ПИСАРИ «МАСКАВӢ»-И ШОИСТАХОНУМ

26 апрел ба рӯзи таваллуди яке аз асосгузорони санъати эстрадӣ, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Ботир Зокиров 85 сол пур мешавад

26 апрел ба рӯзи таваллуди яке аз асосгузорони санъати эстрадӣ, Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон Ботир Зокиров 85 сол пур мешавад 
Ба сифати намунаҳои асли эстрадаи замонавӣ таронаҳои ӯ дар «хазинаи тиллоӣ» ҷойи муносиб доранд. Қобили таваҷҷӯҳ боз он ки вай бо якчанд забони дигари дунё месуруд ва хоссатан эътибори дӯстдорони савту навои Шарқро ба худ мекашид. Бо форсӣ-тоҷикӣ низ зиёд сурудааст ва он таронаҳо ҳанӯз садо дода, қалби шунавандагони бешуморро тасхир месозанд. Бигирем суруди ӯ «Эй сорбон»-ро (бар ғазали Саъдии бузургвор), ки мешунавӣ ва пеши назар корвонеро тасаввур месозӣ, ки қатори борҳо ёри ҷонии қаҳрамони лирикиро низ ба манзилҳои дур бурда, дили ӯро адо месозад:
Он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад...
«Муҳаббат омаду олам дигар шуд»-и Б.Зокиров (шеъри Аминҷон Шукӯҳӣ), айни замон, ба торҳои эҳсос нохун зада, шунавандаро ба олами пурэъҷоз ва афсонамонанди давраи беғубори умр раҳнамун месозад.
Вай, зимнан, чанд забонро балад буд, аз ҷумла, аҷдодаш бухороиасл, ки буданд, тоҷикиро мепарастид, аз устодони санъати сарояндагии тоҷик низ нозукиҳои ҳунар омӯхт, дар баробари ҳамин аз ҷумлаи овозхонҳои мо шогирдҳо баровард. Ҳанӯз овони донишҷӯӣ дар Консерваторияи давлатии Тошканд байни ӯ ва студентҳо аз Тоҷикистон, ки ҳамин ҷо мехонданд, риштаи муносибатҳо хеле мустаҳкам буданд. Якҷо таронаҳои мардумии тоҷикро замзамакуниҳояшон ҳаваси ҳамаро меовард.
Б.Зокиров баробари овозхон будан коргардони касбӣ буд – факултаи режиссёрии Институти театр ва рассомии Тошкандро низ хатм намудааст.
Соли 1956 бо эҳтимоми ӯ ансамбли «Ёшлик» ташкил гашт ва дар давраи худ хеле шуҳратёр гардид. Бо ба забон оварда шудани «Ёшлар» симои Ботир Зокиров пеши назарҳо падидор ва садои гуворояш бидуни ихтиёр дар паси гӯшҳо ҷарангос мезад. Ӯро айнан бо ибораи тоҷикӣ ба «булбули гӯё» монанд мекарданд, ки ин беҳуда набуд.
Арабҳо низ Б.Зокировро чун сарояндаи нотакрор эътироф мекунанд ва таронаҳояшро ҳанӯз бо шавқ мешунаванд. Хусусан, «Тангои араб» ба шуҳрати овозхон афзуд, ки он дар Ҷашнвораи байналхалқии ҷавонон ва донишҷӯён дар Маскав (соли 1957) бори аввал садо дода буд.
Дар солҳои 60-ум, гуфтан мумкин, Б.Зокиров аз машҳуртарин таронахонҳои давр маҳсуб меёфт.  Ӯ яке аз ташкилотчиёни Оркестри давлатии эстрадӣ ба шумор мерафт. Мусиқӣ-холл маҳз бо кӯшиши вай соли 1972 дар Тошканд ташкил гашт. Коргардон, роҳбари бадеӣ ва айни замон, хонандаи «Мусиқӣ-холл»-и он вақт ягона маҳз худи ӯ буд, тавонист фолклори мардумии машриқзаминро бо самтҳои эстрадии замонавӣ ҳамоҳанг сохта, таваҷҷӯҳи оммаи васеъро ба дурдонаҳои мусиқӣ бедор созад.
Вай аз Ӯзбекистон ягона овозхоне ба шумор мерафт, ки «Олимпия»-ро забт кардааст. «Олимпия» калонтарин толори консертӣ дар Париж буда, як бор тамошо кардани онро сайёҳҳои дунё орзу мекунанд. Дар саҳнаи он баромад кардан танҳо ба ситораҳои дурахшони олами санъат насиб мекунад. 
Саломатии сароянда хуб набуд. Соли 1963 дар вақти ҷарроҳии мураккаб як қисми шуши ӯро буриданд. Ду сол сахт азоб кашид. Вале ирода бой надод. Маслиҳат доданд, ки аз ҳавои беғубори кӯҳсор бештар нафас кашад. Қариб ҳар рӯз ба кӯҳ мебаромад, чуқур-чуқур нафас мекашид. Ҳавои кӯҳсор давои хуб гашт ба бемориаш. Боз ба саҳна баргашт.
Ҳанӯз дар 29-солагӣ ба гирифтани унвони Артисти халқии Ӯзбекистон сазовор шуда буд. Соли 2000-ум бо ордени «Буюк хизматлари учун» тақдир шуд. «Раъно», «Қайдасан, азизим?», «Хаёлимда бӯлдинг узун тун» барин даҳҳо сурудҳояш умри бардавом доранд. Беҳуда нагуфта будаанд, ки «ҳамин як садост, ки мемонад».
Бародари ӯ Фаррух Зокиров, ки низ аз ҳунарварони номвар аст, суруде дорад бо унвони «Лейлӣ». Матни он ба қалами Ботир Зокиров мансуб мебошад. Эҷодкори серқирра шеър ва ҳикояҳо низ менавишт, беҳтарин асарҳои адибони машҳури дунёро ба ӯзбекӣ тарҷума мекард. 
Дар филмографияи Б.Зокиров картинаҳои «Вақте ки садбарг мешукуфад» (1959) ва «Роҳҳои пуроташ» (1982) нақши босазо доранд, ки дар онҳо образҳои Собир ва Робиндронат Тҳакурро талқин намудааст. Дар «Ёр-ёр» («Куҷоӣ, Зулфияи ман?») ва «Овозаҳо дар маҳалла» сурудҳояш садо додаанд.
Оиди бо якчанд забонҳои дунё таронаҳои диловез иҷро кардани Б.Зокиров ишора карда гузаштем, ки ин дар навбати аввал самараи ҳамкории ӯ бо мусиқорҳои давлатҳои гуногун буд. Ду таронаи тоҷикӣ («Суруди ҷудоӣ» ва «Маро бибӯс») аз ҷониби Б.Зокиров дар услуби эстрадӣ коркард ва алалхусус «Маро бибӯс» вирди забонҳо гашт.
Воқеаҳои романи «Одам будан душвор»-и Ӯлмас Умарбеков асосан дар солҳои 60-ум рӯй додаанд. Қаҳрамони асосии роман Гулчеҳра, ки ҳомиладор буду зудтар расидаоии ӯро нигарон, баногоҳ аз аҳдшиканӣ ва хабари тӯйи ӯ бо духтари дигар огоҳ шуда, дунё ба назараш торик ёфт. Бевақтии шаб ба болои бинои нимбуди бисёрошёнае баромад, ки дар асоси лоиҳаи кашидааш қад рост кардааст. Аз радиои дар куҷое баланд гузошташуда суруди Ботир Зокиров ба гӯшаш расид: «Маро бибӯс...»
Ин сурудро бисёр дӯст медошт Гулчеҳра. Дилаш хаёле гум зад ва баҳушу беҳуш қадаме ба пеш ниҳоду... 
Аз кайҳон низ заминро гӯш кардан мумкин? Кайҳоннавардон аснои парвоз имконияти радио гӯш кардан доштанд? Ин басо шигифтангез... Вале кайҳоннавард А.Николаев рафти бозии финалии чемпионати мамлакат оиди футболро аз «Маяк» гӯш кард ва «Шахтёр»-ро бо ғалаба табрик намуд, ки дар ин бора зимни хотираҳояш «Дар мадор вомехӯрем» қайд кардааст.
Ю.Гагарин ду бор ба Ӯзбекистон омадааст ва ҳикоят мекунанд яке аз сафарҳояшро суруди «Ҳабиба»-и Ботир Зокиров низ сабаб гардидааст. 
Чун Б.Зокиров дар Маскав тавлид ёфт, модараш «бачаи маскавиам», гӯён навозишаш месохт. Падари овозхон Карим Зокиров (Артисти халқии Ӯзбекистон) солҳои 1934-1936 дар Консерваторияи давлатии Маскав (дар баъзе манбаъҳо дар студияи операи ӯзбеки Маскав) таҳсил намудааст. Ҳамсараш Шоиста Саидова (1917-2000) бо ӯ ҳамроҳ мезист. Ҳамон ҷо фарзанддор шуданд. Баробари Ботир фарзандони дигари хонадон Фаррух, Луиза, Навфал, Ҷамшед, Равшан низ санъаткор шуданд. Арӯси хонадон (ҳамсари Ҷамшед) Гавҳар Зокирова – ҳоло яке аз чеҳраҳои намоёни ҳунар. Писари Ботир Зокиров – Бахтиёр, айни вақт, хатмкардаи ВГИК ва киноактёр буд. 
Дар қарори Президент бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 85-солагии Б.Зокиров ва абадӣ гардонидани хотираи ӯ, аз ҷумла, гузоштани лавҳаи ёдгорӣ дар хонаи рақами 3-юми кӯчаи Навоӣ, ноҳияи Шайхантоҳури Тошканд, додани номи Ботир Зокиров ба кӯчае, ки Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон ҷой гирифтааст, ташкил кардани оркестри симфонии миллӣ ба номи Б.Зокиров, ба нашр омода сохтани китоби «Ботир Зокиров дар хотираи ҳамзамонҳо», офаридани филми нави ҳуҷҷатӣ оиди ҳаёт ва фаъолияти эҷодии мавсуф ва саҳнавӣ сохтани спектаклҳо, гузаронидани вохӯрӣ ва маҳфилҳои эҷодӣ бо иштироки намояндагони барҷастаи санъат ва маданият, хулоса, бо савияи баланд гузарондани ҷашне, ки пеш истодааст, қайд шуда ва иҷрои вазифаҳое, ки дар ин самт муайян гаштаанд, аллакай оғоз ёфтааст.
Омӯзишгоҳи санъати Ҷиззах ва маркази санъати ҷавонони Самарқанд ба номи Ботир Зокиров мебошанд. Филмҳои ҳуҷҷатии «Сурудатро ба ман деҳ» ва «Суруде, ки хонда нашуд», ки ба ҳаёт ва роҳи эҷодии Ботир Зокиров бахшида шудаанд, батакрор намоиш дода мешаванд.
Чорабиниҳое, ки бинобар 85-солагии овозхони бузург баргузор мегарданд, дар ҳаёти фарҳангӣ ва мадании мамлакат воқеаҳои муҳим хоҳанд гашт.

М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: