ПИСАРИ ШОИРИ НОМДОР ДАР САМАРҚАНД

Дар моҳи шарифи Рамазон, ки ёдоварии гузаштагон ва ҳолпурсии дӯстон воҷиб аст, писари устод Лоиқ Шералӣ – соҳибкор Диловар Лоиқзода бо ҳофизи номдор, шогирди Ҷӯрабек Муродов – Шомурод Тағоев ба Самарқанд омад.

Онҳоро сарояндаи маҳбуб, пайрави Ҳоҷӣ Ҷӯрабек Муродов дар Самарқанд Ҳасанҷон Нуруллоев роҳбаладӣ кард.
Меҳмонон нахуст ба хонаи рӯзноманигор ва бостоншиноси варзида, собиқ сарвари Маҷмӯи Регистон, шодравон Беҳ-рӯз Маъруфӣ, ки соли гузашта аз бемории “Ковид 19" нобаҳангом вафот кардааст, рафта ба аҳли оилаи марҳум ҳамдардӣ изҳор карданд.
– Раҳматӣ Беҳрӯз Маъруфӣ инсони комил, дилёбу дарёдил, саховатманду савобталаб буд, – бо оҳи бадард лаб ба сухан кушод Диловар Лоиқзода, – аҷаб, қисмат будааст, ки падараш – олими суханшинос Рауф Маъруфӣ  бо падарам, ҳамсари табибаш бо завҷаам, худаш бо ман риштаи дӯстиро мустаҳкам намуда буд. Марги ӯро шунида сахт андӯҳгин шудему аз сабаби карантин дар маросими ҷанозаи ӯ ширкат варзида натавонистем. Ҳоло сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон кушода шуду барои ҳамдардӣ омадем.
Рӯҳашон шод ва хонаи охираташон обод бод.
Сипас Диловар меҳмони идораи рӯзномаи “Овози Самарқанд” буд. Он ҷо бо эҷодкорон шинос шуд.
Суҳбат бо ҷамоаи рӯзнома ба қавле қаймоқ баст.
– Соли гузашта  бо ташаббуси рӯзномаи мо ва Маркази фарҳанги тоҷикони вилоят ба муносибати 80-солагии устод Лоиқ Шералӣ дар мактабу Донишгоҳи давлатии Самарқанд чорабиниҳои гуногун ба вуқӯъ пайваст, – иброз дошт муҳаррир Баҳодури Раҳмон. – Шоирону нависандагони барҷастаи вилоят, ки бо устод Лоиқ Шералӣ шинос буданд, хотираи хешро ба ҳам диданд, мухлисонаш аз эҷодиёти соҳибҷашн шеърҳо қироат карда, рӯҳашро шод намуданд.
– Воқеан, падари бузургвори ман ба шаҳри бостонӣ эҳтироми хоса доштанд,– бо ҳисси шодмонӣ гуфт Диловар. – Қиблагоҳам нақл мекарданд, ки бобокалони моён аз Даҳбеди Самарқанд будаанд  ва бо амри такдир сокини деҳаи хушҳавои Мазори Шарифи Панҷакент шудаанд. Падар ҳар гоҳ ба шаҳри Самарқанд меомад, бо як олам таассурот бармегашт.
Ба шаҳри шумо бахшида шеъру ғазалҳои дилнишину гуворо навиштаанд.
Дар поёни вохӯрӣ муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» чанд номгӯй асарҳои ҷолиби диққатро, ки зери рукни «Аз китобхонаи рӯзнома» чоп шудаанд, пешкаши меҳмонони олиқадр намуд.
Сипас, меҳмонони панҷакентӣ Диловар Лоиқзода ва Шомурод Тағоев бо фаъолияти рӯзномаи «Гулобод тонги» шинос шуданд.
– Яке аз дӯстони ман Озод Ҳамидзода низ фарзанди ноҳияи шумоянд, – бо самимият изҳор дошт Диловар Лоиқзода. – Фикр мекардам, он касро дар ҳамин идора мебинам.
– Ин кас ҳамсари Озод Ҳамидзода, масъули саҳифаи тоҷикӣ, шоираи бачаҳо – Дилрабо Насимӣ! – ходими идораро шиносонд муҳаррир Нормурод Каримзода.
– Ҳамсарам Озод Ҳамидзода аз айёми бачагӣ мухлиси Лоиқ Шералӣ ҳастанд, – гуфт Дилрабо Насимӣ, – ба эҳтироми устод ва орзуҳои зиёд номи писарамонро Лоиқ гузоштем. Духтарамон –  Фарзона донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст. Фарзанди сеюмамон Шукрона аллакай бисёр шеърҳои Лоиқ Шералӣ ва Фарзонаро аз ёд медонад. Дар озмунҳои Лоиқхонӣ ғолиб омадааст.
– Афсӯс, ки қобилияти шоирӣ надорам, – бо лабханди зебо гуфт меҳмон, – вале ба қавли Носири Хусрав:
Ҷаҳонро хуррамӣ аз
 деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ заръ, 
гоҳе бӯстон аст.
Аз ин рӯ, касби пуршарафи бобоӣ – деҳқонӣ пешаи ман буда, ҳоло соҳибкор ҳастам. Дар тасарруфам чанд гектар майдони обёрӣ буда, бо боғбонӣ ва деҳқонӣ машғул ҳастем.
Ифтихори мо – тоҷикон аз он аст, ки падари бузургворам дар шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини Мовароуннаҳр мухлисони зиёд доранд.
– О, яке аз онҳо ман мебошам, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Нормурод Каримзода, – дар ҷевони китобам асарҳои устод Лоиқ Шералӣ «Илҳом», «Нӯшбод», «Ҷоми Хайём», «Хоки ватан”-ро дорам. Дар мактаби миёнаи рақами 12 (собиқ 95) аз устод Лоиқ Шералӣ дастхат гирифта будам. Аз ҳама муҳимаш, ба чанд ғазали бузургвор мухаммас бастаам.
Меҳмон таҳти роҳбаладии раиси ҷанговарони байналмиллалии вилояти Самарқанд Эркин Мавлонӣ дар ифтори ҳофизи номдори Самарқанд Ҳасани Нуруллоҳ иштирок карданд ва рӯзи дигар бо ёдгориҳои таърихии Самарқанд шинос шуданд.
Мо меҳмони олиқадри тоҷикро ба шаҳри Панҷакент гуселкунон беихтиёр дубайтии машҳури Лоиқ Шералиро, ки ба фарзандонашон Диловар, Ромиш, Сомон ва гулдухтари меҳрубонаш бахшида шудааст, ба хотир овардем:
Аламбардори номи ман 
ту бошӣ,
Паёми ман, давоми ман 
ту бошӣ.
Бимирам сарбаланд, 
эй тифли фардо,
Агар қоиммақоми ман 
ту бошӣ...

Тошпӯлод ЮСУПОВ,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: