайдо намуда буд.

Вай дар оилаи омӯзгор таваллуд ёфта, муҳити хонаводагӣ тавонист, ки баробари тарбия ба эҷод завқу шавқи бештаре пайдо кунад.
Мавзуна аз овони наврасиаш ба мутолиаи китоби бадеӣ завқи бепоён дошт ва ба навиштани шеъру лавҳа ва ҳикояҳои хурд-хурд аз рӯзгори наврасон машғул гардидааст, ки аксарияти намунаи эҷодаш дар саҳифаҳои тоҷикии рӯзномаҳои «Сариосиё» ва «Ховар» рӯи чопро дидаанд. Инчунин, чанд намунаи шеърҳои шогирдонааш дар маҷмӯаи дастаҷамъии «Сариосиё – офтоби қалбам» ҷой гирифтааст. Вай дар рассомӣ низ маҳорати баланд дошта, намунаи суратҳояш деворҳои мактаберо, ки ӯ таҳсил мегирад, ҷило медиҳанд. Бошад, ки дар оянда ӯ ҳамчун қаламкаши сермаҳсул ва рассоми моҳиру чирадаст маълуму маъруф гардад. 
Ҳоло Мавзуна Муҳаммадова хатмкунандаи синфи XI мактаби таълими умумии рақами 52-юми ноҳияи Сариосиё мебошад. Чанд моҳ пештар ӯ дар зинаи ноҳиявӣ ва вилоятии озмун аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи аввалро гирифта, ба зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта буд. Инак, боз хабари хуши тозае шунидем, ки дар миқёси ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, ҷойи аввалро сазовор гардидааст. 
Мо дар навбати аввал Мавзуна ва устодаш Назира Раҳматуллоева, роҳбари синф Хуршеда Тиллоеваро бо чунин пирӯзӣ муборакбод намуда, барояшон дар ҷодаи илмомӯзӣ фатҳи қуллаҳои баландро таманно дорем.

Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: