ПЛАТФОРМАИ ТАЪЛИМИ БАРХАТ БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ БА КОР ШУРӮЪ КАРД

«Khan Academy Uzbek» — платформаи таълими бархат (онлайн) ба забони ӯзбекӣ (xanakademiyasi.uz) расман ба истифода даромад.

Таълими бархати мазкур, ки донишҳои байналхалқиро бинобар фанҳои зарурӣ дар худ фаро гирифтааст, ройгон мебошад.
Рӯзи 18 октябр дар Донишгоҳи Инхаи шаҳри Тошканд маросими муаррифии нахустин платформаи бархати мазкур ба забони ӯзбекӣ баргузор шуд. Дар чорабинӣ намояндагони як қатор вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатии воқеъ дар мамлакати мо, ширкатҳои хориҷиву маҳаллӣ, омӯзгорони фанҳои таълими умумӣ, донишомӯзони боиқтидор ширкат карданд.
Директори Агентии рушди  мактабҳои Президент, эҷод ва ихтисосонидашудаи назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сарвар Бобохӯҷаев, раиси шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонон Алишер Саъдуллоев ва дигарон таъкид намуданд, ки лоиҳаи мазкур, ки пеш аз санаи қайди ба забони ӯзбекӣ додани мақоми давлатӣ ба кор даромадааст, дар баробари дар низоми таълими мамлакат ифтитоҳ намудани саҳифаи нав барои ҷавононе, ки дар роҳи илм марраҳои хеле баландро пешбинӣ кардаанд, туҳфаи муносиб гардид.
Иштироккунандагон бо платформаи таълими бархат ба забони ӯзбекӣ аз наздик шинос шуданд.
Дар шабакаи глобалии «Khan Academy» платформаи бархати таълим мавҷуд. Он беш аз 10 ҳазор видеодарс ва зиёда аз 100 ҳазор машқҳои интерфаъоли мавзӯъбандишударо бинобар фанҳое мисли математика, физика, кимиё, биология, иқтисодиёт, сарфу наҳви забони англисӣ, тиббиёт, астрономия, молия, таърих фаро мегирад.
Бо мақсади он ки дар интернет норасоии маълумотҳои оиди фанҳо ба забони ӯзбекӣ бартараф карда шавад, як гурӯҳ фидоиёни ӯзбекистонӣ барои маҳаллисозии контенти платформа, яъне, ба забони ӯзбекӣ баргардондани он камари ҳиммат баста буданд. Аз байн ҳафт моҳ гузашта, ҷамоае, ки бо роҳбарии муаллифони лоиҳа Ботир Орифҷонов, Нигора Орифҷонова, Умед Ишмуҳаммедов ташкил гардида буд, бо ёрии ҳомиён, вазорату идораҳо ва созмонҳои дахлдори мамлакати мо барои офаридани академияи ӯзбекии «Хан» муваффақ шуд.
Бинобар таъкиди асосгузорони лоиҳаи «Khan Academy Uzbek» ҳафт моҳ барои амалӣ кардани ин гуна лоиҳаи калон хеле фурсати кӯтоҳ аст. Дар давоми ҳамин вақт 61 фоизи маълумотҳои «Академияи Хан» тарҷума гардида, 712-то дарси видеоӣ офарида шудааст.
Бинобар эътирофи мутахассисон платформаи таълими мазкур як қатор хусусиятҳо дорад. Якум, низоми барнома ба омӯзиши мукаммал такя мекунад. Идроки сунъии платформа барои мунтазам ривоҷ ёфтани дараҷаи дониши хонанда эътибор медиҳад. Дуюм, машғулиятҳо инфиродӣ карда шудаанд, имконияти донишгирии донишомӯз бо дарназардошти суръати қабулкунӣ, қобилият муҳайё  карда шудааст. Ба воситаи омори муфассал ва синфхонаи баръакс дараҷаи азхудкунии донишомӯзро донистан мумкин. Ҳамчунин, дар платформаи бархат аз рӯйихат нагузашта низ онро истифода бурдан мумкин аст.
Бинобар маълумотҳои пешниҳодшуда барои амалишавии лоиҳа беш аз 800 донор ширкат кардааст. Нақшаи сесолаи молиявии платформа ба 514 ҳазору 216 доллар баробар аст, айни замон 200 ҳазор доллари ин маблағ аз ҷониби ҳомиён пардохт гардидааст. Дар баробари ин, одами дилхоҳ метавонад лоиҳаи мазкурро дастгирӣ кунад.
Дар доираи чорабинӣ ҳомиёне, ки барои амалишавии «Khan Academy Uzbek» ёрӣ расонданд, тақдир гардиданд.

Малоҳат ҲУСАНОВА,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: