ПИЗИШКИ ЗЕБОИШИНОС

Шуҳрат ҳангоми мактабхонӣ китоби дарсии биологияро аз даст намегузошт.

Шуҳрат ҳангоми мактабхонӣ китоби дарсии биологияро аз даст намегузошт. Ба хусус, «Одам ва саломатии ӯ» ҳамроҳи доимиаш буд. Барои ӯ донистани сохтори одам, ташаккули аъзо ва ҳаракатҳои баданӣ ва дар ниҳоят, зоҳиршавии симои инсонӣ хеле муҳим менамуд. Ӯ ҳангоми таҳсил дар синфҳои болоӣ одате пайдо кард, ки барои дигарон шигифтовар буд. Чун мешунид дар деҳа касе бемор шудааст, ҳамон замон ба манзили ӯ мешитофт. Ба духтур аз оғоз то поёни муоина ҳамроҳӣ мекард ва гӯё ёвари ӯ бошад, пеш аз худ дастёрӣ менамуд. Дар бисёр мавридҳо ҳамшира Шаҳодатбону санҷидани набзи бемор, фишори хун ва дигар амалҳои сабуки тиббиро низ ба ӯ мефармуд.  
Боре падараш Раҳмон ин ҳама кунҷковиҳо ва шавқу завқи писарро дида, аз ӯ пурсид:
– Писарам, мехоҳӣ духтур шавӣ?
– Оре, ин орзуи ман аст! 
– Бубин, ҳоло сахттарин ва нозуктарин касб духтурист, – насиҳатомез гуфта буд падар. – Агар хоҳӣ табиби хуб шавӣ, ба мисли Имомназарака ба дили мардум роҳ ёб, ба беморон ташхиси дуруст гузор, шабу рӯз беморатро аз ёд набарор ва ба монанди Ҷумъабойи Йӯлдош, ки сардухтури моҳир ҳастанд, илми дармону муолиҷаро ҳамаҷониба омӯз. 
Шуҳрат бо иштиёқу алоқаи бепоён ба пешаи духтурӣ, пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 30-и деҳаи Сойихурд ба факултаи фелдшерии коллеҷи тиббии шаҳри Навоӣ дохил шуд ва дар ин омӯзишгоҳ то соли 2003 таҳсил кард. 
Моҳи августи соли 2005. Натанҳо дар оилаи Субҳонзодаҳо, балки дар тамоми деҳистони Эҷ хурсандии мардум ҳадду канор надошт. Фарзанди пурталошу босаводашон Шуҳрати Раҳмон донишҷӯйи Академияи тиббии Тошканд гардид. Ӯ пас аз муддати мадид аз деҳаи байникӯҳӣ сеюмин нафаре буд, ки ба донишгоҳи тиббӣ дохил мешуд... 
Суҳбатеро, ки ҳафт сол пеш бо ин ҷавони ташнаи илм доштам, ҳеч гоҳ фаромӯш намекунам. Аз ӯ, ки ҳамроҳи ҳамдеҳагон ба меҳмонӣ омада буд, пурсидам: 
– Шуҳрат, ҳоло чӣ кор мекунӣ?
– Мехонам.
– Яъне чӣ, нӯҳ сол мегузарад, ҳанӯз донишгоҳро тамом накардаӣ?
– Э, устод, мо тамоми умр мехонем!
Дар воқеъ, танҳо духтурӣ пешаест, ки давраи тӯлонии омӯзишро фаро мегирад ва соҳибони ин касб, ба қавле, ҳар қадар бештар хонанд ҳамон қадар камтар медонанд. Шуҳрат Субҳонзода пас аз ҳафт соли омӯзиш факултаи «Педагогикаи тиббӣ»-и донишгоҳи Тошкандро бо ихтисоси «Дармонпизишк, пизишки амалиёти умумӣ, педагог» хатм намуда, ҳамон сол (2012) таҳсили худро дар Маркази илмию амалии тиббии пӯстшиносию бемориҳои омезишӣ (муқорибатӣ) ва зебоишиносии пӯст идома медиҳад. Ҷолиби қайд аст, ки маҳз пас аз хатми ин давраи донишу коромӯзӣ пурра фаъолияти худро дар самти ташхису дармони бемориҳои пӯст ва тибби бемориҳои омезишӣ давом медиҳад. 
Шуҳрат фаъолияти кории худро ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ оғоз намуда буд. Солҳои 2007-2008 ба унвони корманди мутавассити тиббӣ дар шуъбаи ҷонбахшии дармонгоҳи 3-юми бемориҳои сирояткунандаи ноҳияи Яккасаройи Тошканд кор мекунад ва он вақт пайваста навбатдори шабона буд. Пас аз хатми донишгоҳ ду сол ба унвони корманди гурӯҳи ёрии таъҷилии тиббии ноҳияи Учтеппаи Тошканд фаъолият менамояд.
