ПИРӮЗӢ МУБОРАК, УСТОДУ ШОГИРД!

Ҳақ бар ҷониби шоири шаҳир Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Ҳақ бар ҷониби шоири шаҳир Абӯабдуллоҳи Рӯдакист. Дониш инсонро мисли ҷавшан аз балою офат эмин нигоҳ медорад, ба қуллаҳои баланд мерасонад, сарбаланду сарфароз мегардонад. 
Ба наздикӣ дар вилояти Фарғона озмуни давраи IV фанҳои асосӣ – забону адабиёти тоҷик шуда гузашт. Дар он яке аз хонандагони фаъоли мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё Манижа Муродуллоева низ иштирок намуда, бо 82,2 хол сазовори ҷойи фахрии 3-юм гардид.  
Манижа 30-августи соли 2005 дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Сариосиё дар оилаи зиёӣ – Қурбонбой Муродуллоев ва Сайёра Поччоева ба дунё омадааст. Ин оила яке аз оилаҳои фарҳангдӯсту намунавии диёрамон б а ҳисоб меравад. Пеш аз ҳама ана ҳамин муҳити оилавӣ ӯро ҳамчун оҳанрабо ба сӯйи илму фарҳанг кашидааст. 
Хишти аввал гар ниҳад 
меъмор каҷ, 
То ба охир меравад 
девор каҷ.
Хиштҳои аввалини «қасри дониши» Манижа, ки аз ҷониби олиҳаи илму маърифат – муаллима Латофат Каримова росту беғалат гузошта шуда буд, имрӯз самараи худро нишон дод.
Манижа ҳамаи фанҳоро бо баҳои аъло мехонад ва яке аз даъвогарони нишони тиллоӣ аст. Ӯ чандин бор дар озмуни «Китобхони беҳтарин» иштирок намуда, дар ноҳия ва вилоят сазовори ҷойҳои фахрӣ гардидааст. Инчунин, яке аз иштирокчиёни озмуни «Духтарони Зулфия» дар ноҳия мебошад. 
Ба шеъру шоирӣ шавқу ҳаваси беандоза дорад. Шеърҳои шогирдона менависад. Манижа баъде, ки ба синфи 5 гузашт, дарси забону адабиётро то синфи 11 аз муаллимаи бомаҳорат Дилором Муродуллоева омӯхт.
Дилором Муродуллоева аз соли 1987 инҷониб дар мактаби рақами 12-уми ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Ӯ дар озмунҳои таълимӣ худ низ фаъол буд. Соли 2000-ум дар озмуни «Муаллими сол» ва соли 2007 дар озмуни «Муаллими беҳтарини фан» дар ноҳия ғолиб гардида, дар вилоят сазовори ҷойи фахрии дуюм гардидааст. 
Имсол вақте ки зинаи вилоятии озмуни фаннӣ охири моҳи ноябр дар шаҳри Тирмиз баргузор гардид, ба ҷарроҳӣ шудани чашмҳои муаллима ҳамагӣ ду рӯз шуда буд. Ҳарчанд фарзандону оилааш ба роҳи дур нарафтанашро талаб мекарданд, вале ӯ бо қатъият мегуфт, ки бояд бо шогирдаш Манижа ҳамроҳ бошад. Муаллимаи фидоӣ – Дилором Муродуллоева барои чунин меҳнату заҳматҳояш сазовори унвони «Аълочии маорифи халқи Ӯзбекистон», нишони сарисинагии «31-солагии Сарқонуни Ӯзбекистон» гардидааст. 
Дилором Муродуллоева ҳоло дар нафақа аст. Пайвандонаш ба ӯ мегӯянд, «ана, акнун вақти дамгирӣ расидааст», вале ӯ мегӯяд, ки «ҳаёташро бе мактабу шогирдонаш тасаввур карда наметавонад». Гӯё ин мисраъҳо маҳз барои муаллима гуфта шуда бошад:
Муаллим, умри ту сарфи 
қалам шуд,
Ғаму шодӣ шабу рӯзат 
баҳам шуд.
Ду чашмонат чу шамъи 
пилтасӯзе,
Дурахши роҳи мардум 
гашту кам шуд.
Мо аз фурсат истифода бурда, устоду шогирдро бо ғолибият муборакбод менамоем.

Дилрабо НАЗАРОВА, 
доктори фалсафа оид ба фанҳои филологӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: