Ҳамкории дӯстонаи вилояти Намангон бо ноҳияи Қораӯзаки Қароқалпоқистон хуб ба роҳ монда шудааст.
Аз тарафи ҳокимияти вилоят дар ноҳия як қатор корҳои ободонию бунёдкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба қарибӣ бо ташаббуси Иттифоқи касабаи Ӯзбекистон 120 нафар писарону духтарон аз ноҳияи Қораӯзак барои шавқовар ва бофароғат гузарондани таътили тобистонаашон ба вилояти Намангон сафар намуданд. Меҳмононро дар вокзали роҳи оҳани шаҳри Намангон мизбонон бо карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Аз тарафи санъаткорони вилоят сурудҳо садо доданд.
Барои бачагони қароқалпоқ дар истироҳатгоҳи бачагонаи «Соҳил»-и ноҳияи Косонсой ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Меҳмонон ба гурӯҳҳо тақсим шуда бо хобгоҳ, ошхона, китобхона, майдончаҳои варзишӣ, хонаҳои маънавият ва маърифат ва ҷойҳои ҷолиби диққати истироҳатгоҳро дидан карданд. Онҳо дар ин ҷо баробари истироҳат кардан, вақти холиашон дар чорабиниҳои маданию маърифатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, азназаргузаронӣ-озмунҳои гуногун иштирок карда, истеъдодашонро намоён мекунанд. Баъди истироҳати бофароғат ба оғӯши падарону модаронашон солим бармегарданд.
– Аз ҷойҳои хушманзара ва табиати дилфиреби нотакрори ноҳияи Косонсой дар ҳайрат мондем. Аз мобайни истироҳатгоҳ оби Косонсой аз санг ба санг зада ҷорӣ мешавад. Ин як мӯъҷизаи табиат аст, – гуфт омӯзгор аз ноҳияи Қораӯзак Айнура Ҷумамуратова.
– Кормандони истироҳатгоҳи «Соҳил» моро бо хушу хурсандӣ пешвоз гирифтанд. Аз ин меҳмондӯстии косонсоиён хурсандиамон ҳадду канор надошт. Мо дар истироҳатгоҳ 15 рӯз истироҳат мекунем, – гуфт роҳбалади ҷавонон Зиёда Серсенбоева.
А. МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАМАНГОН.