Рӯзи 11-уми октябри соли равон таҳти сарварии Президентамон ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.
Дар он масъалаи иҷрои ҳатмии лоиҳаи умуммиллии «Макони сабз» низ муҳокима гардид. Вазифа гузошта шуд, ки дар Ӯзбекистон тирамоҳ 75 миллион ва дар оғози баҳори оянда 125 миллион бех ниҳоли дарахтони мевадеҳ ва манзаравӣ шинонда шавад. Дар асоси таҷрибаи соли гузашта аз 20 октябр то 1 декабр тадбири «40 рӯзи зарбдор» эълон гардид.
Аз нек – боғ
Таъкид кардан ҷоиз аст, ки барои ҷомаи амал пӯшидани ин иқдоми нек бояд ҳар корхона, ташкилот, муассиса ва шаҳрванди кишвар саҳми арзанда гузорад. Зеро бунёди боғу хиёбонҳо, майдонҳои сабз, инчунин, ободу зебо кардани минтақаҳои ватани азиз кори савоб асту анъанаи неки халқи мо. Ривояте ҳаст, он мефармояд, ки пирамарде машғули ниҳолшинонӣ буд. Шоҳзодаи кишвар, ҳангоми раҳгузар шудан ӯро диду луқма партофт, ки:
– Эй мӯйсафед, синнат ба ҷое расидааст, барои чӣ ниҳол сабз мекунӣ?
– Олампаноҳ, дигарон дарахт сабзонданд, мо хӯрдем, – мегӯяд боғбони пир, – акнун мо мекорем, то дигарон баҳра баранд.
Подшоҳ аз ин ҷавоб шод шуд ва ба хазинабон амр дод, ба пирамард мукофот диҳад.
– Ана, подшоҳи олам, дидед ва шоҳид шудед, – халтачаи тиллоро гирифта посух дод боғбон, – ниҳоли мо корида аллакай мева дод.
Ҳозирҷавобии мӯйсафед ба подшоҳ писанд омад ва ба хазинабон ишорат кард, вай боз як халтачаи тиллоро ба боғбон дод.
Подшоҳ фаҳмид, ки боғбон пирамарди зукко, донишманд аст ва фурсатро аз даст надода, ҳайратзада роҳашро идома дод.
Боиси хурсандист, ки дар байни мо низ шахсони фидокор, ташаббускор ва некандеш бисёранд, онҳо барои амалӣ гардидани тадбири «Макони сабз» саъй мекунанд. Яке аз чунин фидоиён, роҳбари ташкилоти ғайридавлатию ғайритиҷоратии «Самарқандро нигаҳдорӣ мекунем», журналисти табиатдӯст, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Самаркандский вестник» Анастасия Павленко мебошад, ки дар рӯзи таваллуди боғбони машҳури собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, асосгузори селексияи илмии растаниҳои меваҷот ва зироатҳои дигар Иван Мичурин – 27-уми октябр дар мавзеи Дуобаи қаторкӯҳҳои Зарафшон, воқеъ дар деҳаи хушҳавои Оҳалики боло ҳашари ниҳолшинониро ба роҳ монд. Дар он ғайр аз намояндагони ин ташкилоти ташаббускор, талабаҳои Донишгоҳи байналхалқии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим»–и Самарқанд ва пажӯҳишгоҳи илмӣ–тадқиқотии хоҷагии ҷангал, ки бо парваришу омӯзиши хусусиятҳои дарахти писта машғул аст, ширкат варзиданд.
Чаро лоиҳаи «Макони сабз» пурсамар аст?
Ҳоло дар тамоми дунё аз сабаби босуръат буридашудани бешазор ифлосшавии муҳити зист ва обу ҳаво мушоҳида мегардад. Он ба муаммои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тавре ки мутахассисон собит намуданд, барои бо ҳавои тоза қонеъ сохтани талаботи як шахс 27 дарахт лозим аст. Акнун тасаввур кунед, ки барои бо ҳавои тоза таъмин кардани аҳолии кишварҳое, ки миллион-миллион шаҳрванд доранд, чӣ қадар дарахт лозим мешавад.
Ин аст, ки сарвари кишвари мо дар ҳар як баромади худ ба масъалаи ҳифзи табиат ва бештар парвариш кардани дарахтҳои мевадеҳу манзаравӣ диққати махсус медиҳад.