Касе, ки сиришти пок ва ниҳоди нек дорад, пайваста талош мекунад дигарҳо низ ин гуна хислат дошта бошанд. Шуҳрат бо фаро гирифтани донишҳои тиббӣ ва алалхусус, пас аз рӯ овардан ба бахши мушаххаси пӯстшиносӣ, ба худ мақсад гузошт, ки ҳамеша барои зебо будану зебо мондани одамон талош хоҳад кард. Ӯ нахустин бор дар анҷумани шашуми коршиносони соҳаи тиб, ки 23-24-уми ноябри соли 2012 доир ба  бемориҳои пӯст, тибби бемориҳои омезишӣ ва зебоишиносии пӯст баргузор шуда буд, ҳамчун мутахассиси ҷавон фикру андешаҳои худро баён кардааст. 
Ҳамин тавр, моҳи феврали соли 2015 Шуҳрати пизишкро, ки дар соҳаи худ коршиноси ба чашм намоёне гардида буд, мудирияти дармонгоҳи марказии бисёрсоҳавии назди Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Учтеппаи Тошканд ба кор даъват менамояд. Ӯ дар ин ҷо то моҳи апрели соли 2018 ҳамчун сардухтури бемориҳои пӯст ва тибби бемориҳои омезишӣ кор мекунад. Он чиз қобили таваҷҷуҳ аст, ки Шуҳрат ҳамроҳ бо кори амалӣ ҳеч гоҳ аз омӯзиш даст намекашад. Чандин бор такмили ихтисос дар  Донишкадаи такмили ихтисоси пизишкон дар Тошканд, ба хусус, фарогирии курси «Пӯстшиносӣ ва тибби бемориҳои омезишӣ» дар шуъбаи тиббии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) дар Маскав ба афзудани дониш ва малакаи касбиаш мусоидат кардаанд.
Бешубҳа, шаҳри Тошканд маркази пешрафт ва тавсиаи ҳар гуна касбу кор аст. Дар ин ҷо коршиносони риштаҳои гуногун метавонанд аз имкониятҳои фаровон баҳраманд шуда рушду нумӯъ ёбанд. Вале Шуҳрат бо мурури замон, аз ин ҳама имконот даст мекашад. Ӯ пай мебарад, ки дар вилояти Навоӣ, ки зодгоҳаш аст, ба мутахассисоне мисли ӯ эҳтиёҷ бештар аст. Аз ин хотир, бо ҳадафи аз наздик ёрӣ расонидан ба мардуми ниёзманд ба шаҳри Навоӣ нақли макон мекунад. Ӯ аз аввали январи соли 2019 ҳамчун пизишки бемориҳои пӯст ва тибби бемориҳои омезишӣ дар дармонгоҳи раёсати корҳои дохилаи вилояти Навоӣ ва аз моҳи июни соли 2020 то ба ҳол ба унвони сардухтури бемориҳои пӯст ва зебоишиносии пӯст дар дармонгоҳи махсуси бемориҳои пӯсти шаҳри Навоӣ ифои вазифа менамояд.
Бояд гуфт, ки доир ба фаъолият ва дастовардҳои Шуҳрат Субҳонзода дар рӯзномаҳо чандин мақола ба табъ расидаанд, ӯ тавассути радио ва оинаи нилгун баромадҳо кардааст. Ба хусус, мулоқоти рӯзноманигорони телевизиони Навоӣ бо ӯ, ки дар арафаи соли нав ба амал омад, хеле пурмуҳтаво ва судовар буд. Дар ин вохӯрӣ Шуҳрат ба суханаш чунин ҳусни хотима бахшид: «Инсон агар бихоҳад, ки ҷавон бимонад, хушгилӣ ва симои зебои худро нигаҳ дорад, бояд ба таври доимӣ бо варзиш машғул шавад, тарзи ғизохӯриашро дуруст ба роҳ монад ва албатта, соатҳои кор ва истироҳати худро оқилона тартиб дода, ба онҳо доимо риоят намояд...»
Ҳоло Шуҳрат Субҳонзода дар соҳаи худ пизишки  тоифаи якум аст. 
1-2-юми апрели соли равон дар Тошканд Анҷумани илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Донишҳои шинохти пӯст ва ғуддашиносӣ» барои мутахассисони ин ришта баргузор шуд. Боиси ифтихор аст, ки Шуҳрат Субҳонзода низ дар ин анҷуман ширкат варзида, дар байни ҳамтоёни худ сазовори туҳфаи анҷуман – як даста китоби илмӣ гардид. Дар ин анҷуман Шуҳрат Субҳонзода бо доктори илми тиб, устоди пӯстшиносию тибби бемориҳои омезишӣ ва зебоишиносии пӯст дар Вазорати тандурустии Русия, профессори Донишгоҳи тиббии педиатрии Санкт-Петербург Денис Заславский аз наздик шинос шуда пояи дӯстӣ ниҳод. 

Юнуси ИМОМНАЗАР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: