ПИЁДА БА ТОШКАНД ОМАДА БУД

Нависандаи ӯзбек Ҷонрид Абдуллохонов як вақтҳо зуд-зуд ба меҳмонии «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») меомад.

Оиди масъалаҳои илм, адабиёт, ҳунар бо ҷамоаи эҷодии рӯзнома, хусусан Муҳсин Умарзода ва Ҷонибек Қувноқ суҳбат меорост. Адиби халқи бародар ва тоҷику тоҷикзабононро чӣ ришта мепайваст?
Ӯву шодравон Муҳсин Умарзода ҳанӯз дар ҷавонӣ, овоне дар Дорулфунуни давлатии Осиёи Марказӣ (ҳоло ДМӮ) ҳамроҳ таҳсил мекарданд, аҳди бародарӣ баста буданд. 
Соли 1954 риштаи рӯзноманигории донишгоҳи зикршударо ба итмом расонданд. Муҳсинака дар рӯзномаи тоҷикӣ ба фаъолият пардохт, Ҷ. Абдуллохонов дар Институти ҷаҳонии адабиёт ба номи Горкий таҳсилро идома дод. Робитаҳо канда нашуданд. Баръакс, баъде Ҷонридака ба Тошканд баргашт, дӯстони айёми ҷавонӣ, бо амри  сарнавишт, боҷа шуданд – риштаи «хешутаборӣ» муносибатҳоро мустаҳкамтар сохт.
Ҷ. Абдуллохонов, ки бо сарредаксияи барномаҳои адабии радиои Ӯзбекистон ҳамкорӣ дошт, баъзан вориди шуъбаи тоҷикӣ мешуд. Дар ин даргоҳ бисёр шахсони муътабар кор кардаанд, мегуфт вай, ман низ дастпарвари радио ва бо аввалин муҳаррир ва барандаи шуъбаи тоҷикӣ Кибриё Қаҳҳорова пешу қафо ба кор омадаем. Ин зани донишманд ва хушсурат, ки дар ибтидо ба идораи радио бо либоси ҳарбӣ меомад, дар байни ходимон эҳтироми хосса дошт. Ҳабиб Аҳрорӣ ва Фотеҳ Ниёзӣ барин эҷодкорони номвари тоҷик дар ҷоннокшавии фаъолияти шуъба саҳм гирифтаанд. Расулхон Ҳодизода – адабиётшинос ва адиби машҳури тоҷик, айни замон дар шуъба кор карда, ба бисёр ҷӯяндагони  илм ва навниҳолони боғи адаб аз  ӯзбекон низ устодӣ намудааст. Номбаршудагон баъдтар ба Душанбе рафта ва ҳамон ҷо муқим шуданд, вале робитаи дӯстиро аз радиои мо ва дӯстони тошкандии худ билкул наканданд.
Қадамҳои аввали Ҷонридака ба идораи радио, айни замон, қобили таваҷҷӯҳ.
Асное ба ин даргоҳ роҳ ёфт, ҳамагӣ 14 сол дошт. Ҷанги хонумонсӯз давом мекард. Зимистон писараки сахт хунукхӯрдаро, ки беҷуръатона дари яке аз хонаҳоро кушод, муҳаррир ва барандаи идораи Садои ҷумҳурӣ Туйғуной Юнусхоҷаева гарм пазируфт ва ба ӯ назди печ ҷой  нишон дод: нишинед!
Писарак гуфт, намангонӣ аст, аз модарам Шаҳрибону, ки чун ҳамшираи тиббӣ ба фронт сафарбар шуда буд, хати сиёҳ омад, падарам Муҳиддин низ дар ҷанггоҳ ҳалок гашт, касам намонд, ба Тошканд омадам, ки хонам, куҷо рафтанамро намедонам.
Дар дили Туйғунойапа меҳри модарӣ ҷӯш зад, пиёлаи чойи гарм дароз намуд ва гуфт: «Кӯмак мекунем!»
Чун сухан аз Ҷонрид Абдуллохонов рафт, мегӯянд: «Адибе, ки дар бачагӣ пиёда ба Тошканд омадааст».
Бале, Ҷ. Абдуллохонов айёми ҷанг роҳи дурудароз ва ноҳамворро пиёда тай карда, аз Намангон ба пойтахт омада буд. 
Идораи радио, ҳамин тавр, ба ӯ гармоғӯши меҳр боз намуд. Шавқмандии писараки дидадароро ба адабиёт ҳис карда, шахсиятҳои маъруфе, ки ин ҷо фаъолият доштанд, маслиҳат ва ёрӣ дареғ надоштанд.
Дар ин ҷо вай ба Ҳамид Ғулом, Туроб Тӯла, Ҳаким Назир, Олим Усмон, Убай Бурҳон, Юнус Раҷабӣ, Имомҷон Икромов, Дадаалӣ Соатқулов, Қодир Махсумов барин ҷеҳраҳои намоёни адабиёт ва ҳунар аз наздик шинос шуд, истеъдодашро сайқал бахшид ва ба пайроҳаҳои эҷод қадамҳои нахустин гузошт.
Пештар одамон бештар радио гӯш мекарданд, мегуфт Ҷ. Абдуллохонов, радио мисле ҷузъи муҳим ва асосии рӯзгори маънавии халқ қарор дошт: вақте лашкари мо ба пирӯзӣ даст ёфт, баранда Ҳамид Ғуломов бо садои мутантан «Уруш тугади!» мегуфту ба чашмҳо ашк метохт, мардум бо шавқи гулӯгир ва хурсандии берун аз қиёс кӯдаквор аз ҷо ҷаҳида ва мехостанд карнаи радиоро бӯсанд. 