«Бо орзую ҳавас ниҳолшинонӣ бояд ба маданияту одати халқ ва маҳаллаҳоямон табдил ёбад», таъкид кард сарвари давлат дар анҷумани видеоселекторӣ. Воқеан ниҳолшинонӣ, боғу хиёбонсозӣ, ободу фаровонии мамлакатро, бардавомии ҳаётро таъмин мекунад. Аз ҳама муҳимаш, дарахтҳо карбонатро фурӯ бурда, кислород истихроҷ мекунанд, ки барои мавҷудоти зинда хеле зарур аст. Боз як ҷиҳати фоидаовари рустаниҳо аз он иборат, ки онҳо обро сарфа ва хокро аз эрозия ҳимоя мекунанд.
Писта ва хосияти он
Қабл аз он, ки ҳашарчиён ба кӯҳсор рафта, боғи нав бунёд намоянд, барои онҳо дар Донишгоҳи байналхалқии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» суҳбати судманд ташкил гардид.
Ходими масъули Пажӯҳишгоҳи илмӣ–тадқиқотии хоҷагии ҷангали Тошканд Лазокат Азимова, ки солҳои тӯлонӣ бо парвариши дарахти писта машғул аст, маърӯза кард.
– Афсӯс, ки мо он неъмати бузургеро, ки табиат дар намуди писта додааст, қадр намекунем, – гуфт ӯ. – Ҳарчанд дар Ӯзбекистон шароит ва имконияти парвариши чунин рустании гаронбаҳо вуҷуд дорад. Масалан, дар шуъбаи такягоҳии Ғаллаороли вилояти Ҷиззах 30 намуди писта парвариш карда, мувофиқи талаби боғбонону фермерҳо ба тамоми минтақаҳои наздикӯҳии Ӯзбекистон ирсол мешавад. Аз ҷониби шабакаи экологии «Зов» дар ҳамкорӣ бо хазинаи CERF ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастури махсус таҳия гардид, ки он ба хоҳишмандони парвариши писта тақсим карда шуд. Бояд гуфт, ки писта аз оилаи татумиҳо аст. Ҳосилаш дар моҳи август ва сентябр мепазад. Пистазорҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон табиӣ буда, асосан дар кӯҳсор месабзанд. Решаи он лағҷиши адиру ёнаҳои кӯҳсорро нигоҳ медорад. Дарахти писта баъди панҷ сол ба ҳосил даромада, 200-300 сол, баъзан бештар умр мебинад. Аз ҳама муҳимаш, ба бисёр бемориҳо шифо буда, дар бозори ҷаҳонӣ арзиши баланд дорад. Ҳатто дар бозорҳои Самарқанду Тошканд як килои писта ба нархи 100-140 ҳазор сӯм фурухта мешавад.
Замоне дар кӯҳсори вилояти Самарқанд дарахти писта бисёр буд, вале мардум онҳоро барои сӯзишворӣ бераҳмона буриданд. Як қисми дигарро чорво, алалхусус бузу гӯсфандҳо нобуд карданд.
Ҳашари ҳаловатбахш
Баъди суҳбат бо олимону мутахассисони соҳа ҳашарчиён бо нақлиёт ба деҳаи хушҳавои Оҳалики болои ноҳияи Самарқанд раҳсипор шудаанд. Дар байни онҳо донишҷӯён аз Русия, Эрон, Малайзия, Тоҷикистон, Бангладеш, Ҳиндустон, Белорусия ва дигар кишварҳои ҷаҳон низ буданд. Ташкилотчиёни ҳашар кӯшиш карданд, ки сафари онҳо ба кӯҳсор фоидабахшу хотирнишин бошад.
Баъди бунёди боғи дӯстӣ дар кӯҳсор базми хосса, сурудхонӣ ба забонҳои гуногун ба вуқӯъ пайваст. Ҳозирон аҳду паймон карданд, ки дар чорчӯбаи тадбири «Макони сабз» дар деҳаҳои Миронқул, Оқсой, Амонқӯтан, Сазаған ва дигар гӯшаву канори вилояти Самарқанд барои бунёди боғу хиёбонҳо иштирок хоҳанд кард.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти
Самарқанд.