Ҳарчанд Бозиҳои олимпии «Париж -2024» бо гузашти рӯзҳою табдили солҳо ногузир ба моли таърих мубаддал хоҳад шуд, аммо шукӯҳу шаҳомати он айёми шодиофар ҳаргиз аз ёди мардуми мо зудуда нахоҳанд гашт.
Қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди худро мардуми Ӯзбекистон бо ҳарфҳои заррин дар китоби дил хоҳанд навишт.
Варзишгарони кишвари мо дар ин сабқати ҷаҳонӣ натиҷаҳои хубе ба даст оварданд, ки дар таърихи варзиши мамлакат собиқае надоранд. Ҳашт нишони тиллоро соҳиб гардидан ва дар байни беш аз 200 кишвари дунё дар зинаи сенздаҳуми раддабандӣ қарор ёфтани номи Ӯзбекистон аз он далолат медиҳад, ки ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи варзиш бетафовут нест, балки беш аз пеш мусоидат намуда, забардасттарин намояндагони онро мавриди дастгирӣ ва ғамхориҳо қарор медиҳад. Бешубҳа, соҳаи варзиш барои баланд бардоштани номи кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ тарғиб намудани обрӯи он ҳиссаи бузурге мегузорад.
Дӯстдорони варзиш қаҳрамонони Бозиҳои олимпии «Париж -2024»-ро дар тамоми гӯшаву канори Ӯзбекистон хеле мутантан пазироӣ намуданд. Хушбахтона, дар Бозиҳои олимпӣ аз вилояти Сурхондарё низ варзишгарон ширкат доштанд, ки номи ду нафари онҳо дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифт ва қаҳрамониҳои онҳо мудом вирди забони ихлосмандони варзиш ва кулли мардуми шарифи ҷумҳурӣ гашт.
Аз абармардони ин арсаи нангу номус Музаффарбек Тӯрабоев мебошад, ки дар вазни то 100 килограмм аз намуди дзюдо вориди сабқат гардид ва басо ҳунарнамоӣ кард, ки боиси хушҳолии мардум шуд.
Музаффарбек Тӯрабоев ҳарифони худро як-як мағлуб сохтаву роҳро ба ҳаштякфинал боз сохт. Вай дар ҳаштякфинал бо намояндаи Қазоқистон Шерхон Нурлихонови соҳибтаҷриба вориди сабқат гашт. Нахуст Тӯрабоев усули хуберо ба кор бурда, аз рақиби худ пеш гузашт. Вай бо усули техникии «вадзаари» ҳарифи худро ба замин афтонд ва холи даркориро соҳиб шуд. Баъдан Шерхон Нурлихонов низ усули муассире ба кор бурда, ҳисобро мусовӣ сохт. Аммо Музаффарбек тамоми неруи худро ба кор бурдаву рақибро ба пушт хобонд, ки ин усулро дар олами дзюдо «иппон» меноманд. Дар натиҷа, ҳайати доварон ҷавонпаҳлавони мо Музаффарбек Тӯрабоевро бо ҳисоби 11:1 аз болои Шерхон Нурлихонов ғолиб донистанд. Акнун роҳ ба чаҳорфинали сабқат боз шуда буд. Варзишгари мо дар ин зинаи мусобиқа бо намояндаи Нидерландия Михаил Коррел вохӯрдаву пас аз иҷрои ду усули муассир ба рақиби худ роҳе ҳам боқӣ нагузошт. Музаффарбек пас аз иҷрои усули «иппон» варзишгари нидерландиро бо пушт ба замин афтонд. Ҳисоб 11:0 эълон шуд ва Тӯрабоев барои ҳимояи шарафи Ӯзбекистон ба зинаи ниманиҳоӣ роҳхат гирифт. Вай дар ин зина бо намояндаи Озарбойҷон Зелим Котсоев қувваозмоӣ кард. Котсоев дар ин навбат ҳам бартарии худро нишон дод ва бо истифодаи ҳамагӣ як усул ва ба даст овардани як холи зарурӣ ғолиб омад. Аммо ин барои Тӯрабоев ҳанӯз имконияти ниҳоӣ набуд. Вайро лозим меомад, ки барои ба даст овардани нишони биринҷӣ бо дзюдочии Испания Николоз Шеразадишвилии гурҷитабор баҳс орояд. Музаффарбек ба рақиби испании худ имконияте надод ва ӯро бар ҳисоби 10:0 мағлуб сохта, соҳиби нишони биринҷии Бозиҳои олимпии «Париж – 2024» шуд. Ин лаҳзаҳо барои варзишгари мо Музаффарбек Тӯрабоев хеле ҳаяҷоновар буд ва ӯ ашки шодӣ рехтаву ин хушнудии худро бо аҳли толор, хоса мухлисони ҳамватани худ ба ҳам медид. Вай ҳазорон мухлисони худро дар Ӯзбекистон, ки назди оинаҳои нилгун нишаставу ин набардро тамошо мекарданд, низ маҷбур сохт, ки дар чашмон об гиранд ва дуои ҷони ҳамаи варзишгаронро кунанд.
Музаффар Тӯрабоев 5-уми апрели соли 2000 дар деҳаи Даштиғози ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарё ба дунё омадааст. Вай писари ҷаҳонпаҳлавон Тоштемир Муҳаммадиеви қаҳрамони ҷаҳон аз рӯйи намуди гӯштини варзиш мебошад, ки тамрини пайваста ва таҳаммули машаққати бисёр дар ин соҳа ниҳоят ӯро низ машҳури ҷаҳон кард. Вай солҳои 2021 ва 2022 дар чемпионати ҷаҳонии дзюдо аввал соҳиби медали биринҷӣ, баъд нишони тиллои ин сабқати бонуфузро ба даст овард, ки эътибори варзишгарро боло бурданд. Тӯрабоев аз соли 2017 узви дастаи варзишгарони сабқати олимпии Ӯзбекистон мебошад. Вай Варзишгари хидматнишондодаи ҷумҳурӣ аст ва таҳти назари мураббии худ Улуғбек Азизов пайваста машқ карда, ҳунари варзишии худро аз намуди дзюдо сайқал медиҳад. Тӯрабоев тавонист, ки дар ҷавонӣ мавқеи худро дар варзиши минтақа мустаҳкам созад ва соли 2023 дар Бозиҳои Осиё ғолиб ояд.
Ӯро дар қатори даҳҳо варзишгарон баъд аз анҷоми Бозиҳои олимпӣ ва баргаштан ба Ватан дар фурудгоҳҳои Тошканду Тирмиз хуб истиқбол гирифтанд. Хидматҳои Музаффарбек аз ҷониби Президент қадрдонӣ шуд ва ба сифати туҳфа 50 ҳазор доллари ИМА ва мошин тақдим гардид. Соҳиби медали биринҷиро дар зодгоҳаш Бойсун низ пазироии хуб карданд ва туҳфаҳои хотирмон доданд.
Музаффарбек Тӯрабоеви 24-сола ният дорад, ки дар Бозиҳои олимпии дигар низ ширкат варзидаву шарафи Ватани худро ҳимоят кунад.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СУРХОНДАРЁ.