Ҷ. Абдуллохонов ба муносибати 75-солагии ташкилёбии радиои ҷумҳурӣ китобе таълиф намуд бо унвони «Ҳаёт абад васл айёмидир».
Он натиҷаи заҳмати чандинсолаи адиб буда, аз маводҳои таърихӣ ва хотирмон марбут ба радиои ҷумҳурӣ таркиб ёфтааст.
Номбурда чанд муддат дар Иттиҳодияи адибони ҷумҳурӣ низ фаъолият бурда ва мегуфт, он даргоҳ, ҳамчунин, бароям муқаддас аст. Шароф Рашидов нав раис таъин шуда ва мехост Ҷ. Абдуллохонов ба назди ӯ дарояд, вале милитсионер, бинобар паспорт надоштанаш, иҷозат намедод. Ҷ. Абдуллохонов ва Ш. Рашидов тасодуфан дар воридгоҳ рӯбарӯ шуданд. Ҷонридака гуфт паспорт надорад, намегузоранд ворид гардад. Ш. Рашидов аз киса 100 сӯм баровард ва ба милитсионер доду гуфт, дар паспортдоршавии ин ҷавон кӯмак кунад.
Ҳамин тавр, соҳиби паспорт шудам, гуфта буд Ҷонридака бо табассум.
5 ноябри соли 1956 ҳодисаи фараҳбахши фарҳанг – ташкилёбии телевизиони ҷумҳурӣ мутантан қайд гардиду Ш. Рашидов ба ин муносибат дар ҷаласаи бонуфуз халқро табрик кард. Дар ҷамъомад Ҷ. Абдуллохонов низ иштирок дошт ва чашм аз он шахсияти номдор, ки барояш некӣ карда буд, намеканд. Гумон дошт Рашидов ӯро фаромӯш сохта. Вале ин тавр набудааст. Баъди маҷлис ногоҳ сӯяш табассумкунии Рашидовро пай бурд. Одам, ки бисёр, бо душворӣ наздик шуданд. Рашидов аз болои одамон ҷонибаш даст дароз кард. Ҳаяҷони Ҷ. Абдуллохоновро интиҳо набуд.
Рӯзе Раҳмат Файзӣ ба вай расонд, «Шарофака «Йӯл»-и туро хондаанд, таъриф карданд». Рамз Бобоҷон гуфт, раис барои эҷоди романи «Йӯл» ташаккур гуфтанд. Хушхабари ин ду адиб ба Ҷ. Абдуллохонов мукофоти олӣ буд.
Дар давраи раисии Абдулло Қаҳҳор ба ташкилоти адибон Ҷ. Абдуллохонов ба он ҷо ҷалб гашт, чун мушовир хидмат намуд ва айни ҳол аз устодон таҷриба андӯхт. Маҳз он солҳо қиссаҳояш «Гулчеҳра», «Азизахон», «Қиссаи духтари қайсар» таълиф ёфтанд ва дар шакли китоб ба дасти хонанда расиданд. Баъдтар «Асарҳои мунтахаб»-и дуҷилдааш дар дӯконҳои китоб бисёр хоб накарда, дарҳол соҳиби худро ёфтанд ва адиб бо шавқи дил дарёфт, ки худфарсоияш дар роҳи эҷод бар абас нарафтааст – хонандаи худро дорад!
Ҷ. Абдуллохонов чун романнавис шуҳратёр буда, «Тӯфон», «Орият, «Борса келмас», «Хонадон», «Сӯиқасд» барин асарҳои калони эпикиаш дар адабиёти муосири ӯзбек мавқеъ доранд.
«Тӯфон» ба забони немисӣ тарҷума ва ба дарёфти мукофоти байналхалқии ба номи Ҳенрих Ҳейне (медали тилло ва дуюним ҳазор доллари амрикоӣ) сазовор гардид.
Адиб дар назм ва драма низ табъ озмуд, се песааш дар саҳнаи театрҳо намоиш дода шуданд. Ду маҷмӯааш ба тоҷикӣ тарҷума ва бо унвони «Се дона гул» ва «Суруди Зарафшон» аз чоп баромадаанд.
– Бо Муҳсинака чӣ тавр боҷа шудед? – пурсида будам.
Ба М. Умаров таваҷҷӯҳи калон зоҳир сохтанаш эҳсос мешуд. Ба ӯ нафақат ба ҳамсабақ, балки чун ба устод арзи эҳтиром дошт. Мегуфт Муҳсин ба ману Асил Рашидов, ки ҳамроҳ мехондем, аз адабиёт, шеърият ва бозии шоҳмот бисёр чизҳо омӯзондааст. Бо шарофати вай аз сеҳри сухан ва адабиёти дарӣ то андозае воқиф шудам. Маҳз бо тавсияи Муҳсин ба адабиёти Ғарб меҳр монда, ба осори  Балзак, Эмил Золя, Мопассан ва дигарон ошноӣ ҷустам.
Боре дар манзили Муҳсин, ки чанде пеш хонадор шуда буд, меҳмон шудам. Тушбера гузошт. Хӯрдам ва таъмаш дар даҳонам монд. Пазанда боҳунар будааст, гуфтам ман, кош ман низ хонуме медоштам, ин тавр, ба пухтупаз усто!
Хоҳарарӯси Муҳсин пухта будааст тушбераро.
Дӯстам гуфт, ӯро шинос мекунад. Мо 2 март шинос шудем, 8 март тӯйи хонадоршавиамон баргузор гашт...
Нависанда Ҷ. Абдуллохонов, ки 90-солагиаш қайд мегардад, бо ордени «Меҳнат шуҳрати» мукофотонида шуда буд.

М. ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: