ПОДОШИ МЕҲНАТИ ҒАЛЛАКОРОН

Имсол дар вилояти Ҷиззах ба 104 ҳазор гектар ғалла коштанд.

Дар мавсими имсолаи дарави ғалла 328 комбайн дар майдонҳо ҷавлон мезананд. Дар ҳудуди вилоят ихтисор намудани заминҳои ҳосилнокиашон хеле паст имкон дод, ки як қатор ноҳияҳо супоришоти давлатии ғалларо ба иҷро расонанд.
— Ноҳияи Зафаробод ба давлат бояд 780 тонна дон супорад, – мегӯяд раиси шӯрои хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигии ноҳияи мазкур Қӯқон Халилов. — Аз хоҷагии фермерии Файзулло Хӯҷаев фермерон Эралӣ Гурбонов, Абдуҷаббор Амонов ба хирман ба ҷои 50 тонна сад тонна ғалла  рехта, супоришотро барзиёд иҷро намуданд. Барои барзиёд иҷро кардани супоришоти давлатӣ ба онҳо ҳокими вилоят туҳфаи Президент – мошини сабукравро  тантанавор супурд.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби ҷамъияти саҳҳомии «Автотеххизмат»-и вилоят  ба фермерҳои пешқадам  ҳамчун туҳфаи Сарвари давлат мошинҳои сабукрав тақдим карда мешавад. 
Баҳром Намозов (хоҷагии фермерии «Янги дала»-и ноҳияи Мирзочӯл), Ҳусан Раҳмонов (хоҷагии фермерии «Бекзод»-и ноҳияи Дӯстлик), Хидирбой Ҷӯраев, Тоир Тойлоқовҳо (аз Иттиҳоди аз об истифодабарандагони «Тараққиёт»-и ноҳияи Зарбдор) ба гирифтани мошинҳои сабукрав мушарраф гардиданд. Дар оилаҳои фермерони зиёд ба ин муносибат рӯзҳои тараб барпо мегардад. Вақти он расид, ки меҳнати деҳқонон, комбайнчиён ва дигар коркунони саҳро қадр ёбад, мегӯянд фермерон дар ҳоле ки калиди мошинҳоро аз дасти ҳокими вилоят Эргаш Солиев мегиранд. Ин ба он водор мекунад, ки боз ҳам бештар меҳнат кунанд, супоришоти давлатиро оид ба пахтасупорӣ ҳам сарбаландона ба иҷро расонанд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: